Нашрияи Омӯзгор

Куҳантарин рамзи давлатдорӣ

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих мерасад. Дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар шарҳи Эрон ливои хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз милод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин ливо дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.

Бо мурури замон ливо тағйир ёфта, шакли ягона ва мукарраршуда ба худ гирифт. Ба он акнун тасма ва ё пораи латтаро насб мекарданд. Илова шудани матоъ ба ин рамзи қадима ҷиҳати дигареро хусусияти ҳатмӣ бахшид: акнун он бояд ҳатман дар ҳаво алвонҷ мехӯрд ва ин хусусиятро танхо матоъ метавонист дошта бошад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, аввалин ливои матоӣ (то ин вакт пӯстӣ, пашминагӣ, филизӣ ва ғайра истифода мешуданд) дар Чин ба вуҷуд омадааст. Ба эҳтимоли ғолиб, ин ба он вобаста буд, ки Чин маркази истеҳсоли масолеҳи абрешимие ба шумор мерафт, ки ба тамоми чахон содирот мешуд.

Ливо акнун матоеро ташкил медод, ки ба чӯб насб шуда, бо рамзҳо ва аломатҳои гуногун ороиш меёфт. Матоъро  аз тасмаҳои рангаи мухталиф омода ва ранг мекарданд.

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ дар ҷое ливо дар шакли чарминаи муқаррарӣ (Дирафши Ковиён) ва дар чои дигар дар шакли чарминае, ки дар он сурати гавазн акс ёфтааст (Дирафши Сиёвуш), зикр мешавад.

Дар Аврупо чунин ливоҳо каме баъдтар ба вуҷуд омаданд ва ба якчанд намуд ҷудо шуданд: давлатӣ, ҳарбӣ, динӣ…

Парчам вобаста ба он ки чӣ «хизмат»-ро адо мекунад, метавонист андозаи куллан гуногун дошта бошад. Бар замми ин, ҷуз вазифаи даркнамоӣ ва ҷудокунӣ парчам акнун барои ифодаи мавқеи сиёсӣ, варзишӣ ва шахсӣ истифода мешуд.

Дар парчам метавонад ҳадафҳои инқилобӣ (соли 1789 дар Фаронса), созандагӣ ва рушд (досу болға дар парчами давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ) ва сохторию идеологӣ (калимаи шаходат дар парчамҳои давлатҳои исломӣ) истифода шавад.

Дар замони мо парчам ба ҷузъи асосии фаъолияти ташкилотҳо ва созмонҳо низ табдил ёфтааст. Ягон гирдиҳамоӣ, мусобиқаи варзишӣ, бозӣ, интихобот ва маъракаҳои таблиғотию ташвиқотӣ бе истифодаи парчам сурат намегирад.

Вобаста ба махсусиятҳои вазифавиашон парчамҳо кӯчагӣ (хиёбонӣ), ҳуҷравӣ, рӯйимизӣ, ороишӣ (парчамҳое, ки барои ороиш истифода мешаванд), парчамҳои дастӣ (барои чорабиниҳои оммавӣ) мешаванд. Вобаста ба мансубияти сохториашон парчамҳо ба чунин навъҳо: парчами давлатӣ (умумӣ), парчами вазоратҳо ва муассисаҳо, парчами ташкилотҳои ҷамъиятӣ, парчами ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ, парчами фирмавӣ (парчам бо логотипи ширкат) ҷудо карда мегарданд.

 

Абдуҳафиз Абдуқодиров,

устоди коллеҷи муҳандисӣ-

омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов,

номзади илми таърих


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш