Нашрияи Омӯзгор

Озодандешӣ - даричае ба сӯи рӯшноӣ

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Дар адабиёти классикии форсу тоҷик ғояҳои инсонпарварӣ, меҳандӯстӣ, қаҳрамонӣ ва озодандешӣ ҷойи муҳим дорад. Аз сардафтари адабиёти классикӣ Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сар карда, то Аҳмади Дониш шоирон кӯшидаанд, то бо суханони пурҳикмат каломи хушобуранги образнок инсонро ситоиш намоянд, инсонеро, ки сарбаланду боғурур ва озодандешу бебок аст.

Аз ҷумла, Рӯдакӣ панд медиҳад, ки инсони соҳибдил ба зиндагӣ бо чашми дил, яъне, хиради азалӣ бояд бингарад. Дар ин роҳ зоҳирбинӣ ӯро ба мақсад нахоҳад расонд:

Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,

Ки чашми сари ту набинад ниҳон.

Дар рубоиёти ҳикматомези Абӯалӣ ибни Сино ин фикр бо тобишу  ифодаи дигаргунатар баён гардида, шоири закӣ парҳезу дурӣ ҷустан аз нафсро шарти муҳими инсон будан мешуморад:

Эй нафс, ки бастаи  ҳавову ҳавасӣ,

Маштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.

Дунё  маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ишва махар,

К-аз дӯст бароию ба душман бирасӣ.

Ғояи риндию бобокӣ ва афкори барозандаи инсони озодандеш дар ашъори Носири Хисраву Умари Хайём ва Ҳофизи Шерозӣ ба авҷи аълояш мерасад.

Ҳофизи Шерозӣ айни ҳамин фикрро дар як ғазали худ бо тарзу сабк ва шеваи вижаи худ изҳор медорад:

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,

Фалакро сақф бишкофему тарҳи дигар андозем.

Дар ашъори   Бедили Деҳлавӣ оҳангҳои сарафрохтагӣ, соҳибиродагӣ, бори миннати касеро накашидану алайҳи нотавонбинон садо баланд кардану дар муқобили онҳо сар кашидану муқовимат намудан нақши барҷаста дорад. Ӯ дар як ғазалаш ба  ҳамин мазмун мегӯяд:

Гар ба шамшерат биронанд аз адабгоҳи ниёз,

Ҳамчу хун аз захм, Бедил, бо лаби хандон баро!

Хулоса, дар эҷодиёти шоирони классики форсу тоҷик андешаҳои барозандаи интеллектуалӣ, ки ба саъю талош, заҳмату пайкор ва иродатмандию фарзонагӣ инсонро ҳидоят месозанд, ба таври фаровон мушоҳида карда мешавад.

Гулшан Нурова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш