Охирҳои асри ХХ ва оғози асри ХХ1 дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултаи филология чунин анъанае роиҷ буд, ки моҳонаи устодони кафедраро аз хазинаи донишгоҳ як нафар узви кафедра гирифта меовард ва ба устодон тақсим менамуд.
То ба фаъолият шурӯъ кардани ман дар кафед-ра ин корро устоди азизу донишманд, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов сомон медод ва устодро баъзан «бача»-и кафед-ра низ ном мебурданд.
Моҳи сентябри соли 1996 фаъолиятамро дар факултаи филологияи донишгоҳ ба ҳайси танзимгари шуъбаи ғоибона шурӯъ намудам. Он вақтҳо мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ устоди зиндаёд, дотсент Ҷӯрахон Бақозода бовар карда, барои идома анъанаи овардани музди меҳнати устодони кафедра маро вазифадор намуд. Хушбахтона, ҳамин омил сабаб шуд, ки банда бо устоди некбин ва донишманди хайрандеш номзади илмҳои филология, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, раиси Шӯрои робитаҳо, тарҷума ва драматургияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дотсент, мудири кафедраи назария ва адабиёти навинии форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинзода шинос шавам.
Оид ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ, ҷамъиятӣ, адабиётшиносӣ, санъати суханварӣ, ҳунари роҳбарӣ ва корҳои эҷодии устод Муртазо Зайниддинзода чи дар матбуоти даврӣ ва чи аз тариқи сомонаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ аз ҷониби ҳаводорон, ихлосмандон, ҳамкорону ҳамкасбон, аҳли эҷод ва ҳамдеҳагонашон гуфтанду хоҳанд гуфт. Банда дар ин меҳрнома тасмим гирифтам, ки одамшиносӣ, қадршиносӣ ва дорои хислати некбинона будани устоди арҷманд Муртазо Зайниддинзодаро баён намоям. Замоне бо устод Муртазо Зайниддинзода шинос шудам, ки дар он солҳо дар шуъбаи таълими донишгоҳ ба ҳайси мудир фаъолият мекарданд.
Солҳо сипарӣ шуданд. Устод Муртазо Зайниддинзода бо амри тақдир ба Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор даъват шуданд. Аммо он самимияте, ки миёни мову устод буд кам не, балки боз ҳам мустаҳкамтар ва қавитар гардид. Ман бо дастгирӣ ва роҳнамоии устодон, академики АИ ҶТ, профессор Абдуҷаббор Раҳмонзода, академики АИ ҶТ, профессор Муҳаммадюсуф Имомзода, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Аламхон Кучарзода ва бародари азизам, доктори илмҳои биология Акобир Каримов ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудам.
Тақдир саҳифаи зиндагии маро чунин сиришта будааст, ки борҳо аз хизмати холисонаву беғаразонаи ин устоди донишманду некбин - Муртазо Зайниддинзода файзёб гардам.
Моҳи июли соли 1998 пеш аз ба рухсатии меҳнатӣ рафтани устодони кафедра зарурати тасдиқи мавзӯъ ва роҳбари илмии ман пеш омад. Ҳангоми тасдиқи мавзӯи рисолаи номзадӣ сари вақт ба кафедра ҳозир шуда натавонистам. Ва устоди зиндаёд, профессор Худойназар Асозода (рӯҳашон шод бошад) барои тасдиқ накардани номи мавзӯъ пофишорӣ мекунанд.
Устод Муртазо Зайниддинзода, ки дар маҷлис иштирок доштанд, таъкид мекунанд, ки “устодони муҳтарам, дуруст аст, ки ҳангоми тасдиқи мавзӯи илмӣ иштироки унвонҷӯ амри воқеист, вале мо набояд то ин андоза хӯрдагирӣ намоем. Сироҷиддин фарзанди ҳамин кафедраи худамон аст, дар пеши чашми худамон ба камол расид, корҳои курсиву рисолаи дипломиашро дар пеши чашми худамон ҳимоя кард, чи мешавад, ки имрӯз як бор гузашт намоем, мумкин аст, пагоҳ чун як нафар мутахассиси хуб ба воя расида, ҳам ба манфиати кафедра ва ҳам ба манфиати ҷомеа хизмат кунад”.
Мақсад аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки ҳамин назари нек ва дастгирии устод Муртазо Зайниддинзода ба мо барин шогирдонашон дар зиндагӣ рӯҳу илҳом бахшид.
Дар яке аз сомонаҳои иҷтимоии шабакаи интернетӣ хонда будам, ки “Ҳеҷ гоҳ аз ин ки дар зиндагиятон бо касе шинос шудед, афсӯс нахӯред. Чунки одамҳои хуб хотираи нек ва одамҳои бад дарси ибрат мешаванд”.
Хушбахтона, аз он ки бо устоди донишманду некбин, олими шинохта Муртазо Зайниддинзода шинос шудаму имрӯз дар як кафедра бо ҳам кору фаъолият мекунем, хушҳолам. Зеро саҳифаи зиндагӣ, рӯзгору осор, фаъолияти ҷамъиятии ин шахсияти эътирофгардидаи илму фарҳанг барои мо - ҷавонон дарси ибрат мебошад.
Эмомалӣ Сироҷиддин,
декани факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология
Иловакунӣ
Иловакунии фикр