Масъалаи сифати таҳсилот яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар маҳсуб ёфта, рушди соҳаи маориф аз он вобастагии калон дорад.
Вақте ки сухан дар бораи сифат меравад, пеш аз ҳама мо бояд маънои онро кушода, маънидод карда, фарқияти сифати таҳсилот ва сифати таълимро аз ҳамдигар ҷудо намоем.
Омилҳои асосии муайянкунандаи сифати таҳсилот инҳоянд:
1.Ҳайати профессорону устодон;
2.Таъминоти таълимӣ-методӣ;
3.Пояи моддию техникӣ;
4.Неруи зеҳнии муассисаи таълимӣ;
5.Донишҷӯён (хонандагон) ва хатмкунандагон.
Чӣ тавре ки зикр гардид, сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ аз якчанд омил вобастагӣ дорад. Дар баланд гардидани сатҳу сифати таҳсилот, пеш аз ҳама, таъминоти кадрии муассиса бояд ҷавобгӯи талабот бошад. Муассисаҳои таълимӣ бояд дорои омӯзгорони соҳибкасбу соҳибмаълумот бошанд, яъне, ба забони маъмулӣ агар ифода намоем, онҳо бояд на танҳо мутахассиси дипломдор, балки мутахассиси дорои малакаҳои зарурии омӯзгорӣ бошанд.
Омили дигаре, ки метавонад дар баланд гардидани сифати таҳсилот мусоидат намояд, таъминоти раванди таълим бо маводи таълимӣ, адабиёти дарсӣ ва дигар маводи таълимии ёрирасоне бошад, ки хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ба таври васеъ аз он истифода менамоянд.
Ҳамчунин, муассисаи таълимӣ бояд пояи моддию техникии мустаҳкам дошта бошад ва барои қонеъ гардонидани талаботи барномаи таълимӣ дорои кабинет ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳазгардонидашуда бошад.
Неруи зеҳнии муассисаи таълимӣ низ дар баланд гардидани сифати таҳсилот метавонад мусоидат намояд. Он бояд сари вақт ва дақиқ масъалаҳои муҳими фикриро ҳал намуда, дар муассисаи таълимӣ рушди босуръату таълими донишҳои нав ва малакаҳои зеҳниро таъмин намояд.
Хонандагону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ низ дар баланд гардидани сифати таҳсилот ҳамчун субъектҳои раванди таълиму тарбия аз ҳуқуқ, вазифа ва ҳифзи иҷтимоии худ бояд бархӯрдор бошанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» истифода карда мешаванд, сифати таҳсилот-маҷмӯи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи давлатӣ маҳсуб ёфта, сифати таълим-тарзи ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим, ки дар натиҷаи он шахс соҳиби таҳсилот мегардад, мебошад.
Модоме ки сифати таҳсилот маҷмӯи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатӣ бошад, пас мо, пеш аз ҳама, бояд стандартҳои давлатии таҳсилотро маънидод намоем. Тибқи мафҳуми асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», стандартҳои давлатии таҳсилот - маҷмӯи меъёрҳое мебошанд, ки мазмуни таҳсилот, моҳияту муҳлати таълим, ҳаҷми сарбории таълимӣ, сатҳи азхудкунии донишро аз тарафи таълимгирандагон ифода намуда, талаботи асосӣ ба таъмини раванди таълим, мазмуну мундариҷаи барномаҳои таълимӣ ва баҳогузории сатҳи донишро дар муассисаҳои таълимӣ бо назардошти дастовардҳои миллӣ ва умумибашарӣ муайян мекунанд. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иҷрои стандартҳои давлатии таҳсилот ҳатмӣ буда, тартиби таҳия, тасдиқ ва ҷорӣ кардани стандартҳои давлатии таҳсилотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Ҳамчунин, моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» идоракунии сифати таҳсилот номгузорӣ гардида, тибқи он идоракунии сифати таҳсилот сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маорифро амалӣ карда, низоми ягонаи миллии баҳогузорӣ ба сифати таҳсилотро муайян ва самаранокии онро таъмин менамояд. Идоракунии сифати таҳсилот бо усулҳои баҳогузории дохилӣ ва берунӣ дар асоси натиҷаҳои мониторинг ва қабули қарорҳои идоракунӣ дар муассисаи таълимӣ амалӣ мегардад.
Баъд аз таъсиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф (ҚҲҶТ аз 03.03.2007, №105) ва шуъбаю бахшҳои он дар назди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар асоси фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.03.2007, №330 дар ҳамаи зинаҳои таълим шуъба, бахш ва гурӯҳҳои назорати сифати таълим таъсис дода шуда, бо мурури вақт ва талаботи замон онҳо тибқи фармоишҳои вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (аз 05.07.2010, №770), таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (07.10.2010, №2460) ва барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (04.03.2013, №497) ба шуъба, бахш ва гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот табдили ном карда, айни замон дар муассисаҳои таълимӣ бо ҳамин ном фаъолият намуда истодаанд. Фаъолияти асосии онҳо, асосан, ба муайян намудани сатҳу сифати таҳсилот нигаронида шудааст.
Имрӯзҳо зери мафҳуми сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таълим мо натиҷаи пешрафти хонандагон ва донишҷӯёнеро дар назар дорем, ки онҳо бо баҳои хубу аъло мехонанд ва тибқи меъёрҳои муайянкунанда айни замон дар ҳамаи зинаҳои таълим, асосан, ҳамин ченак истифода бурда мешавад. Дар баробари ин, зимни муайян намудани сифати дониши хонандагону донишҷӯён ченаки дигар-дараҷаи донишазхудкунӣ истифода мегардад, ки он аз натиҷаи баҳоҳои 3, 4, ва 5 бармеояд.
Сатҳи донишазхудкунӣ ин дараҷаи аз худ кардани донишҳо, маҳорат ва малакаҳое, ки барномаи таълимӣ аз нуқтаи назари мукаммалии онҳо, амиқӣ ва мустаҳкамӣ муқаррар кардааст, маҳсуб меёбад. Ва натиҷаи он тавассути холҳои баҳогузорӣ ифода ва муайян карда мешавад.
Бояд қайд намоем, ки зарурати таҷдиди назар кардани меъёри муайян намудани сатҳу сифати дониш ба миён омадааст. Чунки он меъёрҳои муайянкунандае, ки дар зинаи таҳсилоти умумӣ истифода мешаванд, аз соли 2002 ибтидо гирифта, бори охир бо каме таҳриру дигаргунӣ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.06.2017, №8/17 тасдиқ карда шудаанд.
Дар баробари ин, сатҳи донишазхудкунии хонандагони муассисаҳои таълимиро ҳамчун меъёри муайянкунанда ба инобат гирифта, барои ҳар як намуди муассисаи таҳсилоти умумӣ фоизи онро илман асоснок карда, бояд ҷиҳати муайян кардани сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунӣ барои ҳамаи мақомоти санҷишгари соҳаи маориф асбоби санҷишӣ ва талаботи меъёрӣ ягона бошад.
Тақдиршо Тақдиров,
муовини сардори раёсати назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилоти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, номзади илмҳои педагогӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр