Нашрияи Омӯзгор

Дарс – экскурсия манфиатовар аст

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

Баробари дарсҳои амалӣ ва озмоишӣ барои татбиқи алоқаи  назария бо амалия дарс – экскурсия дар раванди таълим мавқеи хос ишғол менамояд.

Он яке аз методҳои асосии барқарор кардани робитаи назария ва амалияи таълим, алоқаи муассисаи таълими касбӣ бо истеҳсолот мебошад.

Дар омӯзиши фанҳои дақиқ ва тахассусӣ аҳамияти экскурсияҳои истеҳсолӣ калон аст. Омӯзгор имконият пайдо мекунад, ки донишҷӯёнро бо корҳои амалии ихтисос, кори мошину механизмҳо, шиносоӣ бо равандҳои технологӣ, ташкили истеҳсолот, шароити меҳнатии коргарони касбу корашон  гуногун шинос намояд.

Ин усули таълим вобаста ба мазмун, мақсадҳои таълимӣ чунин намудҳо дорад. Аз рӯи мазмун экскурсияро ба як мавзӯи дарс ё ба як боби фан, вобаста ба ихтисос ё касбу кор (бисёр мавзӯъҳо) муштарак гузаронидан мумкин аст.

Экскурсияи муштарак як қатор масъалаҳоро дар бар мегирад, ки онҳо бо фанҳои дақиқ ва фанҳои тахассусӣ алоқаманд мебошанд. Масалан, ҳангоми экскурсия ба заводи мошинсозӣ донишҷӯён метавонанд аз наздик бо  раванди истеҳсолот, шароити меҳнати коргарон  шинос шаванд.

Аз рӯи мақсадҳои таълимӣ, экскурсия  муқаддимавӣ ва ҷамъбастӣ мешавад.

Муқаддимавӣ пеш аз омӯхтани маводи таълимӣ, ҷамъбастӣ пас аз омӯхтани боб ё қисми фан гузаронида мешавад.

Ташкили экскурсияро ба се зина тақсим кардан мумкин аст:

1.Омодагии  омӯзгор ва донишҷӯён;

2.Мушоҳида ва омӯхтани  мавқеи экскурсия;

3.Натиҷагирӣ.

Омодагии омӯзгор аз чунин амалҳо иборатанд:

- ҳаматарафа омӯхтани моҳияти экскурсия;

-интихоб намудани қитъаҳои мушоҳидавӣ;

-муайян кардани пайдарпайии мушоҳидаи қитъаҳо;

- хулосаи ҳар як донишҳо аз дарс - экскурсия.

Тайёрии донишҷӯён ба экскурсия аз суҳбати омӯзгор бо онҳо оғоз мегардад. Дар суҳбат омӯзгор мақсад ва вазифаҳои экскурсияро фаҳмонда, ба донишҷӯён супориш медиҳад, риоя намудани тартиботи дохилии истеҳсолот ва техникаи бехатариро   мефаҳмонад.

Гузаронидани экскурсия аз 2 соат бояд зиёд набошад. Омӯзгор қитъаҳои мушоҳидаро чунон интихоб кунад, ки ҷиҳати педагогӣ дошта бошад ва татбиқи маводи назариявиро таҷассум намояд.

Ҷамъбасти экскурсияро омӯзгор дар дарси оянда мегузаронад ва мушоҳидаи  донишҷӯёнро оид ба экскурсия  тариқи суҳбат натиҷагирӣ менамояд. 

Он  мушоҳидаҳое, ки дар рафти экскурсия пайдо мешаванд, замина барои навиштани эссе мебошад ва  шогирдон барои навиштани он вазифадор карда мешаванд.

 

И.Усмонов,

омӯзгори коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодом 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш