Нашрияи Омӯзгор

Маъхазҳои гуногун дар дарс

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 777        Шарҳ: 0

 

Ҳангоми таълими мавзӯъҳои дарсӣ аз фанни таърих омӯзгор метавонад аз маъхазу сарчашмаҳои гуногуни мустанади илмӣ, ёддоштҳои шахсони таърихӣ ва дигар манбаъҳо истифода намояд. Корбурди сарчашмаю адабиёти муътамади илмӣ-таърихӣ, ки дар заминаи далел ва асноди мавҷуда таълиф гардидаанд, барои дониши мукаммал ҳосил намудани хонандагон мусоидат мекунад. Аз ҷумла, ман ҳангоми баёни мавзӯи «Шӯриши соли 1916 дар Осиёи Миёна» (дар синфи 10) аз якчанд асар, амсоли «Маҷмӯаи ҳуҷҷатҳо», (нашриёти давлатии Тошкент, с. 1932») «Револютсия дар Осиёи Миёна» (маҷмӯаи 1, Душанбе - Самарқанд, соли 1931), «Бистсолагии шӯриши соли 1916 (Сталинобод, с.1936) ва ғайра истифода мекунам. Дар хусуси сабабу омилҳои сар задании шӯриши соли 1916 дар китоби «Маҷмӯаи ҳуҷҷатҳо» (саҳ. 13-25) чунин маълумот омадааст.

«Дар аввалҳои моҳи июни соли 1916 маъмурияти подшоҳӣ Укази Николаи 2-ро дар бораи ба корҳои сохтмонии истеҳкомҳо ва роҳҳои ҳарбии райони амалиёти ҷанг сафарбар намудани аҳолии маҳаллӣ ба халқ эълон кард.

Мувофиқи Укази подшоҳ ҳар як вилояти ин кишвар мебоист бо миқдори зиёд коргар медод, вале тамоми вазнинии ин тадбир ба гардани камбағалон афтид, зеро савдогарон, бойҳо ва дигар табақаҳо аз сабаби дурӯягии амалдорон метавонистанд пора дода, ҷони худро халос кунанд ё ба ҷои писарони  худ фарзандони камбағалонро киро намоянд. Маҳз ҳамин буд сабаби асосии саршавии шӯриши соли 1916 дар Осиёи Миёна».

Истифодаи маълумоти таърихӣ аз сарчашмаҳои гуногуни мустанад дарсро ҷолибу шавқовар мекунад.

 

Зеваргул ХОРКАШЕВА,

омӯзгори таърих


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш