Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-и шаҳри Хуҷанд ва мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни «Омӯзгорони ҷавони сол» баргузор гардид. Дар озмун омӯзгорони ҷавон аз 16 шаҳру навоҳии вилоят аз рӯйи шартҳои дарси намунавӣ, тартиб додани нақшаи дарсӣ, санҷиши дониши назариявӣ, мизи мудаввар, ҳолатҳои педагогӣ – равонӣ, кор бо компютер ва тахтаи электронӣ бо ҳам рақобат намуданд.
Омӯзгорони ҷавони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд (Муъминҷон Ибрагимов, омӯзгори литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон), Бобоҷон Ғафуров (Шаҳло Ҷӯраева, омӯзгори мактаби №10), Бӯстон (Надима Шоҳнасратова, омӯзгори мактаби №3), Исфара (Абдурасул Қаҳҳоров, омӯзгори мактаби №68), Конибодом (Гулмира Мирзозода, омӯзгори гимназияи №1), Деваштич (Саноат Турсунбоева, омӯзгори мактаби №51), Спитамен (Заррина Назирбобоева, омӯзгори мактаби №27), Панҷакент (Тоҷинисо Саидмуродзода, омӯзгори мактаби №3) қобилияти баланд нишон дода, ба гирифтани холҳои зиёд мушарраф гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли сеюм аст, ки бо мақсади ҳавасмандии омӯзгорони ҷавон ва дарёфти соҳисистеъдодҳо баргузор мегардад.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр