Нашрияи Омӯзгор

Дурӯғ одамиро кунад шармсор

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Дар ҷараёни омӯзиш дар мактаб ба тарбияи ҳаматарафаи хонандагон диққати ҳамешагӣ дода мешавад. Яке аз самтҳои тарбия маҳкум кардани хислатҳои номатлуб ва коҳишбахши шахсият мебошад.

Хонандагон дар давоми рӯз танҳо дар муҳити мактаб қарор надоранд, дар муҳити хонадон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дар доираҳои дигар низ фаъолият менамоянд. Табиист, ки дар ҳар муҳит фазои маънавӣ гуногун аст ва наврасон аз онҳо таъсири гуногун мепазиранд. Дар чунин ҳолат нақши мактаб бештар муҳим мегардад ва ин ҷо бояд чун «табобатгоҳ»-е бошад, ки хонандагонро аз ҳар гуна «бемориҳои сироятӣ» эмин нигоҳ дорад, «табобат» бикунад. Мутахассисони соҳаи педагогика собит бинмудаанд, ки пайдоиши аксар хислатҳои номатлуб дар хонандагон мансуб ба муҳити носозгори хориҷ аз таълимгоҳ мебошад. Бар асари таъсири муҳити носолим дар наврасон, ки ҳанӯз маънаван устувору ташаккулёфта нестанд, ҳар гуна хислатҳои ношоиста, амсоли ғайбату таҳқирсозӣ, дашномгӯӣ, буздилӣ, худписандӣ, мағрурӣ, хабаркашӣ, иғвогарӣ, айбҷӯӣ… пайдо мешаванд. Яке аз хислатҳои номатлубу зиёноваре,  ки хонандагон бештар ба он гирифтор мешаванд ва муддати мадид аз қабзаи он гиребон раҳо карда наметавонанд, дурӯғгӯӣ мебошад. Метавон гуфт, ки дурӯғгӯӣ паҳншудатарин ва пурхавфтарин «беморӣ» байни наврасон маҳсуб меёбад. Агар он пешгирӣ ва «табобат» нашавад, ба одат табдил меёбад ва «одат чу қадим шавад, табиат гардад». Дурӯғгӯӣ ва дурӯғгӯён аз қадим боиси нороҳатию эътироз ва танқиди аҳли ҷомеа гардидаанд. Дар осори адибон низ ин одати номатлуб сахт мазаммат шудааст. Чунончи, Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар «Шоҳнома»-аш таваҷҷуҳи зиёд ба мавзӯи панду ҳикмат зоҳир кардааст, аз ҳамагон чунин даъват мекунад:

Забонро магардон ба гирди дурӯғ,

Чу хоҳӣ, ки тоҷи ту гирад фурӯғ.

Воқеан, дар эҷодиёти бапаҳнои ин шоири бузург дар мавридҳои зиёд одати дурӯғгӯии одамон сахт маҳкум мешавад. Орифи бузург ин одатро аз манфуртарин хислатҳои инсонҳо медонад ва дурӯғгӯёнро танқид намуда, онҳоро ба ислоҳ шудан, забонашонро олуда ва шахсияташонро доғдор накардан ҳидоят менамояд, чун дар байтҳои ҳикматбори зерин:

Ҳар он кас, ки ӯ пеша гирад дурӯғ,

Ситамгорае хонамаш бефурӯғ.

***

Касеро, ки бошад забони дурӯғ,

Чароғи дилашро набошад фурӯғ.

Оқибати дурӯғгӯӣ шармандагист, бори дурӯғгӯй каҷ аст, ба манзил намерасад. Аз ин дарди ҳарина барканор бояд буд. Саъдии Шерозӣ, ки муаллими ахлоқ дониста шудааст, мегӯяд:

Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,

Дурӯғ одамиро кунад шармсор.

Дар бораи танқиди дурӯғ ва дурӯғгӯён дар байни халқ низ ҳикмату андарзҳо ва мақолҳои зиёд мавҷуданд. Омӯзгоронро мебояд, ки бо истифода аз онҳо  ва бо корбасти воситаҳои дигар хонандагонро ба ростгӯиву ростқавлӣ ва олуда накардани забон даъват намоянду дар ниҳоди онҳо нисбат ба аъмоли ношоиста, аз ҷумла, дурӯғгӯӣ ҳисси нафрат  бипарваранд. Агар роҳбарони синфҳо як дарси тарбиявии худро бо шогирдон ба ин мавзӯъ бубахшанд, хеле манфиатбахш хоҳад буд.

Олмахон Аъзамова,

омӯзгори гурӯҳи тайёрӣ ба

мактаби муассисаи таҳсилоти миёнаи

 умумии №72, ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш