Нашрияи Омӯзгор

Муҳимтарин рукни инкишоф

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Ҷараёни таълимро ба сифати як система шинохтан мумкин аст, ки дарс аз унсурҳои муҳими он ба шумор меравад.

Дар асоси хусусиятҳои табиии инфиродӣ дар ҳар як фард системаи нуқтаи назар, тобеият, баҳодиҳӣ, мавқеи дохилӣ, муносибат бо ин ё он шахс, ҳодисаҳо ва далелҳои гуногуни ҳаётӣ мавҷуданд, ки аз дарс сарчашма мегиранд. Зеро инсон мавҷуди фаъол ва амалкунанда буда, аз таъсири муҳити иҷтимоӣ вобаста мебошад.

Барои беҳтару хубтар гузаштани дарс омӯзгор ҳолати психикии хонандагонро бояд омӯзад. Дар ҳолате ки хонандагон ба дарс шавқу мароқ зоҳир намекунанд, бояд методи дарсдиҳии худро дигаргун намуда, бо мисолу далелҳои боварбахш ба хонандагон дарсро фаҳмонад. Ин имкон медиҳад, ки хонандагон бо муаллим равобити устувор пайдо кунанд.

Муносибати муаллиму хонанда натанҳо дар вақти дарс, балки дар рафти машғулиятҳои амалӣ, қабули санҷишу имтиҳон такомул меёбад. Муаллимоне, ки кори худро бо виҷдон иҷро мекунанд, фаъолияти эҷодии худро сайқал медиҳанд, ба эътимоди хонандагон сазовор шуда метавонанд.

Маълум аст, ки чанде аз муаллимон бо хонандагон зуд унс мегиранд ва якдигарфаҳмӣ байни онҳо ба вуҷуд меояд, ки ин дар беҳтару хубтар гузаштани дарс саҳми калон мегузорад. Муаллими эҷодкор дар ин ҷода муваффақ хоҳад шуд.

Албатта, тарбияи мутахассиси соҳибтаҷриба аз қобилияту истеъдод, тарзи дарсгузарии муаллим вобастагии калон дорад. Зеро ҷараёни педагогӣ дар мактаб ягонагии таълим, тарбия ва инкишоф мебошад. Моҳияти он дар интиқоли таҷрибаи иҷтимоии калонсолон ва азбар намудани онҳо аз тарафи ҷавонон, таъсири тарафайни онҳо барои қонеъ кардани талаботи худи инсон ва умуман, ҷомеа таҷассум меёбад.

Психологияи фаъолияти маърифатӣ ба интихоби на танҳо мундариҷа, инчунин, методҳо, шаклҳои ташкилӣ ва воситаҳои таълимӣ вобастагии ногустанӣ дорад. Барои он ки мантиқ устувор гардад, таҳияи стратегияи таълим оид ба тамоми мавзӯъҳои барнома зарур аст.

Вақте муаллим сари масъалаи чӣ гуна ташкил кардани фаъолият оид ба омӯзиши ин ё он мавзӯъ фикр мекунад, чунин саволҳо пайдо мешаванд: кадом сикли дидактикии дарсҳоро интихоб бояд кард, ба кадом андоза иттиолоот дар як дарс коркард мешавад, чӣ гуна ва дар кадом маврид механизми робитаи мутақобиларо истифода кардан беҳтар аст?

Ҳамин тавр, ҳама гуна ҷараён, аз ҷумла, ҷараёни педагогӣ қонуният, марҳилаҳо ва ибтикороти муайянро дар бар мегирад. Ин тарзи корбарӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас аз ҳар як дарс омили боэътимод буда метавонад.

Манзура РАҲМАТУЛЛОЕВА,

омӯзгори мактаби №49,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш