Нашрияи Омӯзгор

Як лаҳза дар фикри мо бошед!

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

(Номаи Манижаи 7-сола ба падару модарон ва бобову бибиҳо)

Муаллиф Азим Байзоев

Ман ҳоло дар синфи якум мехонам. Дар мактаби №52-и шаҳри Тамбов. Бо падару модар ва додарчаам дар як хонаи дуҳуҷрагӣ зиндагӣ мекунем. Ба қавли бибиҷонам, дар пешониам чунин навишта шуда будааст, ки дур аз Ватан, дар мактаби русӣ ва муҳити русӣ таҳсил кунам. Падарам ин гуфтаҳои бибиамро аз забони Ҳофиз ҳар замон замзама мекунад: “Чунки тақдир чунин буд, чӣ тадбир кунам?”

Ман забони модариамро чун модарам дӯст медорам! Раҳмат ба модарҷонам, ки то ҳоло ба ман афсонаю ривоят, шеъру таронаҳо мегӯяду ёд медиҳад. Вале вақтҳои охир маро як тарсу ҳарос фаро гирифтааст: метарсам, ки вақте калон шавам, мисли падару модарам бо забони модарӣ сухан гуфтаву навишта наметавонам. Ин тарсро бори аввал бибиям ду сол пеш дар дилам ҷой карда буд. Тобистон ба хонаи бобоӣ – деҳаи Баҳористон рафтем. Саҳарӣ бибиҷонамро дар ҳоли говдӯшӣ дидаму пурсидам:

– Бибиҷон, ин короваи шумо?

Бибиҷонам ба ҷойи ҷавоб табассум карданду гуфтанд:

– Эҳ, ин ширинзабонаки ман (маро аз сесолагиам чунин ном мебаранд) урус шудаст-ку!

Каме тарсида бошам ҳам, он вақт ба ин гуфтаҳо аҳаммият надодам. Аммо ҳоло тарсам бештар шудааст, чунки фақат бояд бо русӣ суҳбат кунам, китобҳои русӣ хонам. Хайрият, ба хона ки расидам, “Ассалом, очаҷон!” мегӯям ва ширинии забони модариро аз нав эҳсос мекунам.

Ин имрӯз аст. Аммо фардо чӣ?

Фардо... Бовар дорам, ки мактабро бо баҳои аъло хатм мекунам, дар донишгоҳи дилхоҳам таҳсил мекунам, кори хуб пайдо мекунам. Охир ман хонданро дӯст медорам! Дар синф ҳам муаллимон маро таъриф мекунанду мегӯянд: “Молодец, Манижа! Умница!”

(Зимнан, дар гирифтани номам задаро дар ҳиҷои дуюм мегузоранд. Як бор фаҳмондам, ки зада дар ҳиҷои охир аст, розӣ нашуданд).

Кори хуб меёбам, аммо вақте ки хонадор шудаму фарзанддор, оё метавонам мисли падару модарам ба фарзандам бо ҳамин забони ширини тоҷикӣ сухан гӯям, афсонаю ривоятҳо нақл кунам, шеър хонам?

Илтимос, падару модарамро гунаҳкор накунед! Онҳо ҳар чӣ аз дасташон меояд, дар ҳифзи забони тоҷикию расму оини тоҷикон аз мо дареғ намедоранд! Аммо ман фикр мекунам, ки ин кофӣ нест.

Ба бачагони рус ҳавасам меояд. Онҳо имкон доранд, ки натанҳо дар хонаводаи худ, балки аз манбаъҳои дигар низ барои забономӯзиву забондонӣ мавод пайдо кунанд. Натанҳо мағозаҳои китобфурӯшӣ, балки сомонаҳои интернетию радиову телевизион – ҳама дар хизмати онҳоянд!

Ман ҳам боре кӯшиш кардам, ки аз сомонаи интернетӣ ягон ҳикоя, афсона ё шеъреро барои кӯдакон пайдо кунам, аммо дар посухи саволам чунин ҷавоб гирифтам: “Ҷустуҷӯ натиҷа надод”.

Дар мактаб ман ягона тоҷикдухтар ҳастам. Барои пайдо кардани дӯстон боз ба сомонаҳои интернетӣ ғӯтавар шудам. Росташро гӯям, фақат онҳоеро ҷустуҷӯ кардам, ки дар номашон ҳарфи “ж” дошта бошанд. Ин ҳарф дар забони мо нодиру камёб аст, ман дар зиндагӣ ҳамин хел нодир будан мехоҳам! Аммо фақат аз рӯйи ақлу заковат, рафтору кирдор, маҳорату истеъдод. Дар масъалаи донандаи забони тоҷикӣ будан ҳаргиз нодир будан лозим нест, балки мехоҳам, ки ҳамзабонони ман, ки бо забони модариашон суҳбат карданро ҳифз кардаанд, дар ин кишвари нопайдоканор бештару бештар бошанд!

Хеле мехостам дӯстам аз Тоҷикистон бошад. Аммо фаҳмидам, ки ҳоло бачагони тоҷик дар ин синну сол барои робитаи интернетӣ омода нестанд. Ба ҳар ҳол, як дӯст пайдо кардам, номаш – Бежан. Аз як деҳаи Ӯзбекистон бо номи Андалеб. Вақте аз вазъи забондонию забономӯзӣ суҳбат кардем, ӯ ҳам шикоят кард, ки бо вуҷуди дар мактаби тоҷикӣ таҳсил карданаш, ба чандин китоби дарсиву адабиёти бадеӣ ба забони тоҷикӣ дастрасӣ надорад. Ӯро таскин додаму фаҳмондам, ки шукр кунад, чунки ҳоли мо аз онҳо бадтар аст. Чун дӯстони ҷонӣ қавл додем, ки ба ваъдаҳои калонсолон дода нашуда, худамон бо ин забони ширин тавассути интернет суҳбат мекунем ва забонамонро бо ин роҳ такмил медиҳем. Ростӣ, хеле хушҳолам, ки чунин дӯст дорам!

Падарам, ҳар бор ки бо забони шевои тоҷикӣ шеър қироат мекунанд, дар охир ин байти машҳури устод Лоиқро такрор ба такрор ба зеҳни ману додарчаам бор мекунанд:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Ман гумон мекунам, ки агар ҳоло Лоиқ зинда мебуд, ҳатман барои имрӯзиён ишора мекард, ки “мо таъкид кардем, шумо коре кунед, ки барои фарзандонамон шири модарашон заҳр нашавад”.

Падарону модарони азиз, бобою бибиҳои ширинсухан! Дар васфи забони модарӣ ҳар шеъре эҷод мекунед, ҳар сухане мегӯед, ҳар суруде месароед, ташаккур! Аммо бояд донед, ки фақат бо гуфтану сурудан мурод ҳосил намешавад! Амал бояд кард!

Дар ғами мо, фарзандони дур аз Ватани худ, низ кори хайре анҷом диҳед: сомонаҳои интернетиро аз адабиёти кӯдакон пур кунед, сабти овозии шеъру ҳикояҳоятонро он ҷо низ гузоред, гоҳ-гоҳе роҳашро ёфта, китобҳои худро дар кишварҳои дигар низ ба фурӯш гузоред. Агар ба воситаи мағозаҳои китобфурӯшӣ илоҷ наёбед, сомонаи китобфурӯшии байналмилалии “amazon.com”-ро истифода баред, ё ҳамин хел як сомонаи фурӯши китобҳои тоҷикӣ таъсис диҳед!

Бовар кунед, роҳу усулҳои кумак кардан барои мо ва ба ин васила мусоидат кардан ба рушду густариши забони тоҷикӣ берун аз Тоҷикистон хеле зиёданд! Онҳоро пайдо кунед, амалӣ созед, то моро аз вартаи забонгумкунӣ наҷот дода тавонед. Охир, ин рисолатро худи мо, кӯдакон, наметавонем ба дӯш дошта бошем!

Ва подоши кори хайри худро хоҳед ёфт!  На бо рубли русиву доллари амрикоӣ, балки бо дуои неки мо ва файзу баракате, ки Худованд ба шумо ато хоҳад кард!

Саломат бошед!

Манижа,

Тамбов, Федератсияи Россия


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш