Нашрияи Омӯзгор

Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ…

Ҳунар, касб, пеша омили муваффақият ва ҳаёти саодатмандонаи инсон дар ҷомеа мебошад. Шахси ҳунарманд дар ҳама ҳолат ниёзи иҷтимоӣ ва осудагии хешро таъмин менамояд ва дар ҷомеа соҳиби обрӯю эътибори шоиста мегардад.

Ҷомеаи имрӯза ба шахсони донишманду ҳунарманд эҳтиёҷи зиёд дорад. Бо ташаббуси Пешвои миллат солҳои 2019-2012 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин омил имкон фароҳам овард, ки касбу пеша ва ҳунарҳои қадимии халқамон аз нав эҳё гарданд ва коргоҳҳои наву замонавӣ дар ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.  Дар муассисаҳои таълимӣ низ ба ҳунаромӯзии наврасон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Шоире дар ин боб гуфтааст:

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,

 

Дар муассисаи таълимии мо ба масъалаи ҳунаромӯзии духтарон эътибори махсус дода мешавад. Маҳфилҳои гуногун роҳандозӣ ва духтарон ба онҳо ҷалб гардидаанд. Мо - омӯзгоронро зарур аст, ки дарсҳои  таълими меҳнатро дар сатҳи баланд роҳандозӣ намоем, то наврасон баъди хатми мактаб соҳиби касбу пешаи дилхоҳи худ гарданд. 

 

Марзия АБДУҒАНИЕВА,

омӯзгор


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш