Нашрияи Омӯзгор

Сухан беҳтар аз ганҷи шоҳвор

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 877        Шарҳ: 0

 

“Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсиро бузургтарин ҳамосаи миллии тамоми давру замонҳо хондаанд,  зеро ин шоҳасар безавол аст ва ба гуфти худи шоир:

Биноҳои обод гардад хароб

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Яъне “Шоҳнома”-и бузурги Фирдавсӣ то ҷаҳон боқист, боқӣ хоҳад монд. Ин шоҳкори безаволи назм ганҷҳои шойгоне дар ниҳоди хеш ниҳон дорад. Дар “Шоҳнома”-и бузург  рафтори накуи инсонӣ, қаҳрамонии беҳамтои Рустам, Сиёвуш ва Суҳробу Исфандиёр васф ва тасвир гаштааст.

Ба адабиёти аҳди Сомонӣ чун амиқ мутаваҷҷеҳ ва назар меафканӣ, дармеёбӣ, ки шоирони ин аср бештар ба тавсифи сухан аҳамият додаанд.Танҳо дар  “Офариннома”-и  Абӯшакури Балхӣ беш аз 20 байт ба ситоиши сухан бахшида шудааст:

Сухан заҳру позаҳру гарм асту

сард,

Сухан талху ширину дармону дард.

Аз ин ҷост, ки дар “Шоҳнома” низ сухан ҷойгоҳи шоистаи худро дорад. Ва ҳаким Фирдавсӣ низ суханро дар рӯзгор ва ҷомеаи инсонӣ мақому манзалати баланд дода, ҳамвора василаи  асосии баёни эҳсосу андеша дониста, сухани некро ангезаи рӯҳи тоза ба инсон тавсиф мебахшад. Инсон метавонад танҳо ба шарофати муоширати шоиста одамияти худро нишон бидиҳад:

Сухан монад аз ту ҳаме ёдгор,

Суханро чунин хормоя мадор.

Сухан монад андар ҷаҳон ёдгор,

Сухан беҳтар аз гавҳари шоҳвор.

Ақлу заковати инсонро метавон аз тарзи суханронияш дарк намуд,  маърифату хиради инсон ба сухан гуфтани ӯ таъсиргузор мебошад. Бояд гуфт, ки ҷавҳар ва бунмояи “Шоҳнома”  ҳикмату хирад ва ватандӯстдорию футуввату ҷавонмардист. Ҳаким Фирдавсӣ ҳамеша таъкид бар он дорад, ки инсони суханвар пеш аз он ки сухан бикунад, бояд андеша намояд, оё сухане, ки мегӯяд, дархӯри дарди касе бошад?

Шоир дар робита ба ин  мавзӯъ мефармояд:

Сухан чун баробар шавад бо хирад,

Равони сароянда ромиш барад.

Ту чандон ки бошӣ, сухангӯй бош,

Хирадманд бошу накухӯй бош.

Ҳадафи байтҳои пандомези Фирдавсӣ тарбия ва маънавиёти инсон аст. Шоир таъкид мекунад, ки ҳаргиз сухани қабеҳу дуруштро набояд ба забон гирифт, сухан бояд нарму латифу ширину  шево бошад, то бар шунаванда таъсири хуб бирасонад, сухани дурушт ба инсон таъсири манфӣ мерасонад:

Дуруштӣ зи кас нашнавад, нарм гӯй,

Сухан, то тавонӣ, ба озарм гӯй.

Оре, таъсири сухан  ширинтар аз малҳаму тезтар аз шамшер аст, зеро сухан ба мағзи инсон асар намуда, дар як лаҳзаи кӯтоҳ метавонад инсонро ба қуллаи баланд бирасонад ва ё баръакс, ба хок яксон бикунад ва сухани беҳудаву ҳарза боиси сарфикандагӣ ва беобрӯ гаштани  гӯянда мегардад:

Касе  к - аз газофа сухан ронадо,

Дарахти балоро биҷунбонадо.

Ҳаким Фирдавсӣ дар асари безаволаш мақому манзалати суханро ситоиш намуда, таъкид  мекунад, ки танҳо сухани воло инсонро тарбия карда,ба сӯйи мақсуд мебарад.

 

Шарифа НИМАТОВА,

омӯзгори  мактаби № 93-и

ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш