Нашрияи Омӯзгор

Ливои муқаддас

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

Мо – аҳли байт суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати  Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи симо тамошо мекардем. Духтарчаам Олиҳа, ки имсол дар синфи якум таҳсил мекунад, бо ҳисси кунҷковӣ пурсид:

-Модарҷон, ман Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз тарафи дасти рости Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истодааст, хуб мешиносам. Аммо аз тарафи дасти чапашон чӣ гуна парчам бошад?  Он парчами кадом давлат аст?

Моҳияти парчами дувумро ба ӯ шарҳ додам:

- Ин Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки яке аз рамзҳои расмии ҳокимияти Президентӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

   -- Ливо чист, модарҷон?—боз мепурсад Олиҳаи зирак.

   -- Ливо – байрақ, парчам аст.  Ливои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз се рахи уфуқии ҳамранги Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, аз матои махмалини хоси росткунҷа омода карда шудааст. Паҳноии рахҳои сурху сабз ба ҳам баробар буда, паҳноии рахи сафед якуним баробари яке аз рахҳои рангаро ташкил медиҳад.

Даври Ливо бо ресмони зарҳалин дастдӯзӣ ва бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст. Дар маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» омадааст, ки он нишони хос ва босуботи давлатдории миллӣ  аз даврони қадим аст. Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза тасвир ёфтааст, ки рамзи ирода ва қудрати ҳифзи давлат мебошад…

Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як Президент ба Президенти дигар расман супурда ва ба таври хосса нигоҳдорӣ мешаванд.

Ин Ливо ҳамчун табиати нотакрори кишвар ва мардуми шарифи он зебову пуранвор ва бошукӯҳ аст.

Акнун донистӣ, Олиҳабону, ки ин ливо чӣ гуна ливо будаст?--  гуфта, аз чеҳраи шукуфтаву қаноатманди ӯ дилам лабрези фараҳ гардид. 

- Бале, модар, ба дугонаҳоям низ дар бораи ин Ливо ҳикоят мекунам, то онҳо бехабар намонанд…

Мо, омӯзгорон, ифтихор аз  давлати ҳуқуқбунёде дорем, ки дар он    зиндагӣ карда, ба насли наврас гаронбаҳотарин арзишҳои миллӣ ва муосирро омӯхта, аз хурдсолӣ дар замири онҳо тухми адолат, садоқат ба ватан, инсондӯстӣ ва пос доштани забону миллати хешро  мепарварем.  Зери Ливою Парчами муқаддаси он самаранок меҳнат карда, кӯшиш менамоем, ки Истиқлолияти давлатӣ ва музаффариятҳои тайи 28-соли соҳибистиқлолӣ бадастовардаи халқи шарифи хешро нигоҳ медорем.

Олима Саидмуродова,

омӯзгори мактаби №56-и ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш