Нашрияи Омӯзгор

Пешвои пешбар ва некахтар

Сана: 2019-11-14        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент мансаби аз ҳама баланд ва олист. Дар ин мансаб ҳар шаҳрванди кишвар, ки нишондодҳои зиндагияш ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифате надошта бошад, интихоб шуда метавонад. Президенти Тоҷикистон ба воситаи раъйпурсии умумихалқӣ дар кишвар интихоб мешавад ва аз ин рӯ, ифодагари ҳуқуқу манфиатҳои ҳамагон мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳар гуна мансаб ҳамон вақт эътиборманду пурифтихор мешавад, ки соҳибмансаб шахси арзанда, масъулиятшинос, шарафманд ва халқпарвар бошад. Ба ин маънӣ, бузургонамон хеле барҷаста ва барҳақ гуфтаанд:

На ба мансаб бувад баландии мард,

Балки мансаб бувад ба мард баланд.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаву миллатдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуфузу эътибори мансаби олии Президент боз ҳам боло рафт. Президенти муҳтарами мо дигар болотар аз мансаби худ қарор доранд, зеро ба волотарин мукофот-ҳурмату эҳтирому эътиқоди самимии мардум сазовор гардидаанд. Бо азму иродаи халқ ба Сарвари кишварамон унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Президенти арҷманди мо дар ҳама гуна ҳолату вазъият ҳамеша бо халқи азизи худ буданд ва манфиатҳои мардумро ҳимоя мекарданд, баҳри дифои халқу миллат борҳо ҷон ба каф гирифта, бо мухолифин мардона рӯ ба рӯ шудаву ононро ба адлу инсоф, хайрхоҳиву миллатдӯстӣ ва эҳтироми халқу кишвар даъват кардаанд.

Корҳое, ки махсусан, дар солҳои  90-уми асри гузашта Президенти ҷумҳурӣ ба сомон расонданд, воқеаи ҳам, қаҳрамонист. Танҳо ҷонфидои миллат метавонад  ба чунин амалҳои пурзаҳмат ба манфиати халқу Ватан даст бизанад ва комёб бошад. Сиёсати сулҳдӯстонаву сулҳпарастонаи Сарвари кишвари мо дар  арсаи ҷаҳон камназир дониста шудааст. Он солҳост, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии башардӯст омӯхтаву тарғиб  карда мешавад. Президенти муҳтарами мо боз ҳам бо азму иродати халқи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат эътироф шудаанд. Сарвари  кишварамон бо тамоми ҳастӣ бо халқи худ, бо марзу буми худ пайванданд ва шоире барҳақ гуфтааст:

Ҷон Ватан гуфту Ватан гуфту Ватан,

Бо Ватан ҷону ҷигар шуд Пешво.

Бо ибтикороти халқпарваронаи Президенти ҷумҳурӣ кишварамон ба истиқлолияти энергетикӣ расид, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва яке аз кишварҳои ободи Шарқ гардид.

Заҳмату азму ирода ва талошҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби барҷастатарин шахсиятҳои ҷаҳонӣ, сиёсатмадорони варзида эътироф ва ситоиш шудааст, ки мо, тоҷикон, аз ин ифтихормандем.

Бидуни шубҳае, Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии Пешвои муаззамаш дар оянда  бештар дурахшон ва ободу зебо хоҳад гашт.

 

Шамшод Қурбонбекова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш