Нашрияи Омӯзгор

Истифодаи санъатҳои бадеӣ дар дарс

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Омӯзондани санъатҳои бадеӣ дар дарсҳои адабиёти тоҷик муҳим буда, маҳз тавассути фаҳмидани қонуниятҳои ҷинсӣ ва жанри асари бадеӣ, воситаҳои тасвири бадеӣ, персонаж, тип, характер ва амсоли ин хонандагон дар хусуси сохтору таркиби осори бадеӣ ва маҳорати ҳунарии адиб маълумот пайдо карда метавонанд. Ба хонандагон омӯзондани ҷинсу жанрҳои адабӣ аз он ҷиҳат зарур аст, ки онҳо бояд баъди мутолиаи ину он асар фарқ карда тавонанд, ки ин шеър ғазал аст ё рубоӣ, қитъа аст ё достон, қасида аст ё маснавӣ. Ҳамчунин, бо хондани асари насрӣ онҳо бояд муайян кунанд, ки ин асар қисса аст ё роман, ҳикоя аст ё очерк ва ғайра. Дар ин росто, пеш аз ҳама, ба шогирдон дар бораи адабиёти бадеӣ ҳамчун навъи санъат маълумоти дақиқу мушаххас бояд пешниҳод намуд. Яъне, хонанда бояд донад, ки асари бадеӣ чӣ тавр офарида мешавад, аз таълифоти публитсистӣ чӣ тафовут дорад. Дар масъалаи образҳои асар, қаҳрамонони мусбату манфӣ, ғояву муҳтаво ва консепсияи бадеии асар маълумоти аввалия ҳосил кунанд. Омӯзгори донову кӯшо ба шогирдон бояд тавзеҳ бахшад, ки нақли ҳар гуна воқеа ба таври алоҳида худ ҳикоя шуда наметавонад. Асари бадеӣ бо забони фасеҳу образнок, тасвирҳои ҷолибу нишонрас, офаридани ман- зараҳои мураккаби зиндагии одамон ва ғояи гуманистию ахлоқияш фарқ мекунад. Ҳамин гуна, ҳангоми омӯзондани таснифи жанрҳои лирикӣ, сохтори шеъри тоҷикӣ, сабкҳои назмӣ омӯзгор даричаеро ҷиҳати шиносоӣ бо ҳунару истеъдоди шоирон ба рӯйи хонандагон боз менамояд. Хонандагон дар хусуси пайдоиши жанрҳои рубоӣ, дубайтӣ, ғазалу қасида, қитъаву тарҷеъбанд ва монанди ин донишҳои зарурӣ бояд дошта бошанд. Тафовути назм аз наср, ҷинсҳои адабӣ, хусусиятҳои вижаи асарҳои драмавӣ, меъёрҳои асосии таснифи жанрҳои адабӣ ва ғайра барои шогирдон хеле муҳим мебошад.

 

Маҳина Комилова,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш