Нашрияи Омӯзгор

Дунёи маърифатбори китобҳо

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 832        Шарҳ: 0

 

Китоб ҳамчун сарчашмаи дониш ва муҳимтарин василаи саводомӯзӣ дар маркази раванди таълиму тарбия қарор дорад. Ҳеҷ як машғулиятеро бо шогирдон бидуни китоб тасаввур ва баргузор намудан имкон надорад.

Аз ин рӯ, дар васфи китоб ва дар таъкиди мавқею аҳамияти он бисёр суханони пурмазмуну муассиру дилписанд гуфта шудаанд. Чунончи, ин байт маъруф мебошад:

Бе китоб, эй дӯстон, дунёи

мо норавшан аст,

Тираю торик ҳамчун хонаи

беравзан аст.

Бояд бар он кӯшид, ки дар заминаи ҳамкории мактабу оила хонандагон ҳар чӣ зудтар ба китоб унс гиранд, онро дӯст доранд, бо меҳр варақ зананд. Чун хурдтаракон бори аввал ба остонаи мактаб қадам мегузоранд, дар қатори тадбирҳои муҳимтарин бояд ба онҳо дар бораи китоб маълумот доду дар ин хусус шеърҳо қироат кард. Бар он бояд кӯшид, ки хонандагон ба китоб чун ба дӯсти бовафою раҳнамо ва маслиҳатгари худ муносибат кунанд, онро бо муҳаббат ба даст гиранду тозаю озода нигоҳ доранд. Дар дарсгоҳи хонандагон дар радифи овезаҳои дигар бояд чанд лавҳ ороста бо байтҳову гуфтори ҳикматрез дар ситоиши китоб бошад. Омӯзиши қоидаҳои муносибат ба китоб ва қоидаҳои китобхонӣ яке аз аввалин машғулиятҳои тарбиявии омӯзгор бо шогирдон бояд бошад. Хонандагон бо пешниҳод ва ҳидояти омӯзгор бояд дар бораи китоб пораҳои шеърӣ, зарбулмасалу мақол, чистонҳо ва андарзҳо азёд намоянд ва маънои онҳоро шарҳ дода тавонанд. Яке аз тадбирҳои муҳим ва хеле таъсиргузор дар ҷодаи тарғиби китоб ташкил намудани дарси тарбиявӣ (ё саёҳати баъдидарсӣ) дар китобхонаи мактабӣ мебошад. Ба китобхона ворид шуда, хонандагон худро дар дунёи дигар дармеёбанд, онҳоро ҳолати гуворою ҳайратомехтае фаро мегирад. Дар китобхона хонандагон ва омӯзгори онҳоро китобдори мактаб пешвоз мегирад ва идомаи машғулият бо роҳбарии ӯву омӯзгор ҷараён мегирад. Нахуст ҳамагон бо суратномаю лавҳу овезаҳои китобхона, гӯшаҳои гуногун ва рафҳои китоб шиносоии умумӣ пайдо мекунанд. Машғулият бо шеърхонии хонандагон дар васфи китоб оғоз меёбад. Сипас, китобдор дар бораи китоб, китобхона ва таърихи китобофарӣ ҳикоят мекунад. Омӯзгор бо китобдор дар якҷоягӣ (нақли ҳамдигарро такмил бахшида) хонандагонро бо қоидаҳои ворид гаштан ба китобхона, узви китобхона шудан, дар китобхона чӣ гуна рафтор кардан, китобҳоро чӣ хел нигоҳ дош-тан, онҳоро аз рафҳо чӣ тавр дарёфтан… шинос менамоянд. Махсус таъкид мешавад, ки ҳар китоб бояд эҳтиёт карда шавад, он бояд тозаю озода бошад ва дар вақти муайяншуда ба китобхона баргардонда шавад. Дар китобхона паст сухан гуфтан ва дар толори қироат ба хомӯшӣ риоя кардан муҳим мебошад. Дар ин маркази маърифат, ҳамчунин, метавон рӯзномаю маҷаллаҳоро дастрас намуд. Хонандагон дар тамоми давраи таҳсили худ дар мактаб бояд бо китобхона ҳамкорӣ дошта бошанд, узви фаъоли он гарданд…

Ин ҳама тадбирҳои муассиру муҳим барои эҳтирому муҳаббати самимӣ пайдо кардани хонандагон нисбат ба китоб дар ҷараёни саводомӯзии онҳо нақши барҷаста доранд.

Гулчеҳра ЗАРИФОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш