Нашрияи Омӯзгор

Довталабон аз минтақаи Рашт фаъол набуданд

Сана: 2018-05-18        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

12-13-уми майи соли равон дар литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ барои синфҳои 5-8 ва озмуни даставии «Spelling-Bee-2018» баргузор шуд.

Дар олимпиада 259 хонанда аз муассисаҳои таълимии вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Довталабон аз фанҳои физика, химия, математика, география, биология ва технологияи иттилоотӣ маҳорату дониши худро санҷиданд. Директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми кишвар Тоҷиннисо Маҳмадова иттилоъ дод, ки олимпиада барои синфҳои 5-8 аз фанҳои дақиқ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ бори аввал баргузор мегардад.

Соли сеюм аст, ки бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиши забони англисӣ ва омода намудани онҳо ба озмунҳои байналмилалӣ дар байни хонандагони синфҳои 5-7 мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқати ҷумҳрӣ озмуни «Spelling-Bee»  гузаронида мешавад. Дар озмуни мазкур аз 15 муассиса 75 хонанда иштирок намуданд.

Нурбахши Иномшо, хонандаи синфи 7-и мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 68 хол ҷойи севумро аз фанни физика соҳиб гашт ва ба омӯзгоронаш медали биринҷиро ҳадя мебарад. Хонандагони синфи 8-и литсейи «Ориёно»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Фаришта Танҷихолова (95 хол) ва Дилноза Имомназарова (91 хол) дар олимпиада аз фанни биология  иштирок карда, соҳиби ҷойи аввал гардиданд.

Директори мактаби Прези-дентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодигул Қонунзода пас аз анҷоми чорабинӣ иброз дошт, ки ҷараёни баргузории озмунро мушоҳида карда, ба натиҷае расидам, ки дар таълими фанҳои технологияи иттилоотӣ ва математика ба хонандагон дар муассисаи таълимии мо таваҷҷуҳи кам  зоҳир мешудааст. Аз ин рӯ, дар ин фанҳо хонандагони мо натиҷаҳои чашмрас надоштанд.

 Ҷовидон Атоев, узви ҳайати ҳакамон дар  озмуни «Spelling-Bee», муовини директор оид ба олимпиадаи литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодии шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки сатҳи омодагии довталабон дар қиёс бо солҳои пеш он қадар хуб набуд. Дар даври якум аз 75 иштирокдор 30 нафар аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гардиданд. Дар сурате, ки аъзои ҳакамон калимаҳои бисёр содаро интихоб карда буданд. Пешниҳод доштам, ки озмуни «Spelling-Bee» дар сатҳи ҷумҳуриявӣ низ  гузаронида шавад.

Зуфархон Мансуров, узви ҳайати ҳакамон, омӯзгори технологияи иттилоотии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар муассисаҳои таълимии кишвар барномаҳои гуногуни компютерӣ: Бейзик, Паскал ё Си-Плюс-Плюс омӯзонида мешавад, зеро барномаи ягонаи таълимӣ алъон надорем. Ҳар муассиса ба хонанда барномаи худашро меомӯзонад. Ин омил дар раванди олимпиада ба мо мушкилӣ пеш овард. Хонандагон дар компютерҳои дорои барномаи ягона натавонистанд, аз уҳдаи ҳалли мисолу масъалаҳо аз фанни технологияи иттилоотӣ бароянд. Дар олимпиада аз технологияи иттилоотӣ теъдоди ками духтарон-аз 30 хонанда 2 нафар духтар ширкат карданд, ки таассуфовар аст.  

Дар маросими ҷамъбастии олимпиада вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид иштирокдорону ғолибонро таб-рик гуфта, изҳор дошт, ки дар олимпиадаҳо навгониҳо ворид гардиданд. Соли аввал 20 дарсади супоришҳо берун аз барномаи таълимӣ буда, соли дувум 40 дарсадро ташкил медиҳанд, ки ба ҳамин минвол дар давоми панҷ сол саволу супоришҳои тестию хаттии олимпиадаҳо аз доираи барномаи таълимӣ пурра берун мешаванд. Ба ин нукта бояд омӯзгорону устодон диққат диҳанд. Дар чанд олимпиадаи гузашта минтақаи Рашт, хусусан, ноҳияҳои Сангвор, Лахш ва Роғун иштироки назаррас надоштанд.

Ҳамин тариқ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд бо 38 медал ҷойи аввал, шаҳри Душанбе бо 24 медал ҷойи дуюм ва вилояти Хатлон бо 24 медал ҷойи сеюмро  соҳиб гардиданд. Ҳамчунин, дар ҷамъбасти озмуни даставии «Spelling-Bee-2018» мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе бо 415 хол ҷойи аввал, мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо 320 хол ҷойи дуюм ва мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқати ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо 130 хол ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Ба ғолибон вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид медалу ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш