Соҳаи маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳварӣ ба ҳисоб рафта, дар кишвар ҷиҳати рушду нумӯъ бахшидани соҳа ва ба таҳсил фаро гирифтани хонандагону донишҷӯён корҳои шоиста анҷом дода мешавад. Ҳамин аст, ки сол то сол сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсил баланд гардида, дастовардҳои муҳассилини тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ зиёд ва таваҷҷуҳи насли ҷавон ба омӯзиш бештар гардидааст.
Яке аз иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси квотаи Президентӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола теъдоди зиёди хатм-кунандагон тавассути квотаи Президентӣ ба мактабҳои олии кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Аз соли 1997 инҷониб ҳазорҳо нафар тавассути квота муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурииро хатм намуда, дар пешбурди хоҷагии халқ хидмати босазо анҷом дода истодаанд. Соли равон низ қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ ҷараён гирифт. Дар рафти он аз тарафи масъулини баъзе шаҳру навоҳии кишвар камбудиҳо ба мушоҳида расид. Мувофиқи нишондодҳои нақшаи қабули духтарон ва писарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2019-2020 1319 ҷой (барои духтарон 671 ҷой ва барои писарон 648 ҷой) ҷудо гардидааст. Тақсимоти ҷой вобаста ба минтақаҳо чунин аст: вилояти Хатлон 497 ҷой (254 ҷой барои духтарон ва 243 ҷой барои писарон), вилояти Суғд 302 ҷой (154 ҷой барои духтарон ва 148 ҷой барои писарон), Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 244 ҷой (122 ҷой барои духтарон ва 122 ҷой барои писарон) ва барои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 276 ҷой (141 ҷой барои духтарон ва 135 ҷой барои писарон) ҷудо гардида буд.
Бояд тазаккур дод, ки тайи се соли охир саволномаҳои суҳбати даври ҷумҳуриявӣ (сеюм) бо довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи банди 13-и «Тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва барномаи таълимии дахлдор аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва реҷаи махфият бо таъмини бехатарии иттилоот таҳия гардида, дар лифофаҳои махсус (бастаи эмин маҳкамкардашуда) барои комиссияи ҷумҳуриявӣ манзур мегардад.
Мушоҳида ва таҳлили қабули духтарон ва писарон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар нишон дод, ки дар самти интихоби довталабони баъзе аз ихтисосҳои санъат, фарҳанг, кишоварзӣ, техникию технологӣ, аз ҷумла, санъати мусиқӣ ва хореографияи (писар) Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ҳифзи растанӣ ва карантин, таъмини техникии равандҳои механикӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва занбӯри асалпарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, таълимоти касбӣ (информатика), дизайни компютерӣ, технологияҳои Интернет ва мултимедияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ихтисосҳои марбутаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дар кору фаъолияти шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Мастчоҳ, Данғара, Фархор, Ҷайҳун, Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Лахш норасоиҳо ба чашм расиданд.
Тибқи талаботи банди 9-и “Тартиби баргузорӣ, макон ва вақти баргузории суҳбат бо довталабоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд” мудир (сардор)-и шуъба (раёсат)-и маорифи шаҳру ноҳияҳои дахлдор баъди анҷоми суҳбати ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар асоси протокол ҳуҷҷатҳои довталабро (протоколи суҳбат, қарори Шӯрои омӯзгорони муассисаи таълимӣ, ҳуҷҷат дар бораи хатми муассисаи таълимӣ, маълумотномаи тиббӣ ва ғ.) ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод намояд. Мутаассифона, ин талабот аз тарафи аксарияти мудирон (сардорон)-и шуъба (раёсат)-и маорифи шаҳру ноҳияҳо (Лахш, Тоҷикобод, Ванҷ, Дарвоз, Мурғоб, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ашт, Ҷ. Расулов, Спитамен, Ҷайҳун, Носири Хусрав, Шаҳритус, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Ховалинг ва ғ.) риоя нагардиданд. Дар парвандаҳои довталабони пешниҳодгардида на ҳамаи ҳуҷҷатҳо мавҷуд буданд.
Дар самти пешниҳоди довталабон ба суҳбати даври ҷумҳуриявӣ ва сатҳи сифати таҳсилоти довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешравӣ ба чашм расад ҳам, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии иддае аз шаҳру ноҳияҳо дар баъзе аз ихтисосҳои соҳаҳои омӯзгорӣ, фарҳанг ва санъат довталабоне пешниҳод гардид, ки сатҳи дониши онҳо ба талабот ҷавобгӯ набуд. Баъзе аз довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷамоатҳои деҳоти Қизил-Работ, Бердибай ва Қара-Кули ноҳияи Мурғоб, Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз, Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Қубодиён, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Балҷувон аз рӯи фанҳои алоҳидаи ихтисосҳои интихобкарда дониши паст нишон дода, ба саволҳои тестӣ ҷавоб навишта натавонистанд.
Ҳамасола баъди анҷоми фаъолияти комиссияи ҷумҳуриявӣ аз тарафи довталабон ва волидайни онҳо бо назардошти огоҳ набудан аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабули суҳбат тибқи квотаи Президентӣ ба нишонии вазорат арзу шикоятҳо ворид мегарданд, ки аз тарафи масъулин дар заминаи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавоб гардонида мешавад.
Аз ҷумла, тибқи талаботи банди 25-и “Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар заминаи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №428)” «Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ низ ҳуқуқ доранд, дар суҳбат барои ноил шудан ба квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд». Шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ бар хилофи талаботи мазкур ду нафар донишҷӯи курси якуми коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ (Ишонов Муҳсин, хатмкардаи мактаби №19 ва Сафаров Шоҳрух, хатмкардаи мактаби №10)-ро, ки соли 2018 муассисаҳои таълимиро хатм карда, айни замон донишҷӯ мебошанд, аз суҳбатҳои даври якум (дар сатҳи муассисаи таълимӣ) ва даври дуюм (дар сатҳи ноҳиявӣ) гузаронида, ба даври ҷумҳуриявии довталабони ихтисоси кори табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино роҳхат додааст. Ин ҳолат норизоии волидайни довталабони квотаи Президентиро ба миён оварда, барои баргузории суҳбати даври ҷумҳуриявӣ монеа эҷод намуд. Тааҷҷубовар он аст, ки роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10 ва №19-и ноҳияи Ванҷ ба ҳарду довталаб ҳамчун хатмкунандаи муассисаи таълимӣ роҳхат ва нусхаи қарори Шӯрои педагогӣ додааст. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки аз тарафи кормандони масъули шуъбаи маорифи ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти баргузории даври якум ва дуюм тибқи талабот ба роҳ монда нашудааст. Баъди муайян гардидани ҳолати мазкур довталабони зикргардида ба суҳбати даври ҷумҳуриявӣ роҳ дода нашуданд.
Бо мақсади иҷрои банди 82-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Роштқалъа, Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 11 то 15 сентябри соли 2018 баён доштанд, барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шуғнон 9 ҷой (4 ҷой духтар ва 5 ҷой писар) дар ихтисоси кори табобатии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷудо гардидааст. Пешвои миллат таъкид карда буданд, ки пеши роҳи иштироки фарзандони мансабдор ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу низомӣ дар суҳбат бо довталабони квотаҳои иловагии мазкур гирифта шавад.
Шуъбаи морифи ноҳияи Шуғнон дидаю дониста, бар хилофи талаботи банди 82-и Нақшаи чорабиниҳои зикргардида хатмкардаи соли таҳсили 2017-2018-и литсейи Оғохони шаҳри Хоруғ Акмал Нафасбековро, ки фарзанди ёрдамчии калони Прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, аз суҳбати ноҳиявӣ гузаронида, ба суҳбати даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намудааст, ки норизоии волидайни довталабони ноҳияро ба миён овард. Номбурда ба суҳбати даври ҷумҳуриявӣ роҳ дода нашуд.
Гузашта аз ин, тибқи талаботи банди 14 Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар асоси квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабони дар суҳбати даври ҷумҳуриявӣ ғолибомада бояд то 30 июл ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуҷҷатҳои худро супоранд. Омода намудани ҳуҷҷатҳо ва сафарбар намудани довталабон ба зиммаи мутасаддиёни шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вогузор шудааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки талаботи мазкур аз тарафи масъулини шаҳру ноҳияҳои Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Сангвор, Лахш, Тоҷикобод, Дарвоз, Мурғоб, Фархор, Носири Хусрав, Ҷайҳун иҷро нагардидааст. Бо назардошти дар муҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои довталабони шаҳру ноҳияҳои зикргардида ба комиссияи қабули Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб боиси муроҷиати раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки ин бемасъулиятии мутасаддиёни шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро нишон медиҳад.
Солҳои охир дар муҳлатҳои муқарраргардида ҳозир нашудани довталабони аз суҳбати даври ҷумҳуриявӣ гузашта ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба мушоҳида мерасад.
Аз ҷумла, аз 1319 нафар довталаби тибқи суҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шомил гардида, 17 нафар (7 нафар духтар ва 10 нафар писар) дар муҳлатҳои муқаррарнамуда ба муассисиҳои таълимӣ ҳозир нашудаанд.
Гарчанде бо мақсадаи ҳозир шудани онҳо ба муассисаҳои таълимӣ аз тарафи раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ва садорати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо мактуб ирсол гардида бошад ҳам, масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани онҳо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Бояд тазаккур дод, ки тайи солҳои охир бо мақсади ҷалби донишҷӯёни минтақаҳои кишвар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ писарони болаёқат ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дохил мегарданд. Айни замон, дар донишгоҳи зикргардида 400 нафар духтарону писарони тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида таҳсил карда истодаанд, ки аз ин 247 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 88 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон, 34 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Суғд ва 31 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои тобеи марказ мебошанд. Донишҷӯёни тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муассисаи таълимӣ таҳсилкунанда бо хобгоҳ таъмин мебошанд. Хуб мешуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо аз вазъи таълиму тарбияи донишҷӯён бохабар шуда, аз рӯи имкон аз лиҳози моддию маънавӣ онҳоро дастгирӣ намоянд.
Сафарбой САМАТОВ,
сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Насриддин ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр