Нашрияи Омӯзгор

Дарси «сегона»

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 832        Шарҳ: 0

 

Ҳамчун анъана ман бо шогирдонам бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ дарсҳои иловагӣ баргузор менамоям. Ҳамин гуна дарс ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ низ созмон дода мешавад.

Барои он ки дарс шавқовару ҷолиб бошаду диққати хонандагонро ҷалб намояд, дар оғози он бо аҳли синф эълон менамоям, ки дарси имрӯзаи мо ба Парчами миллӣ бахшида мешавад ва он бо рақами 3 иртибот дорад.

Чаро маҳз рақами 3? Ин ҷо омили аввал маъмул будани ин рақам бошад, омили дигар ба ҳисоб гирифтани вақт ба  шумор меравад. Дар ин дарс аз суханони Пешвои миллат оид ба Парчами миллӣ 3 иқтибос меоварем, дар бораи Парчами миллӣ 3 шеър мехонем, 3 чистон мегӯем ва 3 ҷумлаи ҷолиб (бо маънои тоза, на ҷумлаҳои забонзад) мураттаб месозем.

Ҳамаи шартҳо дар заминаи иштироки фаъоли хонандагон ва раҳнамоии омӯзгор иҷро карда мешаванд. Се иқтибос аз гуфтаҳои Пешвои миллат: 1. «Парчами миллии мо нишона аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик аст», 2. «Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост», 3. «Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад».

Се шеър аз се  шоири тоҷик-Гулназар («Таронаи парчам»),  Ҳақназар Ғоиб («Парчами мо») ва Камол Насрулло («Парчами фирӯзӣ») дар дарс садо медиҳад. Нахустбанди шеъри аввал:

Парчами армони тоҷик,

Шуълаи имони тоҷик,

Оташи виҷдони тоҷик,

Сар зада аз ҷони тоҷик.

Нахустбанди шеъри дуюм:

Аз талъати хуршедӣ дар

Парчами мо нур аст,

Дар парчами мо ахтар, файзи

нафаси ҳур аст.

Дар хунраги сурхи он хуне зи

Каён ҷорист,

Дар Парчам, аё миллат,

мероси вафодорист.

Нахустбанди шеъри сеюм:

Парчами миллати сарфароз,

Парчами халқи озоди ман.

Дар самои Ватан парфишон

Парчами фатҳу иршоди ман.

Се чистон дар бораи Парчам:

1.Дар баландӣ парфишон,

Ифтихори миллат он.

2.Ҷояш ҳамеша болост,

Нишони ҳастии мост.

3.Сурху сафеду сабз аст,

Болои сар ҷилвагар.

Канӣ, гӯед, бачаҳо,

Чиро дорем дар назар?

Се ҷумлаи ҷолиб: 1.Парчам таърихи беш аз сеҳазорсола дорад ва нахустин парчамҳо дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо шудаанд. 2.Парчами Аморати Бухоро охирин парчами тоҷикон то Инқилоби Октябр буд. 3. Дар Қутби Шимол бори аввал Парчамро 6 апрели соли 1909 Роберт Пирӣ афрохт.

Дарси иловагӣ вобаста ба шарҳу тафсир ва қироати ҳамин се шарт ҷараён меёбад ва ин дарсро метавон рамзан дарси «сегона» номид.

Гулсара Мавлонназарова,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш