Дар толори Пажӯҳиш-гоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши маориф дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» баргузор гардид. Сараввал, иштирокдорони семинар аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки аз тарафи муассисаҳои таълимии ноҳияи Рӯдакӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд. Дар расми ифтитоҳи семинар директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Хуршед Зиёӣ эълон шудани соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ амалӣ саривақтӣ донист. Ӯ қайд кард, ки соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рушду пешрафти бахши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми калон дорад. Пасон, маърӯзаҳои иштирокдорони семинар-устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дар мавзӯъҳои «Хусусиятҳои географии рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Имкониятҳои рушди сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон», «Нақши маориф дар рушди сайёҳӣ» ва «Имкониятҳои рушди намудҳои гуногуни фаъолияти сайёҳӣ дар Тоҷикистон» шунида шуд.
Дилафрӯз қурбонӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр