Дар иттиҳодияи методии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ тибқи нақша тарзи содатари ба хонандагон тавзеҳ бахшидани ин мавзӯъҳо бо истифода аз донишҳову андӯхтаҳои назариявӣ ва таҷрибаи педагогии омӯзгорону устодони варзида мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода мешавад.
Ҷамъомадҳои омӯзгорони иттиҳодияи методӣ дар синфҳои ибтидоӣ набояд рӯякию сатҳи гузаранд ва бо гуфтану шунидану бархостан анҷом напазиранд. Ҳар як мавзӯе, ки дар иттиҳодияи методии фаннӣ ба муҳокимаи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ гузошта мешавад, бояд ҷанбаи амалӣ дошта бошад. Яъне, омӯзгорон он масоили мубрамеро, ки ба беҳбуд бахшидан ба сифати таълиму тадрис иртиботманд мебошанд, дар машғулиятҳои ҳаррӯзаи худ бояд огоҳмандона истифода намоянд. Яке аз роҳҳои судманди ба таври шоиста ба роҳ мондани андӯхтаҳои назариявӣ, ки дар иттиҳодияи методии фаннӣ таҳлил ва баррасӣ мешаванд, дар дарсҳои ҳамдигар иштирок намудани омӯзгорон (хусусан, машғулиятҳое, ки омӯгорони ҷавон мегузаронанд) ба шумор меравад. Иштирок ба дарси якдигар ҳамчун табодули таҷрибаи омӯзгорон ба омӯхтани методу тарзҳои нави таълимӣ мусоидат хоҳад кард. Бояд ин таҷрибадорию омӯзишҳо ва дар умум, сатҳу сифати машғулиятҳои гузаронидаи омӯзгорон ба таври ҳатмӣ дар ҷамъомади иттиҳодияи методии фаннии синфҳои ибтидоӣ муҳокима, таҳлил ва натиҷагирӣ карда шавад. Дар зимн, нуқсу норасоиҳои дарсии омӯзгорон, ба хусус, омӯзгорони ҷавон ба онҳо тавзеҳ дода, роҳҳои бартараф намудани он камбудиҳо баён карда шаванд. Мавзӯъҳое, ки ҳар моҳ ба муҳокимаи омӯзгорони иттиҳодияи методии фаннӣ пешниҳод мегарданд, бояд бо дарсҳои омӯзгорон иртиботи зич дошта бошанд. Ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои методӣ ба худомӯзии омӯзгорон низ диққати ҷиддӣ зоҳир кардан зарур аст. Мазмун, омӯзгор танҳо ба маълумоти китобҳои дарсӣ маҳдуд нагардида, аз сарчашмаю адабиёти иловагии методию педагогӣ ба таври судманду мақсаднок истифода намояд.
Ҳанифа ЮСУФАЛИЕВА,
омӯзгори мактаби №15-и
ноҳияи Шаҳринав
Иловакунӣ
Иловакунии фикр