Нашрияи Омӯзгор

Мураббӣ ва тарбияи солими кӯдакон

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Давраи нахустини таҳсилот – муассисаҳои томактабӣ ниҳоят муҳим аст, зеро ҳамчун пойдевор барои зинаҳои дигар хидмат менамояд. Имрӯз илм собит намудааст, ки ташаккули биологии майнаи сари кӯдак дар шаш соли аввал аст.

Яъне, ҳар донише, ки кӯдак то ҳафтсолагӣ аз худ мекунад, дар майнаи сари ӯ барои ҳамешагӣ нақш мебандад. Ин ҷо сухани мардуми мо, ки ҳанӯз садсолаҳо маълум аст: “илм дар хурдӣ нақш бар санг” илман асоснок мешавад.

Донишманди маъруфи замони муосир Гленн Доман (1919-2013), ки китобҳои ӯ аз серхаридортарин мебошанд, дар бахши таълиму тарбия мефармояд, ки ҳар қадар бо кӯдак дар солҳои аввали ҳаёти ӯ машғул шавем, неруи ақлониаш ба ҳамон андоза инкишоф меёбад ва ҳар чӣ зиёдтар ҳаракат кунад, инкишофи майнаи ӯ бештар сурат мегирад. Кӯдакони ду-се-сола метавонанд ба осонӣ хондан, ҳисоб кардан, расм кашидан, давидан, оббозӣ кардан, мусиқӣ навохтан, бо забони хориҷӣ ҳарф заданро аз худ намоянд. Аз ин нигоҳ, муносибат бо онҳо бояд ҷиддӣ бошад, ки ин ба масъулиятшиносии мураббиҳо робитаи мустақим пайдо менамояд.

Нақши мураббиҳо дар тарбия намудани қишри аз ҳама хурди ҷомеа - кӯдакон муҳим ба ҳисоб меравад, зеро тарбияи кӯдакон пас аз оила дар кӯдакистонҳо сурат мегирад. Ин даврон барои онҳо хеле тақдирсоз буда, дар сурати дар муҳити кӯдакистон дуруст таълим гирифтан ва инкишоф ёфтан, онҳо соли аввали хонишро дар мактабҳои миёна ба осонӣ паси сар менамоянд.

Бо назардошти ин нақши муҳим, мураббӣ бояд дорои забони ширину чеҳраи кушода бошад ва тавонад бо ҳиссиёти баланди самимона кӯдаконро ба худ ҷалб созад. Шоистаи таъкид аст, ки фаъолияти педагогӣ, машғулиятҳои таълимӣ, донишу маҳорати касбӣ ва ҳолатҳои равонии мураббиён дар тарбияи кӯдакон ҳангоми фарогирии онҳо ба кӯдакистонҳо таъсири хос доранд.

Мо - мураббиҳоро зарур аст, ки нақши муҳимми фаъолияти худро ба хубӣ дарк намоем ва кӯдакону наврасонро, ки ояндаи давлату миллати мо ҳастанд, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия бикунем.

 

Мавлонбӣ  ҶАББОРОВА,

мураббии кӯдакистони “Садбарг”, №123-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш