Нашрияи Омӯзгор

Маърифат омили наҷот аст

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Одам аз рӯзе, ки ба дунё арзи вуҷуд кард, ба озуқаворӣ ниёз пайдо намуд ва аз ҳамин рӯз ба табиат таъсир расонданро оғоз кард.

Ташаккули иҷтимоии таърихии инсон дар нимаи дувуми асри ХХ ва ибтидои асри ХХI ба масоиле бархӯрд намуд, ки пеш аз ҳама, ба тақдири инсоният ва мавҷудияти ӯ дар сайёраи Замин халал ворид менамояд.

Яке аз муҳимтарин масъалаҳои сохтори “табиат – ҷамъият” масъалаи экологист. Беҳуда академик В.И.Вернадский инкишофи тамаддунро бо бунёди ноосфера, яъне, дараҷаи нави биосфера ҳамбаста надонистааст.

Мафҳуми ноосфера аз ҷониби мутафаккирони франсавӣ Леруа ва Тейяр де Шарден дар асри ХХ, баъдтар дар таҳқиқоти барҷастаи В.И.Вернадский дар мавриди биосфера ҳамчун натиҷаи афкори илмӣ ба вуҷуд омадааст. Вернадский чунин меҳисобид, ки таъсири мутақобилаи инсон ва табиат бояд боақлона таҳия гардад. Вай чунин андеша дошт, ки ноосфера бо ташаккулёбии инсоният бояд оҳиста –оҳиста ҳудуди худро васеъ намуда, ба фазои кайҳонӣ ворид гардад ва сохтори махсуси аломатҳои онро таҳия созад.

Яке аз падидаҳои номуайяни он, ки таъсири калон ба биосфера мерасонад, истеҳсолоти саноатӣ мебошад, аз ҷумла, электростансияҳои гармдиҳӣ, истеҳсолоти металлургияи сиёҳ ва сафед, корхонаҳои кимиёӣ ва сементӣ. Айни замон тамоми истеҳсолоти саноати сайёраи мо дар як сол беш аз 1250 млн тон оксиди углерод, то 20 млн тонн окисли азот ва боқимондаҳои хлор, фтор, сулфур паҳн менамояд. Ҳамаи ин боиси баланд гардидани ҳарорат дар сайёра гардида, фазо ва обҳои табииро ифлос менамояд, қабати озонро вайрон месозанд ва бо боришҳои кислотагӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Хоҷагии қишлоқ дар навбати худ зарари зиёде ба табиат мерасонад. Ҳаҷми заминҳои корам муддати як сол дар хоҷагии қишлоқ истифодашаванда 3 ҳазор куб. км-ро дар бар мегирад, ки давраи сесола қабатҳои сантиметрии сиёҳи заминро, ки дар тӯли 300 сол ҷамъ оварда мешавад, ба нестӣ мерасонад. Авзои аз ҳама муташанниҷ дар уқёнусҳои ҷаҳон ба чашм мерасад, ки маҳсулоти нефт ва истеҳсолоти нефтӣ дар интиҳои асри ХХI 1/5-и ҳиссаи болои онро ташкил медиҳад, ки ин боиси бад гардидани ҳолати газ ва об дар байни гидросфера ва атмосфера мегардад.

Тибқи нишондодҳои олимон, инсоният дар айни замон муҳити сунъиро бунёд намудааст, ки оқибати фоҷеабор дорад. Инсоният оҳиста-оҳиста вазъи табиатро бад мегардонад, ки ин ба саломатии худи инсон ва давомнокии умри ӯ зарар дорад. Фаромӯш набояд кард, ки инсон ҳамчун ҷузъи табиат фақат дар табиат зиста метавонад.

Ҳоло масоили мубрами экологии давлатҳо ҷомеаи дунёро ба худ ҷалб намуда истодааст. Дар тамоми гӯшаю канорҳои дунё барои пешгирӣ намудани вазъи ногувор нисбат ба табиат, баҳри ҳимояи фазо, об ва замин аз боқимондаҳои истеҳсолӣ ва дигар таъсири фаъолияти инсонӣ, баҳри рушди ҳоҷагии қишлоқ бидуни зарар расонидан ба замин лоиҳа ва барномаҳои зиёде дар сатҳи ҳукумат баррасӣ гардидаанд.

Яъне, масъалаи экологӣ яке аз масъалаҳои глобалии дунё маҳсуб мегардад.

Падидаҳои асосии он дар айни замон маълум аст: ифлосгардии ҳаво, замин, обҳои нӯшокӣ, дар фазо ҷамъ гардидани газҳо, боронҳои кислотагӣ, вайрон гардидани қабати озон, ки аз таъсири радиатсияҳои кайҳонӣ ҳифз менамояд...

Инсоният кӯшиш намуда истодааст, ки аз ин вазъият берун ояд. Бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар ин самт бояд ҳатман масоили тафаккури экологии асри ХХI ва нақши он, вазифаҳои таъсирпазирии инсон ба дунё дар амалӣ намудани танзими иҷтимоӣ ҳангоми бунёди нақшаҳои ояндаро ба назар гирифт. Тафаккури экологӣ ин сатҳи дониш, фарҳанг, тарбияи шахс вобаста ба вазъу мушкилоти экологӣ мебошад.

...Дар тӯли зиндагии худ инсоният дучори ҳаводиси зиёди табиӣ ва иҷтимоӣ гардидааст. Вай ивазшавии иқлим, хушксолӣ, обхезӣ, зилзила ва бемориҳои сирояткунандаро бисёр аз сар гузаронидааст. Инсоният, ҳамчунин гардиш ва тағйироти зиёди замин ва бунёди иқтисодиро дидааст. Аммо тамоми мушкилоти инсон то асри ХХ якҷониба буда, маҳз пас аз асри ХХ махсусияти глобалиро пайдо намуд.

Лайло МАШРАБОВА,

омӯзгори биология


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш