Дар мактаби №33-и шаҳри Турсунзода ба хотири адибони бузурги миллат, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Сад-риддин Айнӣ, шоирони шаҳир Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш шоирони шинохта Камол Насрулло, Зиё Абдулло, муҳаррири шуъбаи мактабҳои нашрияи «Омӯзгор», узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шодӣ Раҷабзод, шоир ва рӯзноманигор Азизмуроди Алиакбар иштирок намуданд. Сараввал китобҳои устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ муаррифӣ гардиданд. Ҳамчунин, хонандагон намунаи матоъҳои дӯхтаи худ, асбобҳои сохташуда ва мусаввараҳои зебояшонро ба намоиш гузоштанд. Ҳамоиш бо қироати шеърҳо аз эҷодиёти С.Айнӣ оғоз гардида, ҳамзамон, хонандагон саҳначаеро аз повести «Одина»-и нависанда пешкаши ҳозирин намуданд. Шогирдони мактаб аз ашъори ватандӯстонаи шоири сулҳпарвар Мирзо Турсунзода шеърҳои зиёде қироат намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти шоир, хусусан, мавзӯъ ва ғояю муҳтавои достонҳои ӯ суханронӣ карданд. Хонандагон ҳамчунин, аз ашъори шоири тавонои миллат Лоиқ Шералӣ, намунаҳо қироат карда, саҳнаеро аз силсилашеърҳои Лоиқ – «Илҳом аз «Шоҳнома» намоиш доданд.
Дар қисмати дуюми маҳфил сарвари мактаб Маҳбуба Назирова дар бораи эҷодиёти шоирон К.Насрулло ва З.Абдулло маълумот дод. Шоирон Камол Насрулло, Зиё Абдулло, Азизмуроди Алиакбар шеърҳои ба тозагӣ таълифнамудаи худро қироат намуданд. Рӯзноманигор Ш. Раҷабзод дар хусуси обрӯю нуфузи омӯзгор ва нақши бузурги таълиму тарбия дар ташаккули маънавии хонандагон сухан ронд.
Н. Охунзода,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр