Нашрияи Омӯзгор

Парчамат бодо парафшон!

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

Ман дар арафаи Рӯзи Парчами миллӣ бо шогирдонам дар мавзӯи “Муқаддасоти Ватан” дарси тарбиявӣ гузарондам. Нахуст маърӯзаҳои тайёркардаи хонандагон дар мавзӯъҳои “Ватан – хонаи умед”, “Мо - насли ояндасоз”, “Истиқлолияти Тоҷикистон”, “Муқаддасоти Ватан”, ки кӯтоҳу пурмазмун буданд, аз ҷониби аҳли синф шунида шуд.

Сипас, ба хонандагон бо саволҳои зерин муроҷиат кардам :

1.Ватан чисту ватандор кист?

2.Парчами Тоҷикистон кай пазируфта шуд?

3. Вазифаи шумо дар пешравии Ватан?

Баъди шунидани посухҳои хонандагон дар бораи яке аз муқаддасот - парчам илова кардам, ки “парчам” аслан калимаи суғдӣ буда, пораи матоеро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебастанд. Ин вожа аз забони суғдӣ ба туркӣ ва аз он ба форсӣ дохил шудааст. Куҳантарин нишони кишвардории тоҷикон парчаме бо номи “Дирафши ковиёнӣ” ё “ Ахтари ковиёнӣ” буд. Он чармпораи оҳангарие буд, ки Кова бар сари найза гирифта, зидди Заҳҳок шӯриш бардошт. Баъди пирӯзии шӯришгарон ва ба тахт нишастани шоҳ Фаридун ин парчам  давлатӣ гардид. ...Пас аз ба истиқлолияти давлатӣ расидан Тоҷикистон соҳиби Парчами миллӣ гашт. Вазъи ҳуқуқӣ, омодасозӣ, андоза ва корбурди Парчамро қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 254, аз 12 маи 2007) “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”муқаррар мекунад. Парчаме, ки ҳоло дар ҳудуди пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе парафшонӣмекунад, аз ҷиҳати андоза дар ҷаҳон  пас аз парчами давлатии Арабистони Саудӣ дар ҷои дуюм меистад.

Дар идомаи дарс аз хонандагон хоҳиш мекунам, ки муродифҳои  калимаи парчамро номбар кунанд. Чун толибае калимаҳои ливо, байрақ ва аламро номбар кард, супориш додам, ки байтҳое аз ёд гӯянд, ки дар дохилашон ҳамин калимаҳо истифода шуда бошанд.

Байтҳои зерин садо доданд:

Шоҳи маънӣ, ту алам бардор,

Сӯи мулки сухан қадам бардор.

(Ҳилолӣ)

Дирӯз баъди борон тирукамон баромад ,

Байроқи навбаҳорон партавфишон баромад.

(Турсунзода)

... Дигар хоҳад ливои ҳамдилиро

Бубинад дар кафи ҳар халқи дунё.

(М. Миршакар)

Субҳи бинои туро ман дидаам дар чашмҳои

хираи пири Хуросонӣ,

Парчами ту парфишон аст аз дами боди ливои

ковиёнӣ.

(Гулназар)

Байтҳои зеринро дар тахтаи синф навишта, шарҳ додам, ки дар адабиёти классикӣ роят низ ба маънои парчам омадааст!

Ин ҳикоят шунав, ки дар Бағдод

Рояту пардаро хилоф афтод.

(С. Шерозӣ)

Дар охир ба хонандагон супориш медиҳам, ки баробари ба мавзӯи нав:”Дӯстӣ сарҳад надорад” тайёр шудан ба муродифҳои калимаҳои «алам» ва «пул» мисолҳо навишта оянд.

Дилрабо Мамаднабиева,

омӯзгори мактаби №59, шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш