Дар таърихи давлатдории тоҷикон 16 – ноябри соли 1994 ҳамчун санаи хуҷастаи таърихиву тақдирсози миллат ва оғози марҳилаи нави давлатсозиву давлатдорӣ бо ҳарфҳои заррин ҷовидонӣ сабт шудааст.
Маҳз дар ҳамин рӯзи муборак Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин бор ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қасами вафодорӣ ба халқу Ватан ёд карданд ва ба савганди ёдкардаи хеш содиқ монда, миллати тоҷикро аз парокандагиву сарзамини Тоҷикистонро аз хатари нестшавӣ раҳоӣ бахшиданд ва сипас, ҳама талошу кӯшиши худро барои рушду тараққии минбаъдаи кишвар ва зиндагии орому осудаи мардум равона карданд. Ба арсаи сиёсат омадани чунин шахсияти барҷаставу нотакрор бахти тоҷикон буд. Андешаҳои халқпарваронаи Президент дар лаҳзаҳои ҳассоситарини ҳаёташон низ эшонро тарк намекунанд. Шоҳидони ҳол гувоҳанд, ки ҳангоми сӯиқасди ноҷавонмардона ба ҷони Сарвари давлат дар шаҳри бостонии Хуҷанд аввалин сухани Президент аснои захмӣ шудан ин буд: «Халқ гуноҳ надорад. Ин кори қотилони зархарид аст».
Воқеан, Роҳбари муаззами Тоҷикистонро фидоии миллат метавон гуфт, ки худро миёни оташ андохт ва танҳо Ватан гуфт:
На сар гуфтам, на ҷон гуфтам, на по
гуфтам, на тан гуфтам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан
гуфтам, Ватан гуфтам.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заковати фитрӣ ва нури хирад ҳамчун бунёдгузори тафаккури навини давлатсозии миллӣ дар дили мардум маҳбубияти хос касб кардааст. Зеро шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ягонагӣ ва садоқат ба мардум, таваҷҷуҳ ба гузаштаи таърихии халқ асолати фарҳангиву маънавии миллӣ, ҳувият ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон пойдор гашта, дар ҷӯши ҳодисаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии замон шуҳрат пайдо намуд. Имрӯз ин Давлату Миллат ба муаррифӣ ниёз надорад, Тоҷикро ҷомеаи ҷаҳон, созмонҳои мутаъбартарину пешбари дунё чун миллате пазируфтаанд, ки дар заминаи тамаддуни оламгираш ва дар ҳамбастагии оқилонаву пурдилона бо қавму миллатҳои сокини кишвараш роҳи созандагиро пеш гирифт. Сиёсати сулҳофарини Тоҷикистон таҳти роҳбарии сиёсатмадори тавоно, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби омӯзиш барои ҷаҳониён аст. Нуфузу эътибори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати ҷаҳон иртиботи ногусастанӣ ба сиёсати сулҳофару ваҳдатсароӣ дорад.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барҳақ таъкид кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ пойдор аст…Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест, барои бисёр халқҳову мамолики дигар».
Имрӯз мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун наҷотбахши давлату миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактабдории муосири миллӣ эътироф намуда, ба ҷойгаҳи Пешвои миллат расидани ӯро ба ҷону дил пазируфтаанд.
Аз ин рӯ, ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ҷашнҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ тантанаи сулҳу осудагӣ ва ҳамдастиву ҳамдилист, ҷашни нуру сафо, меҳру вафо, созандагиву бунёдкориҳо ва эҷоду эъҷозҳои тоза ба тоза дар роҳи расидан ба ормонҳои бузурги миллист.
Ҳабиба СОЛИЕВА,
омӯзгори коллеҷи ҷумҳуриявии
рассомии ба номи М.Олимов
Иловакунӣ
Иловакунии фикр