Нашрияи Омӯзгор

Ноҳияи Тоҷикобод: эҳтиёҷ ба синфхонаҳои иловагӣ боқӣ мондааст

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

Ба ноҳияи Тоҷикобод сафари мо бори дувум иттифоқ афтод ва дидем, ки кормандони шуъбаи маориф бозҳам он дар ҳамон  бинои куҳна фаъолияти худро идома дода истодаанд. Мудири тозатаъйини шуъбаи маориф Маҳраҷаб Гулов ба мо сараввал дар хусуси ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шудани омӯзгорон иттилоъ дод.

Ҳамзамон, зиёда аз 320 нафар омӯзгор давра ба давра ҷиҳати омӯзиши усули муносибати босалоҳият ба таълим ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Бо мақсади аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон ҳамагӣ 72000 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки барои амалӣ шудани нақша нокифоя аст. Дар ноҳия норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии деҳаҳои дурдаст ба назар мерасад.

-Боиси хурсандист, ки зимни сафари худ ба ноҳия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия баҳри бартараф намудани норасоии кадрӣ дар давоми ду сол 76 квотаи Президентии иловагӣ тақдим намуданд, - иброз дошт М.Гулов ва афзуд, ки имсол аз ин ҳисоб 38 нафар, аз ҷумла, 10 духтар ба донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ дошта) дохил гардиданд. Илова ба ин, барои хатмкунандагони мактабҳои ноҳия бо иқдоми Президенти кишвар 103 квота ҷудо карда шуд. Феълан дар ҳудуди ноҳия 43 муассисаи таълимӣ ва як муассисаи томактабӣ бо номи «Парасту» мавҷуд буда, дар назди таълимгоҳҳои рақамҳои 1,4,6 интернатҳои наздимактабӣ амал мекунад, ки дар онҳо 79 нафар кӯдакони ятим аз оилаҳои камбизоат ва имконияти маҳдуддошта аз деҳаҳои дурдаст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ба тасдиқи мудир, солҳои охир дар ноҳия ба сохтмону азнавсозии биноҳои муассисаҳои таълимӣ аз тарафи Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳукумати маҳаллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Сохтмони бинои иловагӣ иборат аз 6 синфхона аз ҳисоби буҷети  маҳаллӣ дар назди муассисаи таълимии №27,  шаш синфхона аз ҳисоби ҳукумати ноҳия дар назди муассисаи таълимии №2 идома дорад. Инчунин, бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди беш аз даҳ мактаб айни ҳол идома дорад.

-Сарфи назар аз ин ҳама, - мегӯяд М.Гулов, - бинои аксар муассисаҳои таълимӣ куҳнаю фарсуда гардида, ба синфхонаҳои иловагӣ эҳтиёҷманданд. Баъзе мактабҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Сабаби асосии нарасидани синфхонаҳо дар он аст, ки шумораи хонандагон сол то сол зиёд шуда истодааст. Дар даври минтақавии олимпиадаи фаннӣ, ки дар ноҳияи Рашт гузаронида шуд, 68 нафар хонандаи муассисаҳои  таълимии ноҳия  иштирок карда, ҳаждаҳ нафар  сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

-Иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ моро қаноатманд карда наметавонад,-изҳор дошт мудир. - Дар даври минтақавии олимпиада, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, аз 25 нафар ғолиби даври ноҳиявӣ танҳо як нафар (хонандаи мактаби №4, Насибаи Ҷумъабек) аз фанни биология сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиду халос. Хонандаи синфи ҳаштуми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 Меҳроб Абдусатторов дар озмуни «Библиомарафон», дар байни 72 дов--талаб аз шаҳру навоҳии кишвар ғолиб дониста шуд. Феълан дар муассисаҳои таълимии ноҳия 320 адад компютер мавҷуд буда, 72 адад компютери вайрон таъмир карда шуданд. Бо вуҷуди ин, алҳол 77 адад компютер таъмирталаб ва 44 адади дигар корношоям мебошанд. Дар таълимгоҳҳои ноҳия «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои солҳои 2018-2022» 63 фоиз иҷро гардидааст.

Мудир перомуни фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф сухан ронда, зикр намуд, ки маҳфилҳо дар муассиса кори худро дуруст ба роҳ мондаанд, вале ташкили маҳфилҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба талаби рӯз ҷавобгӯ  намебошад.

-Бояд қайд кард, ки фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ нигаронкунанда мебошад,-изҳори таассуф намуд М.Гулов. - Мониторинги сифати таҳсилот аз фанҳои таълимӣ ба таври бояду шояд гузаронида намешавад. Қисмати зиёди роҳбарони гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот ба моҳият ва мақсади кори худ сарфаҳм намераванд. Дар мактабҳо меъёри баҳогузорӣ риоя нашуда, ба дониши хонандагон баҳои баланд гузошта мешавад. Таҳлилҳо бозгӯйи онанд, ки омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва иштирок ба дарсҳои омӯзгорон қонеъкунанда набуда, директорон ва муовинони онҳо оид ба бахши таълим ба ин масъалаи муҳим аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Тавсияҳои методӣ ва дастурҳои омӯзишӣ ба омӯзгорон ба таври зарурӣ расонда намешавад. Омӯзгорони ҷавон, аз ин лиҳоз, нозукиҳои касби омӯзгориро аз худ карда наметавонанд. Масъалаи бо сару либоси ягонаи мактабӣ таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар маркази таваҷҷуҳи шуъбаи маориф қарор дошта, соли ҷорӣ бо 4 коргоҳи дӯзандагӣ шартнома баста шуда, тибқи нақша бояд 4811 ҷуфт либоси мактабӣ харидорӣ карда мешуд. То имрӯз 4378 ҷуфт либоси мактабӣ харидорӣ ва ба таълимгоҳҳо дастрас карда шуд, ки ин 91 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Мудир, ҳамчунин, дар боби бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, татбиқи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», масоили ҳалталаб, аз қабили иҷро нагардидани барномаҳои давлатии компютеркунонӣ, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳо ва озмоишгоҳҳои фаннӣ ба таври муфассал сухан гуфт.

…Пас аз суҳбат бо мудири шуъбаи маориф роҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи рақами 1-ро пеш гирифтем. Бинои мактаб соли 1950 сохта шудааст. Як бинои иловагӣ соли 1962 ва дигаре соли 2006 бунёд гардидааст. Мактаб барои 470 нафар хонанда сохта шуда, айни ҳол дар он 670 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

-Ҷойи нишаст намерасад,-мегӯяд директори таълимгоҳ Меҳрӣ Гадозода. - Се-чор сол шуд, ки ваъдаи сохтмони мактаби навро медиҳанд, вале то ҳол ба бунёди он шурӯъ накардаанд. Мутаассифона, муассиса кабинети технологияи меҳнат надорад. Норасоии китобҳои дарсӣ ба мушоҳида мерасад. Афсӯс, ки тайи 2-3 соли охир омӯзгорони ҷавон бо имтиёзҳои муқарраргардида таъмин карда намешаванд. Тайи 3 соли охир 16 нафар хонандаи мактаб дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд.

 - Дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» се маротиба озмун гузаронидем дар байни хонандагони мактаб,- мегӯяд М.Гадозода. Ҳафтаҳои фаннӣ дар сатҳи баланд рангину шавқовар роҳандозӣ карда мешаванд. Доир ба омӯзиши усули муносибати босалоҳият ба таълим ҳамаи 34 нафар омӯзгори мактаб ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Бояд гуфт, ки дар назди мактаб интернат амал мекунад, ки дар он 26 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Чунонки ишора шуд, дар ноҳия як муассисаи томактабӣ бо номи «Парасту» амал мекунад. Дар муассиса 110 нафар тарбиятгиранда ба парваришу омӯзиш  фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 6 мураббӣ дар 6 гурӯҳ машғулият мегузаронанд. Мутаассифона, ба гуфти мураббия Тоспочо Давлатова, дар кӯдакистон китобҳои дарсӣ намерасанд. Бозичаю асбобу васоити аёнӣ ҳастанд, вале хеле кам. Мураббияҳо Майлистон Шарифова, Наҷмия Хоҷаева. Давлатпочо Давлатова, Ғунчагул Амирова ва рухшона Валиева машғулиятҳои худро ҷолибу шавқовар  мегузаронанд.

 

Шодӣ Раҷабзод,

Ҳотами Ҳомид,

Душанбе – Тоҷикобод - Душанбе 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш