Нашрияи Омӯзгор

Устуворсозии эътиқоду эътимоди хонандагон

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Ниёгони бофарҳангу соҳибмаърифати мо таъкид бар он доштаанд, ки рӯзгори инсонӣ басе омӯзанда аст.

Дар рӯзгори беш аз 30-солаи ба ҳайси омӯзгори таърих дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият карданам  борҳо, такрор ба такрор, дурустии ин гуфтаҳои онҳоро эҳсос намудаам ва ба натиҷае расидаам, ки дар раванди таълиму тарбияи шогирдон тавассути омӯзонидани фанни таърихи халқи тоҷики  давраи муосир, ба вуҷуд овардану тақвият бахшидани эътиқоду эътимоди онҳо нисбат ба волидон, аҳли ҷомеа, саъю кӯшиши давлату ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол баҳри беҳсозии сатҳи зиндагонии аҳолии ҷомеаи навини  мо ва саҳмгузории ҷавонону занон дар пешрафти иқтисоду фарҳанги ҷомеа, рисолати мо, омӯзгорони ин фан, маҳсуб меёбад.

Ҳадафи асосии омӯзгори соҳибтаҷриба ва рӯзгордида чунин аст:  тавассути бедорсозӣ ва ташаккул додани шавқу ҳаваси хонандагон ба фаҳмида гирифтани моҳияти таърихи муосири Ватан, ҳамқадами замон гардонидани онҳо ва ба ин васила ширкаткунандаи бевоситаи раванди созандагиву бунёдкориҳо гардонидани онҳо дар оянда мебошад. Албатта, ҳамаи ин тавассути машғулиятҳои асосӣ ва иловагии дарсӣ, корҳои тарбиявӣ, ки қисми асосии онҳоро соатҳои тарбиявӣ ташкил мекунанд, амалӣ мегардад. Омӯзгор бояд дар сатҳи баланд ҳар як мавзӯи фанни таълимиро фаҳмонда диҳад, аз хусусиятҳои хоси фанни таълимии таърихи халқи тоҷик, ки фарогири давраи имрӯза мебошад, моҳирона истифода барад, истифодаи порчаҳои шавқовари санадҳои муҳими таърихи имрӯзаро таъмин кунад ва барои мукаммал гардонидани дониши шогирдон вохӯриҳо ва суҳбату мулоқоти онҳоро бо шахсони номдори ҷумҳурӣ, аз ҷумла, сиёсатмадорону олимон,  шоирону нависандагон, соҳибкорону ҳунармандон ва бунёдкорони иншооти хеле муҳим, аз қабили корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳо, роҳҳои оҳану нақлиёти автомобилӣ ва ғайра ташкил кунад.

Дар ин радиф метавон аз имкониятҳои васеи мавзӯи дарсии «Мақоми зан дар ҷомеаи соҳибистиқлол», ки дар боби 9-уми китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик» барои синфи 11, (муаллифон  Р.Набиева ва Ф.Зикриёев, соли нашраш 2016)  пешниҳод карда шудааст, самаранок истифода бурд.

Зимнан, хонандагон бояд бо муҳтавои санади хеле муҳими рӯз «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ва раванди татбиқи он амиқан шинос карда шаванд.

Дар ин ҷода барои духтарони деҳоту ноҳияҳои дурдаст муқаррар гардидани квотаи Президентӣ, ки тавассути он ҳазорон нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм карда, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат фаъолият доранд, нақши калон дорад.

Зимни таълими мавзӯъ омӯзгор бояд ба масъалаи ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб намудани занону духтарони хонашин эътибори махсус диҳад ва бо мисолҳои мушаххас тадбирҳои дар ин самт анҷомдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон диҳад. Бо ин мақсад хонандагон бояд бо муқаррароти қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” шинос карда шаванд.

Ба манфиати кори таълими ин мавзӯи ниҳоят муҳим мебуд, агар идомаи таълими он аз тариқи мулоқоти хонандагон бо занони машҳур ва номдори ҷумҳурӣ сурат мегирифт.

Чунин тарзи машғулият-гузаронӣ имкон медиҳад, ки хонандагон моҳияти рӯйдодҳои таърихӣ ва пешрафти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифатии аҳли ҷомеаи Тоҷикистони муосирро хубтар дарк кунанд ва дар қалби онҳо ҳисси арҷгузорӣ ба аҳли ҳунару меҳнат ва майлу рағбати идома додани кори пуршарафи бунёдкорону созандагони ҳаёти осудаҳолона ташаккул ёбад.

 

Гулсара РАҲМАТУЛЛОЕВА,

омӯзгори таърихи

гимназияи №74-и

шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш