Нашрияи Омӯзгор

Фурӯғбахшони таърих

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

Дар  қатори фанҳое, ки тибқи барномаҳои  таълимӣ дар мактаб омӯхта мешаванд, фанни таърих мавқеи муҳим дорад. Бо омӯзиши ин фан хонандагон на танҳо дониши худро вобаста ба як фанни таълимӣ такмил мебахшанд, балки дар онҳо, инчунин, ҳисси хештаншиносию ифтихори  миллӣ густариш меёбад.

Таърих гарави  асосии  ҳифзи   ҳофизаи  таърихии  наврасон мебошад ва ба онҳо имкон  фароҳам  меоварад, ки гузаштаву гузаштагони  худро хуб донанд, аз бисёр ҳодисаву воқеаҳои марбут ба халқи  азизи  хеш  огаҳӣ дошта бошанд.

Ба ибораи халқӣ, таърих барои  худу бегонаро  донистан, неку бадро фарқ кардан басо муҳим аст. Маъмулан, барои исботи асли  рухдодеву бунёдмандии  даъвое рӯй ба таърих оварда, мисолҳоеро тавзеҳ мебахшанд ва аз ин ҷост, ки  таъбири  «таърих гувоҳ аст» хеле  машҳур мебошад.

Устод Лоиқ як манзумаи  маъруфи  хешро, ки ба ҳаводиси таърих ва ба алломаи  тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, «Таърих гувоҳ аст» ном ниҳодаанд.

Дар бораи нақши  шахсият дар таърих солиёни  зиёдест, ки  таърихшиносон, файласуфҳо, адабиётшиносон ва хирадмандони  дигар баҳсҳои  бардавом  доранд. Гурӯҳе нақши шахсият  дар таърихро қотеона рад кунанд, гурӯҳи дигар бар онанд, ки таърихи   башар ҳамбастагии  қавӣ  бо шахсиятҳои  барҷаста ва азму  иродаву муборизаву талошҳои  онҳо дорад. Масалан, таърихи  халқи тоҷикро, ки  пур аз  муборизаҳову ҳимоятгариҳову саргузаштҳост, бе зикри  нақши   барҷастаи  ашхосе чун  Муқаннаъ ва Темурмалик, Шерак ва Деваштич, Исмоили Сомонӣ ва устод Рӯдакӣ… тавзеҳ бахшидан имконнопазир аст. Воқеан, ин ҷо аз нақши аҳли  адаб дар масири таърих зикр бояд кард. Аҳли адаб аз шахсиятҳои  барҷастаи  таъриханд ва сафҳаҳои таърихи ҳар халқро  мунаввар мекунанд. Шоири   номвар Ибни Ямин ба ҳамин маънӣ  фармудааст:

Зи шоир зинда мемонад ба гетӣ  ном шоҳонро,

Фурӯғ аз Рӯдакӣ дорад чароғи дудаи Сомон.

Ҳамин аст, ки  як қисмати   таърихи  халқи  тоҷикро омӯзиши  вазъи  адабии  давр, аҳдоф ва нақши  доираҳои адабӣ ва адибони  номвару таъсиргузори  замон ташкил медиҳад. Ҳаёт ва эҷодиёти устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни  Сино, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ… таърихи  халқи тоҷикро шукӯҳманд кардаанд. Талошҳое, ки  Аҳмади Дониш барои  тағйирбахшӣ ба вазъи  номусоиди   замони  худ кард, шоистаи  омӯзишу таҳсин аст ва то ба имрӯз ақидаҳои  халқпарваронаи  ӯ аҳамияти худро гум  накардаанд. Дар даврони  Иттиҳоди  Шӯравӣ яке аз шахсиятҳои  барҷастае, ки  дар тарғибу  омӯзиш ва равшансозии сафҳаҳои   таърихи  халқи тоҷик хизматҳои бузургу мондагор кардаанд, академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Китоби пурмуҳтавою бунёдии «Тоҷикон», ки  ин аллома таълиф намуд, ба бисёр сафҳаҳои  торики  таърихи   халқамон рӯшанӣ  бахшид, як навъ шиносномаи  тоҷикон  гардид. Дар даврони Истиқлолияти  давлатии  кишвари азизи мо низ таърих  шахсияти  барҷастаеро  ба арсаи   сиёсат овард. Ин шахси маҳбуби халқ ва дорои  идораи  қавию азму омоли нек Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Таърихи истиқлол ва устуворгардии  он дар  мамлакати мо бо номи ин абармарди сулҳофарину  башарпарвар абадан пайваст хоҳад буд.

Таърих фарзонафарзандони  миллатро ҳамеша арҷ хоҳад гузошту номи неки онҳоро ҳимоят хоҳад кард.

 

Рамзия МУҲАББАТОВА,

омӯзгори  таърих ва ҳуқуқ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш