Нашрияи Омӯзгор

Таърихи илмҳоро бояд омӯхт

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Ҳар як илм таърихи худро дорад, ки баъзан ба ҳодисаю воқеаҳои ҷолиб алоқаманд аст. Таърихи илмҳо бо кашфиёту таҳқиқот, бо фаъолияти шахсиятҳои варзида ва ҳатто бо сиёсати зимомдорони даври муайян ҳамбастагӣ дорад.

Масалан, таърихи дунёи қадимро бе ҳодисоти Юнони қадим, таърихи адабиёти ҷаҳонро берун аз рушди адабиёти бадеӣ дар асри XIX дар Россия, таърихи фалсафаи оламро қатъи назар аз рушди марҳилавии фалсафаи Шарқ омӯхтану таҳқиқ кардан имкон надорад. Ба таърихи илмҳо таваҷҷуҳ кардану онро ба шогирдон дар мавридҳои мувофиқи машғулиятҳо дар мактаб шарҳ додан ба аҳамияти махсус молик аст. Алгебра низ аз илмҳои хеле қадимӣ ва дорои таърихи рангину ғанӣ мебошад. Ин илм бо математика пайванди азалӣ дорад ва як қисми он маҳсуб меёбад. Математика илмест, ки дар марҳилаҳои нахустини фаъолияти инсонҳо дар робита ба зарурати зиндагии онҳо ба шумурдан, чен кардан, андозагирӣ, ҳадсзанӣ, вазнмуқаррарсозӣ ва монанди инҳо арзи ҳастӣ кардаааст. Чун математика ба марҳилаи муайяни рушд мерасад, аз он илми дигаре бо номи алгебра пайдо мешавад. Алгебра маҷмӯъҳои элементҳояшон дилхоҳро, ки дар онҳо амалҳои алгебравӣ иҷро мешаванд, меомӯзад. Ба мавзӯъҳои мавриди баҳси алгебра мафҳумҳои гурӯҳ, ҳалқа, майдон, структураҳо… низ ворид мешаванд. Алгебра, ҳамчунин, муодилаву нобаробариҳои дараҷаҳои якум ва дуюм, ҳолатҳои хусусии муодилаҳои дараҷаҳои олӣ, мафҳуми адад, табдилоти айниятӣ ва масъалаҳои комбинаторикаро меомӯзад ва он қисмати алгебра, ки ба ин масъалаҳо пайванд аст, алгебраи элементарӣ номида мешавад. Илова бар ин, мафҳуми алгебраи олӣ маъмул мебошад, ки он алоқамандӣ бо алгебраи хаттӣ, назарияи гурӯҳҳо, назарияи майдон, ҳалқа, модул, бисёрузваҳо дорад. Дар ташаккули илми алгебра бобулиёни қадим ҳиссагузорӣ кардаанд. Чунончи, Диофант (риёзидони маъруфи аҳди қадим) аввалин аломатҳои ҳарфиро барои ифодаи номаълумиҳои муодила истифода бурдааст. Ин донишманди варзида муодилаҳои дараҷаи якум ва дуюмро ҳал ва муодилаҳои номуайянро таҳқиқ бинмуда, баъзе махсусиятҳои онҳоро таъкиду собит кардааст. Вобаста ба ин, дар таърихи илми алгебра ибораи «муодилаҳои Диофант» машҳур гардидааст.

Олимони риёзидони тоҷик низ дар инкишофи алгебра хизмати шоиста кардаанд. Донишманди маъруф Ал-Хоразмӣ бо рисолааш, ки «Ал-ҷабр – ул- муқобала» ном дорад, шуҳрати ҷаҳонӣ дарёфтааст. Дар ин рисолааш ӯ бори нахуст дар таърихи илм тарзи ҳалли муодилаҳои квадратиро бо коэффитсиентҳои ададӣ нишон додааст. Дар бисёр сарчашмаҳо таъкид шудааст, ки истилоҳи алгебра бо ҳамин асари Ал-Хоразмӣ иртибот дорад, бархоста аз номи асари мазкур мебошад. Яъне чун асари «Ал-ҷабр…» ба лотинӣ тарҷума мешавад, бар заминаи он калимаи «алгебра» арзи ҳастӣ мекунад ва чун номи илм пазируфта мешавад.

Олими дигари тоҷик Абулвафои Бузҷонӣ усулҳои аз решаҳои дараҷаҳои 3,4 ва 5-ум баровардани ададҳоро, ки яке аз масъалаҳои муҳими алгебравист, пешниҳод кардааст. Донишмандони номвари тоҷик Умари Хайём, Алоуддини Қӯшчӣ ва чанде дигар бо таҳқиқоташон дар соҳаи алгебра машҳур гардидаанд…

Минбаъд марҳила ба марҳила илми алгебра дар тамоми дунё густариш ёфтааст ва ҳоло он яке аз илмҳои рушдёфта ва мавриди омӯзиши васеъ маҳсуб меёбад.

 

Писта МУХТОРОВА,

омӯзгори алгебра ва геометрия


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш