Нашрияи Омӯзгор

Бозиҳои дидактикӣ ва тарбияи кӯдак

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 963        Шарҳ: 0

 

Бозиҳои дидактикӣ бештар ба иҷро гардидани вазифаҳои таълимӣ, яъне, ёд додан, омӯзонидан, азхудкунонии дониш, маҳорату малакаҳо ва мустаҳкам кардани онҳо равона карда мешаванд.

Хусусияҳои аввалини бозиҳои дидактикӣ аз номи онҳо бармеояд, яъне, таълим додан, омӯзонидан, азхуд кунонидан, ёддиҳӣ.

Хусусияти дигари бозиҳои дидактикӣ дар он зоҳир мешавад, ки таваҷҷуҳи кӯдакро барои иҷро намудани вазифаҳои таълиму тарбиявӣ ҷалб намекунанд. Ба кӯдак муҳим он аст, ки маҳорати ақлонию зеҳнӣ ва бозикунӣ нишон диҳад, ба натиҷаи муайян ноил шуда, миёни ҳамсолонаш дастболо гардад.

Бозиҳои дидактикии руйи-мизӣ истифода аз расмҳои ифодакунандаи мазмуни муайяни афсонаҳо, манзараҳои табиат  мебошад, ки хонандагони хурдсолро ба фикр кардан одат кунонида, пуртоқатиро меомӯзонанд.

Бозиҳои дидактикии даҳонӣ аз бозиҳо бо ашёи нашрии рӯйимизӣ фарқ доранд. Дар онҳо аёният истифода бурда намешавад ва омӯзгор ба донишу тасаввурот, фикрронии кӯдакони синни хурди томактабӣ такя менамояд. Дар таркиби ин бозиҳо қофиябозӣ, байтҳои навозишу дӯстдорӣ, шеърҳои ҳаҷман хурд вуҷуд доранд.

Бозиҳои дидактикии даҳо-ниро дар ҳамаи дарсҳо ва берун аз онҳо низ истифода бурдан мумкин аст. Махсусан, тартиб додани бозӣ-чистонҳо, чистон-тасвирҳо, дар шакли бозӣ тартиб додани ҷумла ва чистонёбӣ аҳамияти калон дорад. Чунин бозиҳо ба инкишофи тахайюлот, тафаккури мантиқӣ, нутқронӣ, ҳушёрию зиракии кӯдакон мадад мерасонанд. Вобаста ба мазмуни дарс омӯзгор метавонад чунин машғулиятро дар синфҳои ибтидоӣ бо бозии дидактикӣ оғоз намояд, шавқмандии кӯдаконро ба фаъолияти таълимӣ зиёд гардонад ва дар охири дарс онро ҳамчун воситаи мустаҳкам, васеъ ва аниқ намудани донишу тасаввурот, маҳорату малакаҳои кӯдакон ба кор барад. Ҳангоми берун аз машғулиятҳо шинос намудани хонандагон бо табиат, ҳодисаҳои табиат, ашёи гирду атроф, олоти меҳнат ва сайругашт низ бозиҳои дидактикиро истифода бурдан мумкин аст.

Бозиҳои дидактикӣ дар таркиби машғулиятҳо ва бозиҳои эҷодӣ мустақилона, пеш аз доир гаштани машғулиятҳо ва баъди онҳо гузаронида мешаванд.

 

Лола АВЕЗОВА,

муовини директори мактаби №24-и шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш