Нашрияи Омӯзгор

Озмуни «Забон – пояи миллат» ҷамъбаст шуд

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҷаласаи тантанавӣ баргузор гаридид, ки онро раиси кумита, доктори илмҳои филологӣ Гавҳар Шарофзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Мавсуф дар хусуси фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.  Номбурда иброз намуд, ки бахшида ба 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Забон – пояи миллат” эълон гардида буд, ки дар ин рӯз ҷамъбаст мегардад. Ба суроғаи кумита аз муаллифону муҳаққиқони варзида, адибону навқаламон маводи зиёде ворид гардид, ки нишони таваҷҷуҳи соҳибзабонон ба рушду нумӯи забони давлатӣ мебошад. Ҳамин тавр, аз рӯи номинатсияи “Мақолаи беҳтарини илмӣ-оммавӣ” нависанда Садриддин Ҳасанзода, аз рӯи номинатсияи “Мақолаи беҳтарин” муҳаққиқи шинохта Мирзо Ҳасани Султон, аз рӯи номинатсияи “Шеъри беҳтарин” шоири шинохта Рустами Ваҳҳоб, аз рӯи номинатсияи “Иншои беҳтарин” хонанда Манижа ғолиб дониста шуданд.

Дигар иштирокчиёни фаъоли озмун - Абдубосит Нуралиев, Нуриддини Амриддин, Муҳаммадалии  Саидмурод, Ҳакималӣ Назаралӣ бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ гаштанд.

                                                                                                     

Акбар АБДУСАМАДОВ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш