Нашрияи Омӯзгор

Мутахассисони касбӣ заруранд

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Бонки ҷаҳонӣ бо номи «Муҳоҷират ва фирори мағзҳо» чунин гузориш додааст, ки «ҳудуди 40 дарсади афроде, ки аз Тоҷикистон ба хориҷа муҳоҷират мекунанд, шахсони дорои маълумоти олӣ будаанд». Дар гузориши мазкур, инчунин, омадааст, ки «ҳамчунон самти муҳоҷират аз кишварҳои Осиёи Миёна дар ҳоли тағйир аст. Дар пасманзари рукуди иқтисодӣ ва рушди суст дар Россия даромади муҳоҷирон кам шудааст ва бисёре аз муҳоҷирон рӯ ба кишварҳои аврупоӣ овардаанд».

Аз ин гузориш бармеояд, ки «суръати рушди иқтисод дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Миёна имсол коҳиш ёфта, ҳамагӣ 1,8 дарсад-ро ташкил хоҳад дод. Соли 2018 ин кишварҳо шоҳиди рушди 3,2-дарсадӣ будаанд». Суст шудани суръати рушди иқтисод дар кишварҳои бузурге чун Россия ва Туркия боиси коҳиши рушди иқтисоди минтақа низ гардидааст.

Аз ҳамин лиҳоз, муҳоҷирон бештар рӯ ба сӯи кишварҳои аврупоӣ меоранд ва табиист, ки ин муҳоҷирати густарда дар кишварҳои ин минтақа мухолифонро низ ба миён оварданаш мумкин аст. Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин раванд ба кишварҳои аврупоӣ маслиҳат ва тавсия додааст, ки «барномаҳои кумак ба бекоронро бештар ва барномаҳои боло бурдани сатҳи тахассуси коргаронро ройгон ба роҳ монанд, то коргарони маҳаллӣ дар бозори меҳнат бо муҳоҷирон, ки аксаран сатҳи тахассуси поинтар доранд, вориди рақобат нашаванд».

Ҳамагон медонем, ки шароити душвори иқтисодӣ, мавҷуд набудани ҷойи кории доимӣ ва паст будани маош, мунтазам фаъолият накардани як қатор корхонаҳои бузург дар ҷумҳуриамон аксаран ҷавонон ва мардони қобилияти қувваи коридоштаро водор намудааст, ки ба Федератсияи Россия ва ё аз он ҷо ба кишварҳои аврупоӣ роҳи муҳоҷиратро пеш гиранд.

Мувофиқи гузориши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1-уми апрели соли 2019 андозаи миёнаи нафақа аз 170 то 310 сомониро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти ҷойдошта, дар кишвар маоши ҳадди ақал аз аввали соли 2019 ба 539 сомонӣ, маоши миёна 1350 сомонӣ ва маоши баланд ба бештар аз 3000 сомонӣ баробар аст» («Ҷавонони Тоҷикистон». №41, 2019).

Табиист, ки дар ҷумҳуриамон на ҳама соҳиби маоши миёнаву баланд мебошанд ва эшон маҷбур мешаванд, ки барои дарёфти маоши хуб ба дигар кишварҳо муҳоҷират намоянд. Дар қатори дигар муҳоҷирони тоҷик, инчунин, шахсони соҳибихтисос, хусусан, табибону омӯзгорон низ тавассути барномаи имтиёздори «Ҳамватан» ба Россия сафар менамоянд. Кӣ кафолат дода метавонад, ки ҷавонон ва ё мутахассисони ба Аврупо сафар карда ба гурӯҳҳои ифротиву тундрав ва ё ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил намешаванд? Шояд вазъи душвори иқтисодӣ онҳоро водор месозад, ки ба хотири пайдо кардани маблағи зарурӣ ночор ба ин гурӯҳҳо шомил шаванд?

Ин дар шароитест, ки ҷумҳуриамон ба мутахассисони арзанда басо ниёзманд буда, барои тайёр намудани онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат чӣ қадар маблағҳои ҳангуфт низ сарф гардидаанд.

Агар раванди муҳоҷирати неруҳои зеҳнӣ ба хориҷа идома кардан гирад, сол то сол сафи мутахассисону маълумоти олидоштагон дар ҷумҳуриамон кам мегардад, ки боиси ташвишу нигаронии ҷомеа шуданаш мумкин аст. Бояд дар сатҳи давлат ва ҳукумат тадбирҳое андешанд, ки мутахассисону шахсони соҳибмаълумот неруи зеҳнии худро дар Ватан, барои тараққӣ ва пешрафти он сарф кунанд ва онҳо мутахассисони ояндаро низ барои хоҷагии халқи кишвар омода намоянд.

Масъалаи тайёр намудани мутахассисони ватанӣ Сарвари давлатро низ ба ташвиш оварда, дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноати кишвар 14-уми октябри соли равон чунин гуфта буданд: «Таъкид месозам, ки сабаби асосии ба вуҷуд омадани бисёр масъалаву мушкилоти зикршудаи соҳа нарасидани кадрҳои баландихтисос мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки ба ин масъала эътибори ниҳоят ҷиддӣ дода шавад».

Моро лозим аст, ки дар навбати аввал ватанамонро ободу зебо гардонем, ҷойҳои кории доимоамалкунада таъсис диҳем, то шароити зис-ти мардум беҳтар шавад ва ҷаҳонбинию неруи зеҳниашон ҳам баландтар гардад, зеро шахси дорои ҷаҳонбинии баланд ба моҳияти Ватан, миллат, забон, фарҳанг ва умуман, дигар арзишҳои миллӣ хуб мерасад ва ин гуна хислатҳоро дар мафкураи дигарон низ ҷойгир месозад.

Раҷабалӣ Худоёрзода,

сардори Маркази таҳлилӣ-

иттилоотии ДДБ ба номи

Носири Хусрав


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш