Нашрияи Омӯзгор

Сифати таҳсилро баланд бардорем

Сана: 2019-11-21        Дида шуд: 831        Шарҳ: 0

 

Яке аз ҳадафҳои муҳимме, ки дар назди устодону омӯзгорон қарор дорад, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаи таҳсилот мебошад. Аз ҷумла, баланд бардоштани сифати дониши хонандагон аз фанҳои табиатшиносиву дақиқ, забонҳои англисию русӣ ва ҳамчунин, фаъолияти сохторҳои идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои аввалини соҳаи маориф мебошад.

Қобили қайд аст, ки омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Бо мақсади омӯзиши сифати таълиму тарбия мо ба муассисаҳои таълимии №№ 1,4,11,12,14,27,36 ва 52-и шаҳри Кӯлоб ва аз ноҳияи Ш. Шоҳин ба муассисаҳои таълимии №№ 23,42 ва 49 рафтем. Муассисаи таълимии №1 (директораш Н. Ҳайдарова ) яке аз муассисаҳои калонтарини шаҳри Кӯлоб буда, аз соли 1949 инҷониб фаъолият дорад. Соли хониши ҷорӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ пурра азнавсозӣ шудааст. Дар муассиса 2386 нафар хонанда таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 148 нафар омӯзгори соҳибкасб таълим медиҳанд. Дар мактаб кабинетҳои таълимии фанҳои физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ бо 84 компютер, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва маркази рушди кӯдак ташкил карда шудааст. Бо мақсади назорати сифати таҳсилот гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот иборат аз 13 нафар таъсис дода шудааст. Ҳайати гурӯҳ бо роҳбарии омӯзгори соҳибтаҷриба С. Наимова моҳе ду маротиба ҷаласаи худро гузаронида, масъалаҳои муҳими таълиму тарбия ва сифати дониши хонандагонро аз рӯи фанҳои таълимӣ ҳаллу фасл менамоянд. Дар соли 2018 гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот 12 маротиба ва дар соли 2019 2 маротиба тибқи нақшаи корӣ сифати дониши хонандагонро аз рӯи фанҳои математика, забони русӣ, забони хориҷӣ ва химия санҷида, натиҷаҳои онро ба маъмурияти мактаб пешниҳод ва масъалагузорӣ намудааст. Дар маҷмӯъ, сифати таҳсилот 4,8 балро ташкил мекунад. Иштироки хонандагон дар озмунҳои фаннӣ назаррас буда, 3 нафар хонанда аз фанҳои химия, забони хориҷӣ ғолиби озмуни вилоятию ҷумҳуриявӣ гаштаанд. Дар муассисаи таълимии №11 (директораш С. Шомуродов) раванди таълиму тарбия хуб ба роҳ монда шуда, таълимгоҳ яке аз муассисаҳои пешқадам дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор ба шумор меравад. Директори мактаб С. Шомуродов барои пешрафти таълиму тарбия ва баланд бардоштани савияи дониши омӯзгорону хонандагон шароити васеи фаъолиятро муҳайё намудааст. Ин аст, ки дар ҳамкорӣ бо падару модарон ва шахсони саховатпешаю соҳибкорони деҳа тамоми синф-кабинетҳои таълимиро аз нав таъмиру тармим намуда, ба воситаҳои навини техникӣ муҷаҳҳаз гардонидааст. Дар муассиса барои назорати доимии сифати таҳсилот аз ҳисоби омӯзгорони собиқадори пешқадам гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот иборат аз 5 нафар таъсис дода шудааст. Роҳбарии гурӯҳро омӯзгори соҳибкасб З. Раҳмонов ба уҳда дошта, тибқи нақшаи корӣ дар ҳар моҳ ду маротиба санҷиши сифати дониши хонандагонро аз рӯи фанҳои таълимӣ мегузаронад ва натиҷаи санҷишро дар шӯрои омӯзгорони мактаб мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дар соли хониши 2018-2019 гурӯҳи назорати сифати таҳсилот зиёда аз 17 масъалаи рӯзмарраи таълиму тарбияро дида баромадааст. Дар муассисаи таълимии №36 (директораш Р. Иззатов) дар соли таҳсили 2019-2020 788 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 63 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Роҳбарии гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилотро Одинаева Гулрухсор ба уҳда дорад. Директори муассиса Р. Иззатов доир ба фаъолияти кори гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот дар соли таҳсили 2018-2019 ягон ҳуҷҷат (маълумотнома, гузориш, протоколҳо) - и аъзои гурӯҳро нишон дода натавонист. Нақшаи кории гурӯҳ дар соли 2018 аз тарафи директори муассиса тасдиқ шуда бошад ҳам, мутаассифона, фаъолияти аъзои гурӯҳ пурсамар набудааст. Натиҷаи санҷиши баҳои гузоштаи омӯзгорони синфҳои 4а,2а,2в ва 2г аз фанҳои забони модарӣ ва забони русӣ дар синфҳои 4а,2в ва 2г маълум гардид, ки аз шумораи 78 нафар хонандаи синфҳои ибтидоӣ 16 (20%) нафар бо баҳои «5» ,37 (47%) нафар бо баҳои «4» ва 25 (32%) бо баҳо «3» мехонанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ш. Шоҳин сатҳу сифати таҳсилот ва донишандӯзии хонандагон нисбат ба солҳои қаблӣ хеле боло рафта, дар ин ҷода омӯзгорону хонандагон ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд. Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадами омӯзгорон мо ба муассисаҳои таълимии №№ 23, 42 ва 49 рафтем. Муассисаи таълимии №23 (директораш М. Тағоев) дар деҳаи Одинабоӣ Ҷамоати деҳоти Саричашма ҷойгир аст. Дар муассисаи мазкур 200 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 25 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Қобили қайд аст, ки ҷараёни таълим дар муассиса дар як баст қарор дошта, тамоми шароитҳои муосири таълим баҳри хонандагон омода шудааст. Аз маълумотнома бармеояд, ки 39%-и хонандагон бо баҳои миёна мехонанд. Дар маҷмӯъ, сифати таҳсилот 4,2 балро ташкил мекунад. Дар муассисаи таълими №42-и деҳаи Пистамазор 22 нафар омӯзгор ба 254 нафар хонанда таълиму тарбия медиҳанд. Маъмурияти мактаб барои баланд бардоштани дониши касбии омӯзгорон кӯшиш мекунад, ки ҳар як омӯзгори фаннӣ аз курсҳои такмили ихтисос мунтазам гузаранд. Дар соли таҳсили 2018-2019 4 нафар омӯзгор аз курсҳо гузаштанд. 3 нафар омӯзгоре, ки бо маълумоти миёнаи педагогӣ фаъолият мекарданд, ба муассисаҳои олии касбии кишвар дохил гардиданд. Дар соли таҳсили 2018- 2019 гурӯҳи назорати сифати таҳсилот 10 маротиба сифати дониши хонандагонро аз рӯи фанҳои математика, забони русӣ, забони хориҷӣ ва химия санҷида, натиҷаи онро ба маъмурияти мактаб пешниҳод намудааст. Дар маҷмӯъ, сифати таҳсилот 3,8 балро ташкил мекунад. Дар муассисаи таълимии №49 (директораш М. Исоева) бо дастгирии омӯзгорону шахсони саховатпеша кабинети технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат (духтарона ва писарона) суруд ва мусиқиро ташкил намуда, бо воситаҳои техникии муосир муҷҷаҳаз гардонидаанд. Дар мактаб кори маҳфилҳои фаннӣ хуб ба роҳ монда шуда, хонандагон дар маҳфилҳо фаъолона иштирок мекунанд.Иштироки толибилмон дар озмунҳои фаннӣ назаррас буда, 5 нафар хонандаи мактаб аз фанҳои физика, математика, таърих ва забони тоҷикӣ дар вилоят сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш