Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгор муваффақ мешавад, агар…

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 841        Шарҳ: 0

 

Ба қавли олими шинохта Маҳмадулло Лутфуллоев, дар касби педагогӣ чизи аз ҳама мураккаб ёфтани роҳ ба қалби кӯдакон аст.

Вале чун сухан дар бораи ҷузъи шахсияти обрӯю эътибор меравад, бояд оид ба як лаҳзаи муҳим андеша намоем. Суханони оқилонаи педагоги машҳури рус В.А.Сухомлинскийро дар бораи он ба хотир меорем, ки ба эҳтиром шахсе ҳақ дорад, ки дигаронро эҳтиром мекунад.

Ҳар одами калонсол хуб медонад, ки кӯдакон то чӣ андоза  муносибат кардан нисбат ба худро дарк мекунанд. То чӣ андоза аз хурдтарин зуҳуроти нобоварӣ ба суханони онҳо мутаассир мешаванд, то чӣ андоза ҳисси эътибори шахсиашон шадид аст. Омӯзгоре, ки ҳисси бартарии шахсиаш имкон намедиҳад дар симои ҳар талабаи  худ пеш аз ҳама, шахсиятро бинад, ғайр аз ранҷиш, оташинӣ, канораҷӯӣ, ҳатто душмании рӯирост чизи дигар ба даст намеорад. Дар бораи обрӯю эътибори шахсияти чунин омӯзгор сухан рондан бефоида аст. Худи ин омӯзгор низ барои ноил шудан ба муҳаббату эҳтироми кӯдакон ҷидду ҷаҳд нахоҳад кард, агар ақидаи онҳо дар борааш ҳеҷ қимате надошта бошад.

Баъзан омӯзгори пуртаҷ-рибаю босалоҳият низ наметавонад ноҳақ буданашро  дар назди талабаҳои худаш эътироф кунад. Худро водор сохта наметавонад, ки дар назди талабагон чун шахсиятҳои ба омӯзгор баробарҳуқуқ ҳисобот диҳад. Ҳамеша ва аз ҳама ҷиҳат мувофиқат кардану ҷавобгӯ будан бо он талаботе, ки мо нисбат ба кӯдакон пешниҳод мекунем, хеле душвор аст. Фосилаи синнусолӣ халал мерасонад, ҳамчунин, боиси аз даст додани обрӯю эътибор, баъзан тасаввуроти дурӯғин дар бораи он, ки нақши омӯзгор худ кафолати пойдор аз ҳар гуна иштибоҳот аст, садди роҳ мешавад. Вале агар омӯзгор ин монеаро бартараф карда тавонад, комёбии педагогӣ  низ зуд насиби ӯ мегардад.

Эҳтирому боварӣ ба мактабхон – унсурҳои муҳимтарини ҷузъи шахсияти обрӯю эътибори омӯзгор аст. Барои ба ин хулоса расидан ба таҳлили дақиқкоронаи низоми педагогии чунин омӯзгорон вақту кӯшиши зиёд сарф кардан лозим нест. Ин принсип асоси тамоми фаъолияти педагогии онҳоро ташкил мекунад ва айни замон, чӣ тавре ки мегӯянд, принсипи дастрастарин аст. Мумкин аст, маҳз  аз ҳамин сабаб бисёр омӯзгорони пайрави педагогҳои мазкур ба он аксаран таваҷҷуҳи зарурӣ намедиҳанд. Эҳтироми мутақобила шарти ҳатмии муносибатҳои обрӯмандии на танҳо низоми «педагог – талаба» маҳсуб мешавад. Дар муҳити наврасон низ обрӯю эътибори шахсиятӣ маҳз ба ҳамин асос меёбад.

Талабагон омӯзгорони хушлибос, озода, хушрафторро қадр мекунанд ва дӯст медоранд. Онҳо чунон бодиққатанд, ки аз мадди назарашон ҳеҷ чиз берун намемонад.

Беназокатӣ дар сару либос (тугмаи кандашуда, пойафзоли чиркин ва ғайра), мӯйи шона назадаи омӯзгор обрӯю эътибори ӯро паст мекунад. Агар омӯзгор аз паи худаш ва сару либосаш нашавад, дар синф интизом вайрон мешавад. Баробари ба синф ворид шудани омӯзгор талабаҳо ба луқмапартоиҳою пичир – пичир, хандаю истеҳзо сар мекунанд.

Яке аз сифатҳои мусбати омӯзгори хуб нутқи дуруст, фасеҳ ва ифоданок аст. Бояд мадди назар дошта бошем, ки хонандагон, махсусан талабагони синфҳои поёнӣ ба омӯзгоронашон тақлид мекунанд. Аз ин рӯ, кори омӯзгорон барои беҳтар намудани нутқи худ аҳамияти фавқулода калон касб менамояд.

Хушбинии педагогӣ сифати зарурии омӯзгори хуб ба шумор меравад. Дар чунин омӯзгор муносибати дилсӯзона ва ғамхорона нисбат ба кӯдакон бо серталабӣ тавъам мегардад. Аммо ин серталабӣ набояд ба хӯрдагирӣ табдил ёбад. Серталабӣ бояд, пеш аз ҳама, ба манфиати худи кӯдак бошад ва раванди педагогиро тақвият диҳад. Ҷавобан ба муносибати дилсӯзонаю ғамхорона кӯдакон низ дилбастагию меҳр зоҳир мекунанд.    

Омӯзгор бояд суботкору устувор ва то охир серталаб бошад. Таҳқир кардӣ – маъзарат хоҳ, ифлос кардӣ – ғундор, дарсат-ро азхуд накардӣ – баъди дарс истода азхуд кун. Аз талаба бо қатъият талаб кардан лозим аст, ӯро ба гап даровардан ё фиреб кардан лозим нест.

Касби педагогӣ аз омӯзгор мунтазам такмил додани дониш, маҳорату малакаҳои амалиро тақозо мекунад. Ҳаматарафа будани таваҷҷуҳ, завқу мароқ ва дониши омӯзгор шарти зарурии самаранокии фаъолияти педагогӣ ва кори ҷамъиятии ӯ мебошад. Агар донишу рушди умумии омӯзгор аз доираи маҳдуди фанни худаш набарояд, ин хеле бад аст. Аз ин ҳам аҳвол бадтар мешавад, агар дониши ӯ аз ҳаҷми китоби дарсӣ бештар набошад.

Одоби педагогӣ маҳорати дар ҳар маврид ёфта тавонистани усули дурусти педагогӣ мебошад.  Ин нукта ҳам ба кори таълим ва ҳам ба тарбия дахл дорад.

 

М.Турсунова,

мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, табиӣ - риёзии коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш