Нашрияи Омӯзгор

Хониши ифоданок ва дарки маъно

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 832        Шарҳ: 0

 

Дар синфҳои поёнӣ омӯзиши ҳарфу овоз (дар синфи 1), ба тадриҷ бо ҳиҷо хондани калимаю инкишоф ёфтани нутқ (дар синфи 2), зина ба зина хониши равону озод (дар синфи 3) ва ниҳоят, тарзу шеваҳои хониши ифоданоку дарк намудани маъно хеле муҳим мебошад.

Ҳадаф аз омӯзиши фанни забони модарӣ ба таври ҳамгиро ва дар заминаи муносибати босалоҳият ва таълим низ аз хонда тавонистани матну қироати шеър ва нақл намудани пораи хондашуда аст. Бешак, дар ин раванд марҳалаи ҳалкунанда дарки маъно ба шумор меравад. Шеваи маъмулии фаҳму дарк намудани моҳияту ҳадаф ва ғояи матн (ҳикоя, шеър, афсона)-и дар китобҳои дарсии зинаи ибтидоии таҳсилот пешниҳодшуда нахуст хондани пора-пораи матн ва нақли ин пораҳои тавассути дарки маъно мебошад. Мусаллам аст, ки қобилият ва неруи дарку фаҳмиши хонандагон яксон набуда, дар синфҳои поёнӣ қисме сустхонанду иддае равону озод матнро мехонанд. Ин омил ба суръати хониши хонандагон таъсир мерасонад. Хонандагоне  ҳастанд, ки суръати хонишашон тез буда, ҳамзамон, чизи хондаашонро озодона нақл карда метавонанд.  Дар баробари ин, хонандагоне низ вомехӯранд, ки матнро хуб мехонанд, аммо дар дарки маънои он азоб мекашанд, ки ин ба нақли мазмуни ҳикояту афсона ё шеъри хондашуда аз ҷониби онҳо маълум мешавад. Аз ин рӯ, ба омӯзгори синфҳои поёнӣ зарур аст, ки роҳҳу усулҳои хониши ифоданок ва ба маънову моҳияти ҳар як сархати матни хондашуда эьтибори ҷиддӣ додани шогирдонро зери назорат қарор дода, ба онҳо таъкид намояд, ки  диққати худро ба мазмуни ҳикоя, афсона ё шеър равона кунанд. Як роҳи фаҳмиш ва дарк намудани матн пешниҳоди суолҳо ба шумор меравад. Вобаста ба моҳияту мақсади ҳикоя, афсона ё шеър ба хонандагон саволҳо дода мешавад. Бигзор, саволҳо дар ибтидо содаю муқаррарӣ бошанд, зеро ин гуна пешниҳод намудани саволҳо ба маълумоту тасаввурот пайдо намудани хонандагон дар хусуси матни мавзӯъ мусоидат мекунанд. Марҳила  ба марҳила (дар синфҳои 3-4) ба хонандагон саволҳои мураккабтари проблемавӣ додан аз аҳамият холӣ нест. Ҳангоми қироати шеър ва нақли матн омӯзгор бояд диққати шогирдонро ба калимаю ибораҳои душворфаҳм ҷалб намояд, зуд ин калимаҳоро бо тафсири маънояшон дар тахтаи синф навиштаву хонандагон он вожаҳоро ба дафтарашон кӯчонанд. Мактабшиносон (аз ҷумла, М. Лутфуллоев, Ф. Шарифзода, И. Абдуллоев ва Б. Боранов) чунин намудҳои хонишро дар синфҳои поёнӣ муқаррар кардаанд:

Хониши  равон (суръати хониш), хониши интихобӣ, хониши ифоданок, хониши интихобӣ, хониши овозӣ, хониши ботинӣ ва ғайра. Маълум аст, ки дар роҳандозии ҳамаи ин намудҳои хониш ҳунару маҳорати касбии омӯзгор нақши бузург дорад.  Омӯзгор нахуст худ бояд матнро бо диққат, бо овози баланд хонад. Мушоҳидаҳо  нишон медиҳанд, ки аксар хонандагони таълимгоҳҳо ҳангоми саволу ҷавоб худро гум мекунанд, ба пурсишҳо бо овози пасту нимшунаво посух медиҳанд, аслан нутқашон инкишоф наёфтааст. Ҳол он ки маҳз зинаи ибтидоии таҳсилот заминаест барои хонда тавонистан, сухану такаллум намудан, ифоданок хондани шеър, ҳифзу аз бар кардани пораҳои шеърӣ аз ҷониби шогирдон.

 

Саодат ЁРАЛИЕВА,

омӯзгори мактаби №1-и

 ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш