Ҳафтаи гузашта дар мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб ҷаласаи сайёри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илм Нуриддин Саид баргузор шуд. Дар ҷаласа дар баробари дигар масъалаҳои соҳа раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон низ баррасӣ гардид.
Доир ба масъалаи мазкур муовини вазири маориф ва илм Сайфиддин Давлатзода иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар омода намудани мутахассисон барои илм ва иқтисоди миллии кишвар дар минтақаи Кӯлоб фаъолияти гус-турда доранд.
Дар ин радиф ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар омода намудани мутахассисони соҳибкасб, махсусан, равияҳои омӯзгорӣ саҳми босазо дорад. Санҷиш дар муассисаҳои мазкур нишон дод, ки аксари омӯзгорон дар раванди таълим бо силлабус, матни лексия, адабиёти таълимӣ каму беш таъмин бошанд ҳам, қайди мавзӯъҳои дарсӣ дар журналҳои гурӯҳӣ нигаронкунанда аст. На ҳама омӯзгорон бо маводи таълимӣ, аз ҷумла, матни лексияи чопи компютерӣ, барномаи таълимӣ (силлабус) дар сатҳи зарурӣ таъминанд ва илова бар ин, аксари онҳо дар раванди дарс аз воситаҳои иттилоотию иртиботӣ, тахтаи электронӣ ва видеопроектор истифода намекунанд.
Муовини вазир вобаста ба кадрҳои илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии минтақа зикр намуд, ки омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидошта дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (23,3%), Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб (24,0%), Донишгоҳи давлатии Данғара (17,1%) ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (23,8%) - ро ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳанда ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ нест. Гузашта аз ин, норасоии кадрӣ, хусусан, кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар сатҳи декан ва мудирони кафедраҳо ба назар мерасад. Масалан, 5 нафар дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва 2 нафар дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҷумлаи нафарони беунвони дараҷа ва унвони илмӣ ба ҳайси декани факулта, 4 нафар дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1 нафар дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, 2 нафар дар Донишгоҳи давлатии Данғара ва 1 нафар дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамчун мудири кафедра бе дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият доранд.
Раванди дифои рисолаҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ қонеъкунанда набуда, дар соли 2017 дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1 нафар рисолаи номзадӣ), Донишгоҳи давлатии Данғара (1 нафар рисолаи докторӣ ва 1 нафар рисолаи номзадӣ), Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара (1 нафар рисолаи номзадӣ) ҳимоя намуданд. Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ягон нафар рисолаи илмӣ ҳимоя накардааст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии минтақа ба истиснои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон вобаста ба татбиқи низоми таҳсилоти фосилавӣ камбудиҳои зиёд ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар минтақа ба сабаби дастрас набудани интернет ё марказҳои интернетӣ, на ҳамаи донишҷӯён имкони кор тавассути шабакаи интернет ва истифодаи интернетро дар маҳалли зист, ҳамчунин, барқарор намудани робитаро бо омӯзгор доранд, ки раванди таълим дар низоми мазкурро коста мегардонад. Аз рӯи нишондодҳо дар ҳафтаҳои таълимӣ ворид гардидани донишҷӯён ба барномаи фосилавӣ хеле кам мушоҳида мешавад. Аксари синфхонаҳои компютерӣ ба талаботи техникӣ чавобгӯ набуда, дар самараноку ҳадафгир гардидани низоми зикршуда мусоидат нахоҳад кард. Ҳамчунин, С. Давлатзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки на ҳамаи омӯзгорони муассисаҳои олии мазкур ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд.
Аз ин рӯ, роҳбарияти муассисаҳои олии минтақаро мебояд, ки бо мақсади таҳкими пояи моддӣ-техникӣ ва татбиқи техникаю технологияи муосири таълимӣ дар раванди таҳсилот пайваста чораҷӯӣ карда, ҷиҳати пайваст намудани тамоми сохторҳои донишгоҳ ба шабакаи дохилӣ ва шабакаи интернет мусоидат намоянд. Ҳамзамон, ҷиҳати ҷалби омӯзгорони унвони илмидошта ва фаъолияти корҳои илмию татқиқотии аспирантон ва докторантон амали таъхирнопазир андешанд.
Вобаста ба ин вазири маориф ва илм Нуриддин Саид қайд намуд, ки барои таъмин ва ташкили озмоишгоҳҳои таълимӣ бо асбобу таҷҳизоти нави замони муосир чораҳои қатъӣ андешида шавад, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот бо истифода аз роҳу усулҳои фаъоли таълим чораандешӣ намоянд, корҳои илмӣ-татқиқотии омӯзгорон, аспирантон ва докторон зери назорати доимӣ қарор гирад, тариқи ҳамкории тарафайн ба роҳ мондани табодули электронӣ байни китобхонаҳои электронии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чораандешӣ карда шавад, барои истифодаи омӯзгорон ва донишҷӯён тибқи низоми таҳсилоти фосилавӣ ташкили синфхонаи компютерии мутамарказ ба инобат гирифта шавад.
- Масъалаи ҳимояи рисолаҳои илмии номзадию докторӣ ва доктор PhD пурзӯр карда шавад. Дар давоми сол аз тарафи омӯзгорон чоп намудани ақаллан 1 ё 2 дас-турамали таълимӣ - методӣ, китобҳои дарсӣ ба манфиати кор хоҳад буд, - зикр кард дар охир вазири маориф ва илм Нуриддин Саид.
Ноилшоҳ Нурализода,
Насриддин Охунзода,
“Омӯзгор”,
Душанбе – Кӯлоб - Душанбе
Иловакунӣ
Иловакунии фикр