Нашрияи Омӯзгор

Маоши омӯзгорон дар кишварҳои ҷаҳон чӣ гуна аст?

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 831        Шарҳ: 0

 

Музди меҳнати омӯзгорон яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таълим дар кишварҳои ҷаҳон маҳсуб меёбад. Маоши омӯзгорон дар давлатҳои ҷаҳон  фарқ мекунад ва муносибати ҷомеа ба касби муаллимӣ гуногун мебошад. Дар ин мақола доир ба музди меҳнат ва муносибати ҷомеа ба касби омӯзгорӣ дар кишварҳои олам маълумот пешниҳод мешавад.

Музди меҳнат:

Люксембург дар ҷойи аввал

Мувофиқи тадқиқоти оҷонсии омори OECD, дар Люксембург - яке аз сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон омӯзгори ҷавон маошеро интизор буда метавонад, ки аз маоши муаллимони ботаҷриба дар аксар кишварҳои Аврупо зиёдтар аст. Омӯзгори ҷавон дар ин кишвар  соле 79 ҳазор доллар маош мегирад. Дар муқоиса ин музди меҳнат нисбат ба дигар маоши омӯзгорони ҷаҳон 30% зиёд аст ва маоши омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз музди меҳнати муаллимони тамоми ҷаҳон зиёд аст.

Маоши баланд ба омӯзгорон, ҳамчунин, дар давлатҳои Олмон ва Дания пардохта мешавад, ки даромадашон дар марҳилаи аввал аз ҳадди имконпазир ба собиқаи корӣ 75 ҳазор доллар дар як сол мебошад. Маоши муаллимон дар Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Зеландияи Нав пас аз 15 соли таҷриба ба ҳадде мерасад, ки  тақрибан баробар ба 65 ҳазор доллар дар як сол аст.

Аммо дар Кореяи Ҷанубӣ вобастагии мустақими маош аз собиқаи корӣ вуҷуд дорад: муаллими ҷавон дар соли аввали фаъолияти худ танҳо 30 ҳазор доллар кор мекунад, бо гузашти 10 сол таҷрибаи корӣ маоши ӯ то 50 ҳазор доллар афзоиш меёбад ва дар оянда бо зиёд гардидани таҷрибаи корӣ он ба 84 ҳазор доллар дар як сол мерасад.

Маоши камтарини омӯзгорон дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ ба мушоҳида мерасад. Дар Словакия - 22 ҳазор доллар, Лаҳистон - 27 ҳазор доллар ва дар Эстония ҳадди ниҳоии пардохти маош ба 17 ҳазор доллар дар як сол баробар аст.

 

Вақти корӣ ва соатҳо:

Ҷопон дар сафи пеш

Соати корӣ ва сарбории воқеии омӯзгорон дар  кишварҳо фарқ мекунад ва музди баланди меҳнат ба ҳаҷми корҳои иҷрошуда иртибот мегирад. Масалан, омӯзгорони Люксембург барои сарфи зиёди вақти корӣ маоши баланд мегиранд, ки тақрибан ба 800 соат дар як сол (16 соат дар як ҳафта) баробар аст. Аз ин рӯ, кори бароҳат ва маоши баланд мутахассисони ҷавонро ба ин касби пуршараф  ҷалб мекунад ва 60% -и онҳое, ки дар мактабҳои Люксембург  ба сифати омӯзгор кор мекунанд, ҷавонони то 40 – солаанд.

Аммо омӯзгорон дар Колумбия, Чили, Мексика ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико назар ба дигар кишварҳо вақти зиёдтарро дар ҷои кор сарф мекунанд. Дар ин рӯйхат Колумбия дар ҷои аввал меистад (соле 1200 соат). Қайд кардан зарур аст, ки миқдори соати сарфшудаи таълим масъулияти иловагиро, ба мисли тайёрӣ ба дарсҳо, машғулиятҳои беруназсинфӣ ё вақти иловагӣ барои кумак ба хонандагон фаро намегирад. Инчунин, он ба назар гирифта намешавад, ки муаллимон дар хона кор мекунанд, ба конфронсҳо мераванд, мақолаҳо менависанд ва савияи ихтисосии худро мунтазам такмил медиҳанд.

Сарборӣ ба шумораи хонандагон барои як муаллим низ гуногун аст. Дар бисёр кишварҳо дар 30 соли охир маблағгузории давлатии соҳаи маориф ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ин ба кам шудани шумораи хонандагони синфҳо оварда расонд, аммо, мутаассифона, на дар ҳама ҷо ин ҳолат ба вуҷуд омадааст. Дар мактабҳои миёнаи Сахараи Африқо норасоии ҷиддии омӯзгорон вуҷуд дорад ва шумораи хонандагони синфҳои ибтидоӣ барои як муаллим имрӯз аз ду даҳсолаи пеш зиёдтар аст. Агар дар Норвегия ва Шветсия ба ҳисоби миёна ба як муаллим ба ҳисоби миёна 9 нафар хонанда рост ояд, пас дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ тақрибан 80 нафар рост меояд. Дар Бразилия ба ҳисоби миёна  назди як омӯзгор 32 хонанда таҳсил мекунанд, дар Португалия бошад, ҳамагӣ ҳафт нафар ба як омӯзгор рост меояд. Системаи таълими Финляндия дар ҷаҳон беҳтарин маҳсуб меёбад. Чун қоида, дар синфе аз 13 то 16 хонанда гирд оварда мешавад. Чунин теъдоди хонандагон барои ба даст овардани самаранокии таълим имконоти васеъ фароҳам меорад ва ҳамин аст, ки сифати таълим дар ин кишвар дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар чунин синфҳои хурд муаллимон маълумоти заруриро ба хонандагон пешниҳод мекунанд ва таваҷҷуҳи бештар ба онҳо  зоҳир карда мешавад.

Вақти зиёдро ба таълими хонандагон омӯзгорони ҷопонӣ сарф мекунанд. Тибқи натиҷаҳои омӯзиши муқоисавии байналмилалии корпусҳои омӯзгорӣ (TALIS), ки дар байни муаллимони мактабҳои таҳсилоти миёнаи 34 кишвар ва минтақаҳои ҷаҳон гузаронида шудааст, омӯзгорони Ҷопон аз рӯи вақти корӣ дар сафи пеш қарор гирифтанд. Ҳафтаи миёнаи кории як омӯзгори ҷопонӣ 54 соат аст. Омӯзгорон аз субҳи барвақт то шом кор мекунанд, ҳатто, маҷбуранд, ки дар рӯзҳои истироҳат ба кор раванд, аз ин рӯ, барои истироҳат  вақт надоранд.

Аммо ин ба шумораи вақти дарсҳо иртибот надорад - нишондиҳандаи сарбории Ҷопон, баръакс, аз ҳисоби миёна камтар аст. Вақти сарфшуда дар вохӯриҳо, тайёрӣ ба дарсҳо ва дигар фаъолиятҳо аз шумораи ҳамкасбони кишварҳое, ки дар он ҷо таҳсил гузаронида мешавад, зиёдтар аст. Шумораи соатҳои машғулиятҳои беруназсинфӣ (маҳфилҳо, сексияҳо ва клуби дӯстдорон) махсусан зиёд аст, ки ба онҳо муаллимон масъуланд. Аз ин рӯ, миқдори соатҳои корӣ ва шуғли воқеии омӯзгорони Ҷопон аз ҳам фарқ мекунанд.

 

Таҳсилот ва иҷозатнома:

дар Руминия омӯзгоре, ки холи паст

мегирад, барои кор ба деҳа

фиристода мешавад

 

Тавре ки дар боло қайд кардем, муаллимони Люксембург дар мавқеи афзалиятнок қарор доранд, аммо ин ҷо  ҳар касро ба омӯзгорӣ, алахусус, аз дигар кишварҳо қабул намекунанд. Дар мактабҳои Люксембург танҳо онҳое, ки дараҷаи бакалаврии люксембургиро дар соҳаи таҳсилот ва забони люксембургиро медонад, ба кор пазируфта мешаванд.

Дар Олмон омӯзгоронро барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, инчунин, гимназияҳо омода мекунанд. Онҳое, ки дар гимназияҳо таълим додан мехоҳанд, бояд ба мактабҳои олӣ дохил гарданд, на ба донишкадаҳои махсуси таълимӣ (Фахохсчуле (Fachhochschule)). Он ҷо онҳо методологияи таълими илмиро азхуд мекунанд ва фанҳои худро бодиққат меомӯзанд. Муаллимони мактаби олмонӣ бояд ҳадди ақал дорои ду диплом - дипломи олмонӣ ва ихтисосӣ бошанд.

Дар Канада барои муаллим шудан шахс бояд забонҳои англисӣ ва фаронсавиро хуб донад, инчунин, дараҷаи бакалавр дар соҳаи таҳсилот ва шаҳодатномае, ки ҳуқуқи таълим доданро медиҳад, дошта бошад. ғайр аз ин, дар Канада як системаи иттифоқҳои муаллимон вуҷуд дорад, ки онҳо метавонанд ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифта шаванд. Аммо дар Ҷопон танҳо дипломи касбӣ барои омӯзгори оянда кофӣ нест, онҳо бояд тахассус ва иҷотзатномаи таҳсилро гиранд. ғайр аз ин, дар ин кишвар барои омӯзгорӣ озмун гузаронида мешавад, ки барои як ҷой  20-30 нафар рақобат мекунанд.

Муаллимони Финляндия, ки бо кӯдакони синфҳои 1-6 кор мекунанд, бояд дараҷаи магистр дар соҳаи таҳсилот дошта бошанд. Омӯзгороне, ки дар мактаби миёна кор мекунанд, дараҷаи магистр аз рӯи фанни таълимиро мегиранд. Дар Фаронса бояд дараҷаи омӯзгориро дар ҳар 2-3 сол тасдиқ кард (ҳамагӣ 12 дараҷа вуҷуд дорад). Сатҳи тахассус ва кори омӯзгор аз ҷониби нозире, ки академияи минтақавии маориф таъйин кардааст, санҷида мешавад. Дар Руминия низ иҷозатномаи таълим лозим аст. Ҳангоми довталабӣ ба иҷозатнома имтиҳон гирифта мешавад. Онҳое, ки имтиҳонро дар сатҳи баланд месупоранд, метавонанд дар мактабҳои шаҳр дарс диҳанд. Агар холҳо миёна бошанд, муаллим барои кор ба мактаби деҳа меравад.

Мактабҳои   Лаҳистон дорои системаи хеле мураккаби рушди касбӣ мебошанд. Пас аз омадан ба мактаб, мутахассиси ҷавон бо дипломи донишгоҳ мақоми “муаллим-коромӯз” -ро мегирад. Ба таҷрибаомӯз як устод - омӯзгори ботаҷриба вобаста карда мешавад, ки дар муддати нуҳ моҳ андешаҳои худро дар бораи дастовардҳои нав ва дурнамои пешбурди он иброз хоҳад кард. Дар охир таҷрибаомӯз назди комиссияе, ки директори мактаб онро  сарварӣ мекунад, имтиҳон месупорад.

Ҳангоми пурсиш аз ҷониби аъзои комиссия баҳои аз 0 то 10 хол гузошта мешавад. Ба ҳисоби миёна бо гирифтани 7 хол имтиҳонсупор дар асоси шартнома вазифаи муаллимиро соҳиб мешавад. Ду сол пас ҳар як омӯзгори ҷавон метавонад барои гирифтани мақоми навбатӣ - омӯзгорӣ тибқи воҳиди корӣ довталаб шавад. Барои ин ӯ бояд имтиҳонро дар сатҳи баланд супорад ва натиҷаи назаррасро ба даст орад.

Илова ба аттестатсия ва тахассус, роҳи дигаре барои баҳодиҳӣ ба кори муаллимон мавҷуд аст, ки назорат кардан аз рӯйи фаъолияти онҳо  маҳсуб меёбад. Масалан, мониторинги ҳозир нагардидани муаллимон ба дарс мавҷуд аст. Ба ҷои кор ҳозир нагардидани омӯзгорон дар бисёр кишварҳои Африқо - Мозамбик, Уганда, Танзания, Нигерия ва Сенегал аз мушкилоти ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Давом дорад

 

Таҳияи Н. ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш