Нашрияи Омӯзгор

Худтарбияткунӣ омили муассир аст

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 861        Шарҳ: 0

 

Дар илми педагогика истилоҳи худтарбиякунӣ маъмул аст. Худтарбиякунӣ бо фаъолияти мустақилонаи шахс, бо азму ирода ва идроки ӯ иртиботи қавӣ дорад. Дар мактаб тарбиятгари асосӣ омӯзгор аст ва аз ин ҷост, ки гӯянд: «Ҳар кӣ аз парваранда ранҷ надид, Дар ҷаҳон ҷуз ғаму шиканҷ надид».

Омӯзгор ҳидоятгар, раҳнамо, маслиҳатдеҳ ва донишомӯзи шогирд аст ва мекӯшад, ки ҳар як хонанда, пеш аз ҳама, боодобу хушрафтор бошад, зеро ҳеҷ беадабе донишвар нахоҳад шуд. Аммо шогирди хуб танҳо бо тарбияи  волидон ва устодон  қонеъ намешавад, балки  худ ҳам меомӯзад, мекӯшад, ки  шахсияташро такмил бахшад, ба худ ҳар чӣ  бештар  рафтору кирдори  некро  қабул намояд. Барои ин ӯ  бояд дорои қобилияти  худтарбиякунӣ бошад. Ин гуна қобилиятро  дар шогирд боз ҳам  омӯзгор  ташаккул  мебахшад. Бояд ба он муваффақ  шуд, ки  хонанда маҳорату  малака ва хислату қобилияти  андешаву мулоҳиза ва хулосаву муқоиса карданро доро гардад. Шуурнокии  баланди  хонанда низ дар самти  худтарбиякунӣ нақши  муайян дорад. Омили  дигаре, ки ба таҳкими  қобилияти   худтарбиякунии  хонанда мусоидат  мекунад, масъулиятшиносӣ  ва дарки  мавқеи  худ дар ҷомеа мебошад. Ба ин маънӣ худтарбиякунӣ дар назди  худ ҳадафу мақсадҳои муайян  гузоштан, ба ҳар  воқеа бо чашми  ибрат нигарис-тан, аз рӯйдодҳои  зиндагӣ хулоса бардоштан, худ ба рафторҳои  худ омиру нозир будан  мебошад. Бошууронаву амиқбинона мушоҳида  кардани  рафтори одамон, гуфтугӯи  онҳо, рӯйдодҳои рӯзгор омилҳои  рушдбахши  худтарбиякунӣ дониста шудаанд. Ҳикмати  машҳурест: «Адаб аз кӣ омӯхтӣ? Аз беадабон». Яъне, чун шахс мебинад, ки  рафтори шахсе аз ҷониби дигарон  маҳкум шуд, беадабию густохӣ тавсиф гардид ва он шахс хиҷолатзада шуд, беихтиёр ба хулосае мерасад, ки  набояд чунин рафтор  намояд, аз ин гуна амал, ки  боиси  шармандагию  мазаммат мешавад, худдорӣ намояд. Албатта, шахсе ба чунин хулоса меояд, ки  қобилияти  худтарбиякунӣ дошта бошад. Ва ҳамин тавр ӯ хислатҳои  неки худро такмил мебахшад. Устод Рӯдакӣ фармудааст, ки «Замона, чун нигарӣ, сарбасар ҳама панд аст». Воқеан ҳам, аз муҳиту аз рӯзгорон, дар  сурати  бо чашми дил ва бо назари  маънибардор нигаристан метавон ҳикмати  зиёд бардошту дар тарбияти  худ истифода кард.

Ҷидду ҷаҳд барои ҳифзи  шаъну  эътибори  худу дӯстон ва ҳамсинфон,  ширкат  дар мусобиқаю озмунҳо, гаравидан ба танқиду худтарбиякунӣ ва монанди инҳо  ба рушди  тарбияти  шахсияти  худ мусоидат менамоянд. Манбаи дигари  такомули худтарбиякунӣ муҳити оила  мебошад. Агар волидон ба ҷои танбеҳу  таъна ва баъзан  тазйиқи  ҷисмонӣ  фарзандонро  бо саволу  таъкиди  «Магар ин рафторат дуруст аст? Худ қазоват бикун!» ба андешаву мулоҳиза кардан водоранд, ин гуна рафтор бештар муассиру  натиҷабахшу муфид хоҳад буд.

Самаранокии  худтарбия-кунӣ аз ҷониби  муҳаққиқони илми  педагогика борҳо баррасӣ ва исбот шудааст.

Раҳима Хушқадамова,

омӯзгори  синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш