Тоҷикону ӯзбекон садсолаҳост, ки чун ду халқи дӯсту бародар дар як минтақа зиндагиву фаъолият доранд. Муштаракоти зиёди динию фарҳангӣ ва равобити илмиву адабӣ дар байни ин ду миллат асрҳо боз ҷараён дошта, ин омилҳо имрӯз низ дӯстиву бародарии ин ду миллатро боз ҳам мустаҳкамтар менамоянд.
Ҳамкориҳои мутақобилаву судманди байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон боиси эътиқоду эътимод ба ҳамдигар гардида, ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми ду кишвар ва калиди таъмини сулҳу субот, амният ва рушди устувор дар дохили ҳар ду давлат ва минтақа мебошанд.
Ногуфта намонад, ки дар байни кишварҳои Осиёи Миёна танҳо дар миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон таи чанд соли охир низоми раводид ҷорӣ шуда буд. Мардуми ин ду кишвари дӯсту бародар, ки бо ҳамдигар алоқаи хешутаборӣ доранд, наметавонистанд, ки бо ҳудуди ҳамдигар озодона равуо намоянд. Аз 1-уми марти соли 2018 даҳ гузаргоҳи сарҳадии миёни ин давлатҳо боз гардид.
Хушбахтона, зимни вохӯрии Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки дар нимаи аввали моҳи марти соли равон сурат гирифт, бо таъкиди аҳамияти хоса доштани татбиқи ҳамаҷонибаи маҷмӯи имконоти нақлиётӣ – коммуникатсионӣ ва иқтидори транзитии ҳар ду кишвар ба мақомоти дахлдори давлатҳо дастур дода шуд, ки ҳамкориро дар соҳаи алоқаи нақлиётӣ фаъол гардонанд ва барқарор намудани роҳҳои мавҷуда, тарҳрезӣ намудани роҳҳои нави транзитии автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавоиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳанд. Зеро барқарор гардидани роҳҳои қаблӣ ва ифтитоҳи роҳҳои нави автомобилӣ, оҳан ва ҳавоӣ байни минтақаҳои ду кишвар, боиси рушду инкишофи муносибатҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мегардад. Ҳамкориҳои минбаъда ҷиҳати ташаккул додани тарофаҳои рақобатпазир барои интиқоли борҳои тиҷоратии беруна бо истифода аз роҳҳои оҳани ҳар ду кишвар имкони таъмини боркашонии самарабахшро тавассути долонҳои нақлиётии амалкунанда фароҳам меорад. Дар ин росто ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақим миёни Душанбеву Тошканд ва барқарор шудани алоқаи роҳи оҳан дар минтақаи Ғалаба – Амузанг оғози ҳамкориҳои боэътимод дар самт гардиданд.
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар самти тиҷорату иқтисод таи чанд соли охир дар сатҳи паст қарор доштанд. Дар вохӯрии Сарони ин ду кишвар тавсеаи минбаъдаи мутақобилан судманди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъкид шуд. Зикр гардид, ки ҳар ду кишвар дорои захираҳои бузург барои зиёд шудани гардиши савдои дуҷониба доранд. Аз ин рӯ, кишварҳо метавонанд дар солҳои наздик гардиши молро миёни ҳам то 500 млн. доллари ИМА расонанд. Инчунин, кишварҳо метавонанд дар таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, марказҳои савдо дар қаламрави ҳамдигар, рушди фаъоли инфрасохтори савдои беруна ва воситаҳои дастгирии амалиёти содиротиву воридотӣ ва ташкили анҷумани соҳибкорон ва намоишгоҳҳои миллии маҳсулоти саноатӣ саҳмгузор бошанд.
Мардуми тоҷику ӯзбек аз қадим дар ғанӣ гардидани маънавиёту ахлоқи якдигар низ ҳамеша саҳмгузор буданд. Мутаассифона, таи солҳои охир ин равобит то андозае коҳиш ёфта буд. Дар вохӯрии сатҳи баланде, ки Сарони ду давлати дӯсту бародар бо ҳам доштанд, масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, фарҳанг, маориф ва монанди инҳо низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба баргузории бомуваффақонаи рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Бунёди муҷассамаи намояндагони барҷастаи мардумони ду кишвар - Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ва тармиму таҷдиди осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд аз ҷониби Ӯзбекистон, тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёди боғ дар шаҳри Душанбе ва гузоштани муҷассамаи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар он аз оғози муносибатҳои густурдаву бардавоми Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи фарҳангу адабиёт дарак медиҳанд.
Аз ҷониби Сарони кишварҳо дар ҷараёни мулоқот доир ба масъалаҳои такмили омӯзиш ва таълими забони ӯзбекӣ дар Тоҷикистон ва забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон, роҳандозии ҳамкориҳо ҷиҳати табодули адабиёти таълимӣ ва бадеӣ, нашрияҳои даврӣ ва интишороти илмӣ, мусоидат дар тарҷумаи осори классикон ва муаллифони муосири ду кишвар низ пешниҳодоти судманд ба миён гузошта шуданд.
Таманнои онро дорем, ки дӯстиву бародарии халқҳои тоҷику ӯзбек безаволу бардавом ва саршор аз шодию сурур бошад, зеро:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Ф.ҲАМРОЕВ,
дотсент, декани факултаи
ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ,
Ҷ.ҲИКМАТОВ,
дотсент, мудири кафедраи
забонҳои ҳамин донишгоҳ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр