Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти ибратомӯз

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Зулайхо Авғонова пас аз хатми ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ 16 сол мешавад, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и шаҳри Роғун ва баъдан мактаби №2-и ҳамин шаҳр ба хонандагони синфҳои  ибтидоӣ сабақ меомӯзонад. Муаллима машғулиятҳои худро рангину шавқовар, дар заминаи  сабку шеваҳои  нави таълимӣ, бо истифода аз васоити технологии замони муосир ва аёниятҳои чопӣ ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Робитаи З.Авғонова ҳамчун роҳбари синф бо падару модарони шогирдон зич буда, мавсуф дар машғулиятҳои тарбиявӣ  ва ҷамъомадҳои  умумимактабӣ онҳоро  даъват карда, бо натиҷаи донишазхудкунӣ ва ахлоқу одоби  фарзандонашон шинос менамояд. Хизматҳои муаллима бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шудааст.

Ҳокими САФАР, шаҳри Роғун


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш