Омӯзгор одами хушбахт аст, зеро ба зиммаи вай тарбияи насли наврас вогузошта шудааст. Ҳар як шогирде, ки камол ёфта, фардо ба соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ машғул мешавад, баробари дидани устодони собиқи хеш даст ба сина гузошта, сари таъзим фуруд меорад.
Дар навбати худ омӯзгор аз дидани дидори дастпарваронаш рӯҳ мегирад. Мо, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, дар назди ҷамъият масъулияти калоне дорем. Зеро кӯдак аз канори гарму ошнои модар, ё аз оғӯши кӯдакистони азизи худ ба дасти мо меояд. Агар чунин гуфтан ҷоиз бошад, мо як мавҷуди нозукро ба ихтиёрамон мегирем.
Ва ҳамин кӯдакони масъуми нозук гулҳоеро мемонанд, ки парвардаи боғҳои гуногунанд. Хулқу атвор, рафтору кирдори хурдтаракон аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунанд. Маҳорати омӯзгор дар ҳамин бобат, яъне, дар шеваҳои муносибаташ бо талабагон зоҳир меёбад.
Хушмуомилагӣ, хушзабонии омӯзгор як тарафи кор аст. Омӯзгори хуб бо хонандагони ба назари аввал шӯху тундхӯ, танбалу бепарво низ хуб муносибат карда метавонад. Яъне, дар лаҳзаҳои душвор ҳам ҳиссиёти худро идора карда тавонистани омӯзгор зарур аст. Омӯзгор бояд дар назди талабааш ҳамеша забони дароз ва сари баланд дошта бошад, бояд доимо ҷустуҷӯ кунад.
Омӯзишу ҷустуҷӯ олами ботинии омӯзгорро ғанитар ва симои маънавии ӯро равшантар мекунад. Омӯзгори хуб ҳамеша барои баланд бардоштани савияи дониши худ мекӯшад. Роҳҳои беҳтари таълиму тарбияро ҷӯё мешавад, шахсияти хонандаро паст намезанад. Ҳамеша ва дар ҳама ҳолат ба вай бовар мекунад ва иззати нафси хонандагонро поймол намекунад.
Табиати бачагон бағоят нозук аст. Онҳо ҳар як рафтори дурусту нодурусти омӯзгорро зуд пай мебаранд. Чи хеле ки Н.А.Добролюбов мегӯяд: «Дили бача хеле нозук аст, дар муносибат бо ӯ эҳтиёт шудан лозим, то ки вайрон нашавад, нашиканад». Аммо ин гуфтаҳо маънои онро надорад, ки муаллим нисбат ба хонандагон серталаб набошад, баръакс, ба қавли А.С.Макаренко, ҳар қадар ки шахсро ҳурмат кунем, ҳамон қадар нисбат ба вай бояд серталаб бошем. Албатта, қобилият ва характери бачагон як хел нест. Дар ҳар як синф хонандагони қобилияташон гуногун таҳсил мекунанд. Омӯзгор бояд чун боғбони гулдаст ба навниҳолони боғи дониш бо эҳтиёт муносибат карда тавонанд, то ки онҳо хуб рушд кунанд. Ман борҳо мушоҳида намудаам, ки ба табиати ҳар як кӯдак ғамхорӣ ва навозиш хуш меояд. Вақти муносибат бояд психологияи хонандаро ба назар гирифт. Ду-се сухани хуб бачаро болу пар мебахшад.
Педагог ва нависандаи рус Л.Н.Толстой чунин навишта буд: «Сифати асосии муаллим бояд иборат аз он бошад, ки вай кори худро дӯст дорад, ба хонандаи худ муносибати хуб дошта бошад.
Агар муаллим ҳам кори худ ва ҳам хонандагони худро дӯст дорад, вай омӯзгори хуб шуда метавонад».
Бибиалиф Зармастова,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр