Нашрияи Омӯзгор

Муассисаи томактабӣ – калиди тиллоии тарбия

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 817        Шарҳ: 0

 

Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар тарбияи фарзанд се ниҳод - волидон, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа бояд масъул бошанд.

Тарбияи кӯдакон аз оила сарчашма гирад ҳам, онҳо бояд аз тарбияи муассисаҳои томактабӣ берун намонанд. Зеро таълиму тарбия дар чунин муассисаҳо ин марҳилаи аввали омодагӣ ба мактаб мебошад.                                                                         

Равоншиносон иброз медоранд, ки кӯдакони синни 1,5 то 2-сола ба суханони нарму ширин ниёз доранд. Дар ширхоргоҳ - кӯдакистонҳо мураббиҳоро зарур аст, ки ба тифлакон бо калимаҳои шӯхиомезу забони ширин суҳбат карда, диққати онҳоро ба ҳар гуна бозичаҳои рангоранг ҷалб намоянд. Ҳатто, дар вақти нисфирӯзӣ бо лаҳни ширини кӯдакона хӯрок хӯронанд ё дар вақти хоби нисфирӯзӣ бо суруди «Алла» онҳоро хобонанд. Кӯдакони 3-сола дар ин давра бояд то 3000 калимаро пурра ва бурро талаффуз карда тавонанд. Мураббиҳоро зарур аст, ки дар омӯзиши калимаҳо ба кӯдакон бештар расму тасвирҳои рангоранги гуногунро истифода намоянд, зеро кӯдакон тасвирҳоро дида, зуд ба савол ҷавоб мегӯянд ва калимаҳои талаффузшударо аз худ мекунанд. Дар синни 4-5-солагӣ кӯдакон натанҳо ба суолҳо бурро ҷавоб мегӯянд, балки шеъру афсоначаҳои хурд-хурдро аз ёд мекунанд. Аслан, кӯдакон дар ҳама синну сол расмкаширо дӯст медоранд, бахусус, шавқу ҳаваси онҳо то 5-6-солагӣ хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. Онҳо барои расмкашӣ ҷойҳои ҳамворро интихоб карда, ҳатто болои тахтасангу рӯйи роҳҳои мумфаршшуда ва дару девор тасвирҳоро обу ранг медиҳанд. Ҳар гоҳе ба дасташон пластилин афтад, аз он зарфчаҳо, парандаву ҳайвонҳо, дарахту мошинча ва ҳар гуна асбоби рӯзгорро меофаранд. Дар 6-7 солагӣ кӯдакон бояд ба мактаб тайёр бошанд. Онҳо дар ин давра бояд дар муассисаҳои томактабӣ озодона қироат кардани шеър, дуруст донис-тани рақамҳои математикӣ ва ҳарфҳои китоби «Алифбо»-ро аз худ карда тавонанд.

Дар муассисаи мо дар баробари таълиму тарбияи кӯдакон аз рӯйи синну сол ва ҷадвали таълимӣ, инчунин, омӯзиши забони давлатӣ ба роҳ монда, дар як вақт ба омӯзиши забони русӣ низ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Мо кӯшиш дорем, ки кӯдакони муассисаи мо дар баробари донистани забони модарӣ, инчунин, забони русиро низ омӯзанд. 

Муассисаи томактабӣ бояд ба рӯйи тарбиятгирандагон роҳи омӯзиши васеъ ва саодати зиндагиро кушояд, зеро калиди тиллоии тарбия, ки решаҳои нозуктарини тарбия дар он аст, аз таълиму тарбияи кӯдакон оғоз мегардаду ба сӯйи худомӯзиву худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ мебарад.

 

Сафаргул ОДИНАЕВА,

мураббии  ширхоргоҳ - кӯдакистони  №84-и

шаҳри Душанбе                                   


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш