Дар робита ба Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати 22 нафараи ректорҳо ва муовинони ректорҳои як қатор мактабҳои олии Ҷумҳурии Белорус ба ҷумҳурии мо ташриф оварданд. Бо мақсади ҳамкории минбаъда ва имзои як қатор шартномаҳо дар «Кохи Афсарон» - и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳамкориҳои Ҷумҳуриҳои Белорус ва Тоҷикистон: вазъ, ояндабинӣ, инкишоф» мизи мудаввар барпо гардид.
Муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев зимни шодбошӣ ва муаррифии меҳмонон аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазоратҳои маориф ва илми ҳарду ҷумҳурӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки чунин суҳбату муколамаҳо ба пешрафти маорифи ҳарду мамлакат мусоидати бештаре хоҳад кард. Имрӯз дар ҳарду ҷумҳурӣ донишҷӯён, аспирантон ва олимон вобаста ба соҳаҳои худ таҳсил, таҳқиқ ва ҷустуҷӯҳои илмиашонро идома дода истодаанд. Айни замон дар муассисаҳои олӣ ва илмии Ҷумҳурии Белорус 502 нафар аз Тоҷикистон фаъолият доранд. Аз ин 144 нафарашон дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ, боқимондаҳо дар асоси маблағҳои шахсӣ кору фаъолият мекунанд. Ҳоло табодули донишҷӯён ва факултаҳои муштарак бо 2 муассисаи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ДМТ ва ДДТТ ба номи М. Осимӣ ба роҳ монда шудааст.
Муовини аввали вазир аз он изҳори сипос ва хушнудӣ кард, ки ба хотири гиромидошти ному пайкори Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, тоҷикписар Домулло Азизов яке аз муассисаҳои таълимии Белорус ба номи ӯ гузошта шудааст.
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Белорус ба номи Максим Танк Александр Иванович Жук аз номи кулли ҳамроҳонаш барои пазироӣ ва ҳамкории минбаъда изҳори сипос намуда, гуфт, ки минбаъд ҳамкориҳо идома хоҳанд ёфт. Ректори донишгоҳи миллӣ – техникии Белорус Сергей Василевич Харитончик пешниҳод кард, ки бояд, хусусан, ба масъалаҳои марбут ба муҳандисӣ бо ҳамдигар татқиқотҳои муштарак гузаронда шавад. Дар ин донишгоҳ донишҷӯёни тоҷик низ таҳсил доранд ва хеле фаъоланд. Онҳо дар таҷлили ҷашнҳои миллиашон низ ҳунари хуб доранд. Мо аз онҳо расму таомули тоҷиконро меомӯзем.
Дар назар гирифта шудааст, ки як қатор созишномаҳо, имзои шартномаҳо байни вазоратҳои ҳарду ҷониб ва байни муассисаҳои олии касбии Тоҷикистону Белорус амалӣ мегарданд.
Ҳотами Ҳомид,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр