Осори ниёгони мо саросар панд асту моро бо ғизои рӯҳию маънавӣ таъмин мекунад. Бебаҳра мондан аз ин осори пурбаҳо ба паст шудани завқи китобхонӣ ва ахлоқи маънавии мардум бетаъсир намемонад.
Ҷавонону наврасон, шогирдони дирӯзаю имрӯзаи мо ба корҳои номақбулу зишт даст мезананд ва сабабгори бадбахтиҳои зиёде мегарданд. Имрӯзҳо дуздию ғоратгарӣ, нашъамандию авбошӣ ва дигар амалҳои номатлуби бархе аз ҷавонону наврасон рух медиҳанд, ки ба ҳамаи ин мо, омӯзгорон, атрофиён бо бепарвогию бетарафии худ гунаҳкорем.
Дар шароити кунунӣ тарбия дар мадди аввал меистад, чунки фақат шогирди ботарбия таълими дуруст гирифта метавонад. Панду андарзҳои бузургон бошанд яке аз воситаҳои тарбияи маънавии шогирдон мебошанд. Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Хайёму Ҷомӣ, Носир Хусраву Камоли Хуҷандӣ, Саъдию Ҳофиз ва дигарон бояд китобҳои саримизии ҳар як омӯзгор (новобаста аз фанни таълим) бошад.
Адаб омӯхтани мо ба шогирдон аз фанни адабиёт қатраест аз оби баҳр. Аз ин лиҳоз, дар дарсҳои забони модарӣ истифодаи панду андарзи бузургон мувофиқи мақсад аст, зеро ба қавли адабиётшинос Абдуманнон Насриддин “дарсҳои забон бояд ҷойи холии дарсҳои адабиётро пур намояд”.
Мо бештар аз осори насрӣ, машқҳои дилбазани китоби дарсӣ истифода бурда, осори назмиро қатъи назар мекунем. Истифодаи панду андарзҳо дар дарси забон босамар аст ва шогирд дар баробари таълим гирифтан тарбияи хуб низ гирифта метавонад.
Хусусан, дар омӯзиши “Ҷумлаи мураккаби тобеъ” дар синфи 9 чунин намуди кор натиҷаи хуб ба бор меорад. Аз осори ниёгон мисол овардан, мазмунашро шарҳ додан, сарҷумла ва ҷумлаи пайравро муайян ва таҳлил кардан, порчаҳои назмиро ба наср баргардонидан, хулоса баровардан ва дигар намудҳои супориш малака, маҳорат, дониш ва маънавиёти хонандаро ташаккул дода, нутқи шифоҳӣ ва хаттии ӯро сайқал медиҳаду баҳри омӯзиши мавзӯъ кумак мерасонад.
Муаллим метавонад чунин як соати дарсиро аз ҳисоби инкишофи нутқи мураттаб низ ба ин мавзӯъ бахшад. Шогирдон ғайр аз байтҳои пандомӯзи китоби дарсӣ пешакӣ чунин байтҳоро ҷамъ оварда, дар дарс мавриди муҳокимаю таҳлил қарор медиҳанд. Аз ҷумла, Саъдӣ мегӯяд:
Он ки надорад сифати мардумӣ,
Нест бари одамиён одамӣ.
Ин байт бо мазмуни барҷастааш дар ҳар давру замон қиммати худро гум намекунад ва инсоро аз рафторҳои ғайриинсонӣ бозмедорад.
Омӯзиши мероси гузашта воситаи бузурги тарбияи насли наврас мебошад. Бинобар ин, бисёр хуб мешуд, ки омӯзгорон аз ин уқёнуси азим қатра-қатра истифода бурда, мавзӯъро ба ҳаёти имрӯза мутобиқ гардонанд.
Ҷамила ОДИНАЕВА,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик
Иловакунӣ
Иловакунии фикр