Нашрияи Омӯзгор

Коромӯзӣ аз бозомӯзӣ сарчашма мегирад

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ (26.12.2018) қайд намудаанд: «Ҳамаи кормандони соҳаи маориф аз дастгоҳи вазорат ва сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар тамоми қаламрави кишвар ҳар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронида шаванд».

Ман ҳамчун як омӯзгори ҷавон муддати 12 сол мешавад, ки ба шогирдон аз фанни физика таълим медиҳам. Дар ин муддат дар баробари ташаккули ҳамешагии мақоми худомӯзӣ борҳо аз курсҳои такмили ихтисоси касбӣ гузашта, савияи маҳорату малакаи омӯзгории худро баланд бардоштам. Аз курси омӯзиши салоҳиятнокӣ ва тарзи тайёр кардани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ низ гузаштам. Новобаста ба ҳамаи ин омӯзишҳо тибқи нақшаи дурнамои шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон ба қарибӣ боз аз курси такмили ихтисос гузаштам.  Мо дар гурӯҳ 23 нафар омӯзгори фанни физика аз тамоми қаламрави вилояти Суғд ҷамъ омада будем. Ин курс, аввалан, омӯзиши усулҳои навини таълим бошад, сониян, як дидорбинии ҷомеаи маърифатии вилояти Суғд буд. Бо хушҳолӣ аз дидори ёру дӯстон, ҳамтабақу ҳамқаламу ҳамқадамон бо омӯзиши усулҳои нави салоҳиятнокӣ машғул шудем.

Роҳбари гурӯҳ, муаллими калони донишкадаи такмили ихтисос Анвар Орифов ба мо нозукиҳои таълимро омӯзониданд. Дар мизи мудавваре, ки ба мавзӯи «Роҳҳои ҳавасмандкунии хонандагон ба фанни физика» бахшида шуда буд, омӯзгорон аз таҷрибаҳои нав ба нав бо методу усулҳои дарсдиҳии хеш ибрози ақида намуданд. Хулоса, нуқтаҳои таҳлилии мизи мудаввар он буд, ки «Дониш дигар, дарс дигар аст ва онро ба хонанда додан дигар аст».

Дар рӯзи охири ҷамъбасти курси такмили ихтисос директори донишкада, номзади илмҳои биологӣ М.Исомиддинов курсро ҷамъбаст намуда, бо омӯзгорон ҳуҷҷатҳои хатмро супориданд.

Умед мекунем, ки ин курсҳо ҳамеша баргузор гарданд, омӯзгорон бо навигариҳои рушду нумӯи илми ҷаҳонӣ ва методу усулҳои нав ба нави таълими фанҳои ихтисосӣ шинос мегарданд.

Шамс Қурбонов,

омӯзгори физикаи гимназияи №2, шаҳри Бӯстон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш