Нашрияи Омӯзгор

Забон – василаи рушди тафаккур

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Дар охири асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комил ба даст овард. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ корҳои шоистае оид ба рушди соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ анҷом дода шуданд ва тадриҷан ҳамаи соҳаҳо рушду такомул ёфтанд.

Аз ҷумла, дар соҳаи фарҳанг  корҳои зиёди ба сомон расонида шуд ва дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар қасрҳои фарҳанг, театру марказҳои фарҳангӣ, китобхонаҳо ба фаъолият пардохтанд. Инчунин, ба яке аз рукнҳои давлатдорӣ ва ҳувиятсози ҷомеа  - забони тоҷикӣ  таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Бояд гуфт, ки 22  июли соли 1989 ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шуд. Дар замони истиқлолият Пешвои миллат ба ин ҷузъи фарҳанги пурғановати халқамон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд ва амалҳои шоистаро анҷом доданд. Ҳамин аст, ки 5 октябри соли 2009 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва ин рӯз – Рӯзи забони давлатӣ эълон шуда, ба феҳристи ҷашнҳои давлативу миллӣ ворид карда шуд.

Ҳамасола дар ин санаи муҳим  дар муассисаҳои таълимию фарҳангӣ ва пажӯҳишӣ конфронсу маҳфилҳои илмию амалӣ баргузор мегарданд. Оид ба таърихи забонамон таҳқиқоти бунёдӣ  анҷом дода шуда, асарҳои зиёди илмию таълимӣ ба вуҷуд омаданд. Соли равон аз қабули қонуни мазкур  10 сол сипарӣ гардид. Ба ин муносибат мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар баргузор гардид. Сарвари давлат  дар суханронӣ  дар баробари зикри пешравиҳо вазифаҳои зиёдеро дар назди масъулин гузоштанд, ки ҳалли онҳо ба рушду такомули бештари забони тоҷикӣ мусоидат хоҳад кард.  Аз ҷумла, таълифи  «Энсиклопедияи забони тоҷикӣ»-ро   амри ногузир арзёбӣ карданд. Ҳамчунин, Кумитаи забон ва истилоҳотро дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илм  дар таҳияи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030” муваззаф гардонданд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ  масъала нигаҳдошти забон аз муҳимтарин масъалаҳои ба ҳисоб меравад. Тибқи пажӯҳишҳои олимон, ҳамасола чандин забон аз байн меравад. Сарвари давлат вобаста ба ин таъкид доштанд: «…. раванди ҷаҳонишавӣ, пешрафти босуръати илму техника, аз ҷумла, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, фаъол гардидани шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин, бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо дар замони муосир ба забони давлатӣ низ таъсир мегузорад ва дар роҳи рушди табиии он монеаҳои сунъӣ эҷод мекунад. Бинобар ин, зарурати ба миён омадааст, ки милликунонии забони технологияҳои навин дар кишвар дар меҳвари таваҷҷуҳи сохтору мақомоти марбута қарор дошта бошад».  Сарвари давлат, ҳамчунин, аз истифодаи алфози қабеҳ миёни наврасону ҷавонон изҳори нигаронӣ намуданд.

Дарвоқеъ, бузургдошту ҳифзи забони давлатӣ аз ҳар яки мо - омӯзгорон масъулияти зиёд тақозо менамояд, зеро омӯзиши дурусти он аз муаллимон вобастагии амиқ дорад.  Ҳангоми қадами аввалин гузоштани кӯдакону наврасон ба таълимгоҳ, мебояд мураббиҳову омӯзгорон бо забони адабӣ сухан намоянд ва  аз истифодаи лаҳҷа дурӣ ҷӯянд.  Дар баробари ин, осори бадеиро вобаста ба синну соли хонандагон  барои омӯзишу мутолиа пешниҳод намоянд.  Агар мо хонандагонро ба мутолиаи пайвастаи китобҳои бадеӣ ҷалб намоем,  аз як тараф, ҷаҳонбиниву тафаккурашон рушд меёбад, аз ҷониби дигар, онҳо ба ин васила забон меомӯзанд ва дар навиштану суханронӣ ба ғалатҳо роҳ намедиҳанд.

Гулчеҳра НИЁЗОВА,

омӯзгори таъриху ҳуқуқи

мактаби №52-и

ноҳия Исмоили Сомонӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш