Нашрияи Омӯзгор

Марҳалаи истилоҳот ва истилоҳсозӣ

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Баъд аз инқилоби Бухоро ва барқарор шудани сохти Шӯравӣ дар қаламрави он ва таъсис ёфтани ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон забони тоҷикӣ дар ин ҷумҳурӣ дар баробари забони ӯзбекӣ забони расмии давлатӣ эълон гардид. Ва ҳамин давра марҳилаи нави истифодаи забони тоҷикӣ (форсӣ) дар идораҳои давлатӣ шурӯъ гардид, ки то ба имрӯз идома дорад.

Ин давра дорои хусусият-ҳои хоси худ аст. То соли 1929, яъне, то иваз шудани алифбои арабӣ бо алифбои лотинӣ забони форсии тоҷикӣ пайванди мустаҳками худро бо давраи пеш аз инқилоб  нигоҳ дошта, инкишофи он хусусияти табиӣ дошт. Дар ин давра дар баробари ворид шудани калимаҳои русиву аврупоӣ дар забони тоҷикӣ истилоҳҳои наве пайдо шуданд. Аз қабили Шӯрои вазирон, ҷумҳурӣ, Ҷумҳурии мухтор ва ғайра. Ин истилоҳҳо мувофиқи меъёрҳои забони тоҷикӣ сохта шуда, характери табиӣ доштанд. Инчунин, калимаҳо ва истилоҳҳои русиву аврупоӣ, ки ба забони тоҷикӣ дохил мешуданд, ба меъёрҳои талаффузи забон, яъне, савтиёти он мувофиқ гардонда мешуданд (комитет-кумита, октябр - уктобир ва ғ.). Дар ин давра истилоҳсозӣ ба таври маълум сурат гирифта, барои ифодаи маъноҳои нав аз калимаҳои тоҷикиву арабӣ ба таври васеъ истифода мешуд, яъне, захираи бойи фонду таркиби луғавии забони тоҷикӣ пурра ба кор мерафт. Баъд аз қабули алифбои лотинӣ ва баъд аз чанде гузаштан ба алифбои кириллӣ (1940) дар забони тоҷикӣ калимаҳои русиву аврупоӣ зиёд шуд ва доираи истифодаи истилоҳҳои хоси забони тоҷикӣ хеле маҳдуд гардид. Дар ин давра истилоҳсозии забони тоҷикӣ ба монанди дигар забонҳои «халқҳои бародари советӣ» зери таъсири забони русӣ афтод. Таҳти фишори ҳамгунсозии он шурӯъ гардид. Дар рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (8.08.1936) «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» чоп шуд, ки он равиши баъди истилоҳсозиро дар забони тоҷикӣ муайян намуд. Дар ин «установка» қатъӣ талаб мешуд, ки ба муқобили ҳаргуна зуҳуроти «миллатчигии маҳаллӣ, буржуазӣ» ва ҳамчунин, ба муқобили майлу қасдҳои шовинизми олимақомӣ, ки терминҳои забони тоҷикиро ба терминҳои русӣ ва ё дигар забон иваз кардан мехоҳад, муборизаи қатъӣ бурда шавад. Вале дар асл ин установка ба дохил шудани калимаҳои русӣ - аврупоӣ роҳи васеъ кушод ва онро қонунӣ гардонид.

Баъд аз солҳои 60-ум оҳиста-оҳиста равияи эҳёи маданият ва рӯ овардан ба таърихи гузаштаи хеш оғоз гардид. Ин раванд ба принсипҳои истилоҳсозии забони тоҷикӣ низ бетаъсир намонд. Инро мо дар «Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ», ки соли 1971 ба шакли китобча чоп шудааст, дида метавонем. Ин китобчаро кормандони кумитаи истилоҳот, ки бо қарори Шӯрои вазирон моҳи июни соли 1960 дар назди Академияи илмҳо таъсис ёфта буд, таҳия ва чоп кардаанд. Дар моддаи аввали ин китобча омадааст: 1. «истифода кардани таркиби луғавӣ ва воситаҳои грамматикии забони тоҷикӣ, аз ҷумла ба таври васеъ ба кор бурдани калимаҳои тоҷикие, ки маънои он терминро пурра ифода мекунанд».

Махсусан, ин равиши онҳо дар соҳаи астрономия баръало маълум мешавад. Онҳо менависанд, ки «азбаски илми нуҷум дар Осиёи Миёна аз давраҳои қадим хеле равнақ дошт, терминҳои он на фақат дар байни олимони он давра хеле паҳн шуда буданд, балки шоирону нависандагони мо низ дар давоми асрҳо ҳам дар адабиёти классикӣ ва ҳам дар адабиёти советӣ ин терминҳоро бисёр кор фармудаанд. Инчунин, дар риштаи улуми иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ таҳиягарони «принсипҳо» ба баъзе ақибравиҳо роҳ доданд. Масалан, истифодаи бетағйири калимаи «совет» дар маъноҳои «совет», «совет- союза», «совет национальностей», «сельский совет». Охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90 дар таърихи фарҳангии тоҷик давраи таҳаввулоти фарҳанг маҳсуб мешавад. Дар ин давра дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дигаргуниҳое ба вуҷуд омадаанд, ки ҳар яки онҳо таҳқиқу баррасии амиқи сиёсӣ мехоҳанд. Бар асари бозсозиву ошкорбаёнӣ дар тамоми риштаҳои ҷомеа ва аз ҷумла, дар фарҳангу илм ҳам ҳақиқатнигорӣ, такя бар усулҳои ҳақиқатан илмӣ шурӯъ гардид. Равияи зинда кардани расму русуми қадима, анъанаҳои бостонӣ ва пос доштани осори гузаштагону ниёгони мо ба таҳкими нақши забони модарӣ дар омӯзишу парвариш ва корбарии ҳаррӯза оварда расонд. Натиҷаи ин бедордилӣ қабули қонун «Дар бораи забони давлатӣ» аз тарафи Шӯрои Олӣ гардид. Аввалин бор дар таърихи мардуми Осиёи Миёна миллати тоҷик, ҳукумати Тоҷикистон забони миллии худро забони давлатӣ эълон намуд. Азбаски забон яке аз рукнҳову нишонаҳои асосии давлатдорӣ мебошад, қабули қонун «Дар бораи забони давлатӣ»  қадами нахустин барои соҳиб шудан ба истиқлолият буд.

 

Барно Холова,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш