Ҳар омӯзгор мекӯшад, ки шогирдонаш нисбат ба фанни тахассусии ӯ шавқу завқ, меҳру муҳаббат дошта бошанд. Барои ин омӯзгорро мебояд, ки ҳар як машғулияташро бо шогирдон рангину дилпазир, пурмазмун ва дар сатҳи баланд баргузор намояд.
Яке аз роҳҳое, ки эътибору диққати шогирдонро ба омӯзиши фанҳои дақиқ, аз ҷумла, физика афзун мекунад, дар мавридҳои мувофиқ ба онҳо нақл кардан дар бораи шахсиятҳои барҷаста, олимони маъруфи соҳа мебошад. Вобаста ба ин, дар дарсҳо ва машғулиятҳои гуногуни марбут ба фанни физика ба таври фаҳмою муассир ба хонандагон ҳикоят кардан оид ба ҳаёт ва фаъолияти варзидатарин физикадонҳои олам хеле манфиатбахш хоҳад буд. Дар ин маврид, пеш аз ҳама, номи донишманди тавоною беҳамтои аҳди қадим Архимед ба ёд меояд. Корномаи илмии ин олими тавоно бағоят бузург буда, осори пурмуҳтавояш то имрӯз дар саросари олам омӯхта мешавад ва ба барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаву олӣ низ ворид гардидааст. Архимед солҳои 287-212-и то милод дар шаҳрчаи Сиракузаи Юнон зиндагӣ кардааст. Падараш Фидий олими маъруфи ситорашинос будааст. Архимед дар донишсарои машҳури Искандария, ки дар он беҳтарин устодону олимони давр гирд омада буданд ва ин донишсаро бузургтарин китобхонаи замонро дошт, таҳсил кардааст. Архимед физикадон, риёзидон ва механик буд ва ҳамчун асосгузори назарияи механика ва гидростатика шинохта мешавад. Дар таърихи илм Архимед ҳамчун нахустин муҳандис эътироф шудааст. Асарҳои ин донишманди варзида оид ба статика ва гидростатика дар илмҳои риёзию физика таҳаввулот ба вуҷуд овардаанд. Архимед татбиқгари назария дар амалия буд ва ҳамчун ихтироъкор, кошифи якчанд асбоби механикӣ эътироф шудааст. Аз намунаҳои ихтирооти ӯ чархи Архимед, фишанги Архимед (асбоб барои бардоштани ашёи вазнин ва сангпартоӣ (бо ҳадафҳои ҳарбӣ) ва монанди инҳоро номбар кардан мумкин аст. Ба воситаи асбоби дигари ихтироъкардаи Архимед, ки парраҳои архимедӣ ном дошт, заминҳои зиёде обёрӣ карда шуданд.
Архимедро асосгузори илми физикаи математикӣ меноманд. Рисолаҳояш «Оид ба баробарии шаклҳои ҳамвор», «Оид ба ҷисмҳои шинокунанда» ин гуфтаҳоро собит мекунанд. Архимед дастгоҳи механикие сохт, ки тавассути он ҳаракати сайёраҳоро дар кайҳон мушоҳида кардан мумкин буд.
Мегӯянд, ки ин олими тавоно қариб бидуни танаффус ба таҳқиқу омӯзиш ва ихтироъкорӣ шуғл меварзид. Ҳатто, чунин воқеъ афтод, ки ӯро ҳангоми ба ҳалли муаммои илмие машғул буданаш душманон ба ҳалокат расонданд.
Архимед тавассути фидокориҳояш дар арсаи илм номашро дар таърихи илми ҷаҳон ҷовидон сохт.
Мамлакат Назарова,
омӯзгори физика
Иловакунӣ
Иловакунии фикр