Нашрияи Омӯзгор

Қадамҳои эътимодбахш

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 815        Шарҳ: 0

 

 Аз фаъолияти ду коллеҷи тиббӣ

Ҳангоми сафари хизматӣ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи таълиму тарбия ва шароиту фаъолияти муассисаҳои таълимии миёнаи касбии шаҳри Бохтар ба коллеҷи тиббӣ ва коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ – иҷтимоӣ  рафтем.

Директори коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар Нуриддинзода Аскар Даврон пас аз шунидани матлаби мо  изҳори хушнудӣ  намуд. 

Бо хоҳиши ӯ тамоми дарсхонаҳои таълимӣ, синфхонаҳои озмоиширо, ки бо таҷҳизоти  тиббӣ, воситаҳои электронӣ таъмин гардида буданд,  инчунин, толорҳои варзишии зимистона ва китобхонаро як – як аз назар гузарондем.

Бояд гуфт, ки коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар фаъолияти хешро аз соли 1968 ҳамчун филиали омӯзишгоҳи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар чор шуъба ба роҳ монда, соли 1969 ба омӯзишгоҳи  тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа табдил дода шудааст. Ҳамин тавр, то соли 1999 дар омода намудани мутахассисони миёнаи тиб дар вилояти Хатлон саҳми муносиби худро гузоштааст. Минбаъд дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16. 03. 1999 ба муассисаи давлатии таълимии коллеҷи тиббии шаҳри қӯрғонтеппа  ном  иваз кард. Акнун соли дуюм аст,  коллеҷ ба бинои нав кӯчидааст, ки дорои беҳтарин шароити замонавӣ мебошад.

Айни замон коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар чор факулта – кори табобатӣ, момодоягӣ, ҳамширагӣ ва фарматсевтӣ, инчунин,  ҳафт шуъба ва як шуъбаи шабона амал намуда, мутахассисони соҳаи тибро тайёр менамояд. Ҳамзамон, дар коллеҷ ҳашт кафедра - кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ  ва табиӣ – риёзӣ, момодоягӣ ва бемориҳои занона, ҷарроҳӣ - кори ҳамширагӣ, тибби биологӣ, фарматсевтӣ, забонҳо, тибби оилавӣ ва амрози дохилӣ ва бемориҳои кӯдакона фаъолият мекунад.  Дар баробари ин, коллеҷ дар ёздаҳ шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон хоҳишмандонро бо ихтисоси ҳамшираи тиббӣ дар зарфи ду солу даҳ моҳ омода менамояд.         

- Мо дар коллеҷ  аввал ба давомот, баъд ба сифат, сониян, ба кадрҳои болаёқати омӯзгорӣ диққати  ҷиддӣ медиҳем. Инак, соли дуюм аст, ки ба таври пурра ба шакли таҳсили кредитӣ гузаштаем. Аллакай ин усул самараи нек дода истодааст. Дар синфхонаҳои озмоишӣ муҳассилин донишҳои назариявиашонро дар амалия ба таври мустақилона месанҷанд, - мегӯяд директор ва тавзеҳ медиҳад, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолиятамон ба масъалаи худомӯзии шогирдон низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда истодаем. Танҳо бо лексияи муаллим қонеъ гардидан ба мутахассисони соҳаи тиб ба  мақсад мувофиқ нест. Фикр мекунам, ки шогирди муассисаи тиббӣ (коллеҷ, донишгоҳу донишкадаи тиббӣ) бояд пайваста омӯзад. Андаке беэътинои табиб умри беморро  барбод хоҳад дод. Ба ҳамин хотир, омӯзиши пайваста зарур аст. Бар замми ин, соҳаи тиб хеле серпаҳлу буда, ҳамарӯза усулҳои табобат, роҳҳои муолиҷаи бемор кашф шуда, дар бемористонҳо ҷорӣ мегардад. Аз ин рӯ, худомӯзии толибилмонро ҳам бояд ба назар гирем. Дар ин замина, саводнокии омӯзгорони  соҳа низ дар мадди аввал қарор дорад. Мо онҳоро ба таври озмун ба кор қабул мекунем.

Бино ба гуфти директори коллеҷ, агар яке аз сабабҳои пешрафти кори онҳо муҳайё  кардани чунин шароит бошад, сабаби дигар ба масъалаи китобу китобдории  шогирдон ва устодони онҳо иртибот дорад. Чунонки директор иброз дошт,  тӯли фаъолияти коллеҷ аллакай теъдоди китобҳои  китобхона бештар аз бист ҳазор нусхаро ташкил додааст. Танҳо дар  соли хониши 2018 – 2019  бештар аз панҷ ҳазор нусха китоби таълимӣ  харида шудааст. Беш аз панҷсад китоби бадеӣ бо нархи ҳафт ҳазор сомонӣ ба китобхонаи коллеҷ ворид гардид. Ғайр аз ин, вобаста ба зарурат худи устодон китобу  дастурамалҳоро тайёр менамоянд, ки китоби курси лексияҳои «Биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика ва паразитология» (муаллифон М. Болтаев, А. Нуриддинов, Қ. Амиров, Г. Холова), «Тибби Шарқ» (вобаста  ба муолиҷаи бемориҳои дарунӣ), «Паталогияи умумӣ», «Кори ҳамширагӣ дар терапия», дастурҳои таълимию методии «Ҳуҷайра, таркиб, сохтор, тақсимшавӣ ва фаъолияти ҳаётии ҳуҷайра» (Г. Холова), «Анатомияи одам» (К. Назирова), «Биофизика» (К. Муйиддинов)     ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд. Коллеҷ дар робита ба  ин масъала бо  Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии  шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамкории зич дорад.

Барои ба таври шаффоф барпо кардани имтиҳонот дар коллеҷ  маркази тестии дохилӣ тавассути  сӣ адад компютер амал мекунад, ки натиҷаҳои хуб ба даст овардааст. Айни замон шароити таҳсил  бад нест, вале ба иттилои  директори муассиса, бояд ҳар як хонанда дар ихтиёри худ се курсӣ дошта бошад. Яке барои КМРО, дигар барои шунидани лексия ва сеюмӣ бо мақсади гузаронидани кори озмоишӣ.

- Боварӣ ҳаст, ки - мегӯяд директори коллеҷ Нуриддинзода  Аскар Даврон, - аз соли таҳсили оянда ба чунин усул мегузарем, зеро шароитҳо мавҷуд ҳастанд. 

Бино ба таъкиди роҳбари муассиса, дар коллеҷ ба таври мунтазам вобаста ба ҳама санаҳои таърихӣ вохӯриву мизҳои мудаввар барпо мегардад.

Як бартарии шогирдони ин даргоҳ аз он иборат аст, ки агар касе аз онҳо дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойи аввал гардад, бидуни имтиҳон ба курси дуюми ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино пазируфта мешавад. Агар ҷойи дуюмро ба даст орад, ба курси дуюми факултаи  кори табобатии ДМТ роҳ меёбад. Албатта, чунин ташаббус саривақтист, зеро барои донишандӯзии мукаммали хонандагони коллеҷ ва мутахассиси асил шудани онҳо   мусоидат менамояд. Иштироки шогирдон дар мусобиқаҳои варзишӣ низ чашмрас аст. Масалан, донишҷӯ Муродҷон Ҳамроқулов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба кикбоксинг, ки дар байни ҷавонони ҷумҳурӣ гузаронда шуд, иштирок намуда, дар вазни 65 килограмм сазовори ҷойи дуюм -  соҳиби медали нуқра ва дипломи дараҷаи дуюм гардид.

Дар муассисаи ғайридавлатии таълимии коллеҷи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Бохтар низ фаъолияти хонандагон мувофиқи талаби замон ба роҳ монда шудааст. Директори коллеҷ Муҳиддин Мӯсоев, ки таҷрибаи кории нуздаҳсола дорад, ба мо дар бораи комёбиҳо сухан гуфта, аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки талаботи аҳолӣ ба ин муассиса зиёд аст. Агар соли гузашта таълимгоҳ 427 шогирд дошта бошад, пас теъдоди  онҳо имсол 555 нафарро  ташкил дод, ки ҳама тавассути ММТ – и назди Президенти ҷумҳурӣ қабул гардидаанд. Муассиси коллеҷ,  соҳибкори муваффақ Муҳаммадзиё Асадуллозода буда, тамоми шароити зарурии таҳсилро муҳайё намудааст. Таҳсил ин ҷо низ мувофиқи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳафтод синфхонаи таълимӣ  камераҳои назоратӣ насб гардидааст. Беш аз ҳафтод нафар омӯзгор ба тадрис машғуланд, ки 63 нафарашон дорои маълумоти олӣ мебошанд. Яъне, дар масъалаи кадрҳо камбудӣ нест, аммо баҳри таълими фанни фармакологӣ мутахассис намерасад. Вале ин масъала ҳам ҳалшаванда аст, зеро ба гуфти директори коллеҷ, чунин мутахассис дар асоси озмун қабул карда мешавад. Ҳадаф омӯзондани фанни мазкур ба дараҷаи даркорист, зеро ин соҳа дар шароити ҷумҳурии мо басо манфиатманд аст. Ба он хотир, ки таркиби табобатии  гулу гиёҳ ва растаниҳои зиёди  шифобахши Тоҷикистон ҳоло ҳам ба таври зарурӣ омӯхта нашудааст. Омӯзиши ин фан дар дохили кишвар имкон медиҳад, ки бевосита аз маҳсулоти худӣ истифода бурда шаваду  рушди соҳаро пеш барем.       

Шодӣ РАҶАБЗОД,

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»

Душанбе – Бохтар – Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш